Медалборони гуштигирони тоҷик дар Сеул

Акмалиддин Каримов, ғолиби мусобиқа.

Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаҳои самбои варзишӣ ва размӣ дар Сеул дар маҷмӯъ 31 медал ба даст оварданд.
Мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ миёни наврасону ҷавонон (писарону духтарон) ва бузургсолон (мардону занон) дар ду навъи гуштӣ - самбои варзишӣ ва самбои размӣ рӯзҳои 1-2-юми июн баргузор шуд.

Гуштигирони тоҷик дар сабқати мардон 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ва дар сабқати занон низ 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гирифтанд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Навгониҳои варзишии 3 июн



Дар сабқати мардон Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг бо медали тилло мукофотонида шуд. Аъзамҷон Зайналобиддин дар вазни то 82 кг ва Фурқат Назриев дар вазни то 100 кг бо медалҳои нуқра, Акмал Мирзобоқӣ дар вазни то 52 кг, Деваштич Ҳабибов дар вазни то 68 кг ва Акрамҷон Содиров дар вазни то 74 кг бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар сабқати занон Дилбархон Султонова дар вазни то 72 кг медали тилло ба даст овард. Ойзода Шалапова дар вазни то 48 кг ва Муҳаббат Нодирматова дар вазни то 64 кг медалҳои нуқра, Фирӯза Ашӯрова дар вазни то 56 кг, Зарина Одилова дар вазни то 68 кг ва Мадина Шамсиева дар вазни беш аз 80 кг соҳибони медалҳои биринҷӣ шуданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба самбо
Сеул, Кореяи Ҷанубӣ, 1-2 июни соли 2013

Занон
48 кг
1. Анора Ҷумалӣ Кузӣ (Қазоқистон)
2. Ойзода Шалапова (Тоҷикистон)
3. Равшан Ускимбоева (Қазоқистон) ва Ҳа Мин Ҷанг (Корея)
52 кг
1. Гавҳар Турманхонова (Қазоқистон)
2. Анора Ҷумалӣ Қизӣ (Қирғизистон)
3. Шимпӣ Затнадифдикамолакар (Ҳиндустон) ва Гун Ҷон Пайк (Kорея)
56 кг
1. Динара Зумбоева (Қазоқистон)
2. Фангфанг Чен (Чин)
3. Нилуфар Авилова (Қирғизистон) ва Фирӯза Ашӯрова (Tоҷикистон)
60 кг
1. Диана Садвокасова (Қазоқистон)
2. Номин Эрденечимег (Mуғулистон)
3. Задра Адирова (Қирғизистон) ва Онкар Бҳагяшри Вондӣ (Ҳиндустон)
64 кг
1. Раиса Вайлиева (Қазоқистон)
2. Муҳаббат Нодирматова (Tоҷикистон)
3. Вин Ли (Kорея)
68 кг
1. Дилдош Куршбоева (Қазоқистон)
2. Қундуз Бердӣ Қизӣ (Қирғизистон)
3. Зарина Одилова (Tоҷикистон)
72 кг
1. Дилбархон Султонова (Tоҷикистон)
2. Илзат Абилаш Қизӣ (Қирғизистон)
3. Канг Ма (Чин) ва Оглалхон Ангурова (Қазоқистон)
80 кг
1. Алия Ҷикибоева (Қазоқистон)
2. Аралим Мирзанова (Қирғизистон)
3. Хин Лин (Чин)
+80 кг
1. Я-Чун Янг (Чин)
2. Нургайиша Нуртаева (Қазоқистон)
3. ТуменҷаргалҶууз (Қирғизистон) ва Мадина Шамсиева (Tоҷикистон)
Мардон
52 кг
1. Беимбет Канзанов (Қазоқистон)
2. Сухчулуун Зоригт (Mуғулистон)
3. Мягмарҷав Чулунбаатар (Tайван) ва Акмал Мирзобоқӣ (Tоҷикистон)
57 кг
1. Акмалиддин Каримов (Tоҷикистон)
2. Асхат Шайхиев (Қазоқистон
3. Ҷун Боуг Ким (Kорея) ва Мунхбат Байарсайхан (Mуғулистон)
62 кг
1. Азамат Шайхӣ (Қазоқистон)
2. Илимен Қосимбоев (Қирғизистон)
3. Атсуто Танака (Ҷопон)
68 кг
1. Арман Сасенбин (Қазоқистон)
2. Ёдгор Зарқибол Улу (Қирғизистон)
3. Иш Тзеден Раханҷав (Mуғулистон) ва Деваштич Ҳабибов (Tоҷикистон)
74 кг
1. Ойбек Габдишов (Қирғизистон)
2. Урматмам Мамбетзан Улу (Қирғизистон)
3. Акрамҷон Содиров (Tоҷикистон) ва Инхволд Далай (Mуғулистон)
82 кг
1. Азамат Қипчоқбоев (Қазоқистон)
2. Аъзамҷон Зайналобиддин (Tоҷикистон)
3. Сия Ҳоҷо (Ҷопон) ва Челл Ҳюн Чо (Kорея)
90 кг
1. Анхбаатар Регдел (Mуғулистон)
2. Нишонбой Худойбергенов (Қазоқистон)
3. Асилбек Умедалиев (Қирғизистон)
100 кг
1. Эрдин Батбаяар (Mуғулистон)
2. Фурқат Назриев (Tоҷикистон)
3. Ҷун Сунг Ҳонг (Kорея) ва Даурен Ессимхонов (Қазоқистон)
+100 кг
1. Беҳном Ҳудудӣ (Эрон)
2. Ёшитсуни Кинҷо (Ҷопон)
3. Самад Рисбеков (Қазоқистон) ва Ёнг Ким (Kорея)

