Тӯйи арӯсии Ситора, як сокини ҷавони пойтахт баъзе наздикону ҳамсояҳояшро ба ҳайрат овардааст.
Ситора ва Алишер натанҳо ба воситаи Интернет шинос шуданд, балки тӯйи онҳо низ ба таври виртуалӣ ва ба воситаи интернет ба вуқӯъ пайваст. Арӯс дар Душанбе ва домод дар Амрико.
Шаҳноза, яке аз наздикони Ситора дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби аслии баргузории чунин издивоҷ ин буд, ки домодшаванда дар Амрико таҳсил мекард ва то анҷоми таҳсил муддати чаҳор сол наметавонист ба Тоҷикистон биёяд. Шаҳноза мегӯяд, вақте Алишеру Ситора бо ҳам аҳд карданд, ки хонадор мешаванд ва тӯйро бе иштироки домодшанда барпо карда, баъдан арӯсро ба Амрико мефиристанд, инро волидони ҳарду ҷониб қабул карданд.
«Ҳарчанд домод дар Тоҷикистон набуд, аммо маросими шабнишинии арӯс баргузор гардид бо иштироки хешовандону наздиконаш ва ҳамчунин дар ин базм хонаводаи домодшаванда низ ширкат доштанд. Никоҳ аз тариқи шабакаи интернетии «Skype» cурат гирифт. Хостгорӣ ва дигар маросимҳои баргузории издивоҷи ин ду ҷавон харҷи бисёр надошт. Чунки ҳатто худи модари Ситора ҳам мегуфт, ки вақте шунидааст, ки духтараш бо ин писар мақсади баргузории тӯйро доранд, ба хостгорҳо бе ягон чунучаро розӣ шудаанд. Вақте ки арӯс ба Амрико рафт, домодшаванда барои дӯстони амрикоияш низ тӯйи тоҷикона барпо кард,» - мегӯяд Шаҳноза.
Ин арӯсии ғайриодӣ байте аз як таронаи овозхони эронӣ Ниморо ба ёд меорад, ки мехонд:
Ишқ шуда интернетӣ, имайлӣ,
Маҷнун шишта, чат мекунад бо Лайлӣ.
Дар ин авохир ин издивоҷи якум дар Тоҷикистон нест, ки шаҳу арӯс ҳамдигарро тавассути Интернет пайдо мекунанд ва арӯсу домод аз ҳам дур оила бунёд мекунанд. Ҳарчанд муҳоҷирати корӣ, афзоиши талоқ ва камшумории мардҳо нисбат ба занҳо дар замони ҷаҳонишавӣ тағйиреро дар ҷодаи интихоби ҳамсар ва куллан шеваи издивоҷ ба миён овардааст, аммо на ҳама ҷавонон тарафдори шеваҳои нави издивоҷанд.
Шамсуддин, як ҳамсӯҳбати мо, ки тасмими хонадоршавиро дар тобистони соли равон дорад, гуфт, ба хотири ҷаҳонишавӣ набояд мо аз расму оинҳои худ даст кашем ва ба шеваҳои нав, ба хусус «бо Интернет» издивоҷ бикунем.
«Намешавад глаболизация гуфта, бо Интернет ҳамсар интихоб бикунем, ё ҷавонҳо замона дигар шудааст гуфта, бо телефон ҳамсари худро талоқ диҳанд. Ва ё ин ки духтар бисёр аст гуфта, хоҳару модари мову шумо ин қадар беқадр бошад. Мо набояд ба Аврупо тақлид кунем, мо аврупоӣ нестем. Мо тоҷикем ва бояд интихоби ҳамсар барои мисли хариди матоъ дар бозор набошад,» - мегӯяд Шамсиддин.
Ҷомеашиносон мегӯянд, ҳарчанд дар гузашта мардуми тоҷик маъмулан фарзандонро бо тӯю сур ва дар ҳузури ба истилоҳ дӯстони наздикашон хонадор мекарданд, аммо дигаргуниҳое дар шеваи баргузории издивоҷи ҷавонон ба миён омада, бархе чунин анъанаҳоро шикастааст. Ин омилҳоро таҳлилгарон ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, муҳоҷирати корӣ, афзоиши талоқ ва омезишҳои фарҳангӣ марбут медонанд, ки қисмеаш аз Ғарб ворид шудаанд.
Рӯҳуллоҳ Ҷӯрабоев, мардумшиноси тоҷик, мегӯяд, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боиси тағйирёбии ҳаёти ҷинсӣ ва вайрон шудани низоми акди никоҳ гардида, бархе расму анъанаҳои тоҷикона ба гӯшаи фаромушӣ рафтанд. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳарчанд дар гузашта хонаводае барои ба шавҳар додани духтараш «қалин» талаб мекард, аммо навигариҳое, ки дар чодаи интихоби ҳамсар ва шеваи издивоҷ ба миён омадаанд, ҳатто онро хам қариб аз байн бурдааст. Ва имрӯз кам касест, ки "қалин" талаб кунад.
Ба гуфтаи ин мардумшинос, афзоиши муҳоҷирати ҷавонон ба хориҷи кишвар баъд аз солҳои навадум, боиси афзудани шумори духтароне шуд, ки шавҳар ёфта наметавонанд ва дар забони мардум "пирдухтар" мешаванд. Ҷӯрабоев гуфт, ҳарчанд тибқи оморҳои расмӣ, афзудани теъдоди издивоҷ бо камтарин харҷ ва шеваҳои муосир ба мушоҳида мерасад, аммо ин ба афзоиши талоқ низ сабаб шудааст: «Дар Тоҷикистон то замони истиқлолият фарҳанги бисёрзанӣ хеле кам буд. Аммо ҳоло ин раванд ба қавле мӯд шудааст. Дар ҳоле, тибқи оморҳои расмӣ шумори занон камтар аз мардон ном бурда мешавад, аммо чунин нест. Аксарияти мардони мо дар Русияанд. Аз ин ҳолат бархе мардон истифода мекунанд ва чанд зан мегиранд. Албатта, ин ҳам як падидаи кӯтоҳмуддат аст ва онро намешавад шеваи муосири издивоҷ номид.»
Сайрамбӣ Ғуломова - модари 6 фарзанд, ки 55 сол дорад, мегӯяд, замоне шудааст, ки ҳатто ба духтардорҳо 500 ё 600 доллар, ки муодили то се ҳазор сомонист, қалин гуфта медиҳанду бо ҳамин духтарро мебаранд. Аммо ба бовари ин зани таҷрибадор, бархе шеваҳои издивоҷи муосир боиси дастгирист. Вай бо ишора ба афзоиши духтарони бешавҳар мегӯяд, бояд бо камтарин ҷиҳоз волидон ба издивоҷи фарзандонашон монеа нашаванд.
Ожонси омори Тоҷикистон теъдодии умумии занҳоро дар кишвар 3 865 000 ҳисоб карда, мегӯяд, ки занон 49,5 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Ва тибқи омори расмӣ, ба 1000 зан дар кишвар 1019 мард рост меояд.
Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографии Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар давоми соли 2013 24 ҳазор чуфти ҷавон ақди никоҳ баста, ҳудуди 2 ҳазор оила баръакс аз ҳам пошидааст. Аммо созмонҳои ғайридавлатӣ ин рақамро бамаротиб бештар мешуморанд.