Дар сабқати ҷавонон се паҳлавони тоҷик - Хушқадам Хисравов (57 кг), Нозим Охиров (62 кг) ва Зафар Олимшоев (82 кг) бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Сафарбеки Ҳукумалӣ (52 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (90 кг) медалҳои нуқра гирифтанд. Ҳабибулло Асадуллоев (82 кг) ва Исмоил Ҳабибуллоев (74 кг) барандагони медалҳи биринҷӣ гардиданд.

Дар сабқати наврасон Ҷомӣ Ҳасан (48 кг), Суруш Каримов (75 кг), Комрон Карликов (81 кг) ва Салимбек Салимбеков (+87 кг) медалҳои тилло ба даст оварданд. Некрӯз Камолов (81 кг) бо медали нуқра сарфароз гашт. Беҳрӯз Хоҷазода (52 кг), Муҳаммадиқбол Мирзоев (56 кг), Қурбоналӣ Саид (60 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (65 кг), Умархон Баҳодуров (70 кг) ва Исфандиёри Хайриддин (87 кг) бо медалҳои биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.

Инчунин дар сабқати самбои размӣ паҳлавони тоҷик Шӯҳрат Олимов дар вазни то 82 кг мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.
Ҳамин тариқ, гуштигирони тоҷик дар Сеул ҳамагӣ 31 медал (9 тилло, 7 нуқра ва 15 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ёдовар мешавем, ки паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбои варзишӣ дар пойтахти Узбакистон - шаҳри Тошканд 22 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 12 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.


Дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон Маҳмуди Абдуллоҳ (дар қатори аввал аз чап 6-ум)

Дар шаҳри Сеул, инчунин, кунгураи Федеросиюни самбои Осиё баргузор шуд, ки дар он Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ, ширкат дошт.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоҳ дар ин кунгура масъалаи ба узвияти созмони қитъавӣ пазируфтани чунин кишварҳо, ба мисли Шри-Ланка, Сингапур, Ҳиндустон, Эрон, Тайван, Чин баррасӣ шуд. Кунгура тасмим гирифт, ки ин кишварҳо дар мавриди пешниҳоди ҳамаи маводи зарурӣ дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба узвияти Федеросиюни самбои Осиё пазируфта хоҳанд шуд.

Инчунин вакилони кунгура тақвими пешакии мусобиқоти қитъавиро барои чаҳор соли наздик тасдиқ карданд. Бар асоси ин тақвим мусобиқаи имсолаи байналмилалии дараҷаи “А” ба хотираи ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов рӯзҳои 6-9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.