Бархе аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон аз шеваи баргузории нахустин мунозираи телевизионӣ эътироз карданд.
Дар ин мунозира Ҳасан Руҳонӣ, Саид Ҷалилӣ, Муҳаммадризо Ориф, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Муҳаммад Боқир Қолибоф, Муҳаммад Ғаразӣ, Алиакбар Вилоятӣ ва Муҳсин Ризоӣ ҳузур доштанд.
Ин барнома, ки аз суолу ҷавоб ба якдигар иборат буд, барои ҷавоб ба ҳар суол ба номзад 90 сония вақт медод. Қисмати авали ин мубоҳиса ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз қабили фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, нархҳои қобили қабул барои хона ва роҳҳои мубориза бо бекории густаришёфта ва таварруми пул ихтисос дошт.
Дар бахши дувуми мунозира Муҳаммадризо Ориф, Муҳсин Ризоӣ ва Ҳасан Руҳонӣ нисбат ба навъи суолҳо ва шеваи матраҳ кардани онҳо эътироз карданд, вале муҷрии ин барнома гуфтааст, ки пурсишҳо на ба ҳадафи санҷиши маълумоти номзадҳо, балки амалкардҳои давлатҳои онҳо ба мавзуъҳои калони иқтисодӣ матраҳ мешавад. Ӯ гуфт, номзадҳо метавонанд бигӯянд, ки суол нодуруст аст, ё посух надиҳанд ва ё агар тасмими посух гуфтан дошта бошанд, танҳо бо як калима ҷавоб бигӯянд.
Нахуст эътироз аз сӯи Муҳаммадризо Ориф иброз шуд ва гуфт: «Ин шевае, ки баргузор шуд, дар шаъни ҳашт номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ нест. Магар мо дар чӣ конкуре ва дар чӣ озмуне мехоҳем ширкат кунем?»
Муҳсин Ризоӣ низ гуфт: «Ҳарфҳои такрорӣ, ин аҷала, як дақиқа, ду дақиқа, се дақиқа бихоҳем ба пурсишҳо ҷавоб бидиҳем, ҳам ба мардум осеб мезанад ва ҳам тавҳин ба ҳашт номзад аст".
Ҳасан Руҳонӣ низ муътаризона гуфт: «Сабки шумо сабке аст, ки ба ақидаи ман мардум онро аз тарафи Садо ва Симо тавҳиномез медонанд.»
Муҳаммадризо Ориф, дар гуфтугӯ бо торнамои "Khabar online" аз ин, ки номзадҳои дар эътироз ба ин шева бо ӯ ҳамроҳ нашуданд ибрози таассуф кард ва гуфт, ки умедвор аст дар ин шеваи кор бознигарӣ шавад. Муҳсин Ризоӣ низ дар гуфтугӯ бо пойгоҳи иттилоърасонии ситоди интихоботиаш гуфтааст, ки мунозираи рӯзи ҷумъа "дар шаъни мардуми Эрон ва номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ набуд". Оқои Ризоӣ гуфтааст, ки дар ҳоли баррасии ширкат кардан ё накардан дар мунозираи баъдӣ аст.
Телевизиони давлатии Эрон гуфтааст, ки бинобар зиёд будани шумораи номзадҳо, имкон ва замони лозим барои барои баргузории мунозираҳои дутарафа надорад. Мунозирае, ки Садо ва Симо рӯзи ҷумъа барои ҳашт номзад тартиб дода буд, бисёр монанд ба мусобиқоти телевизионӣ буд. Илова бар пурсишҳо, тасовире пахш мешуд ва номзадҳо бояд бардошти худро аз он тасвирҳо баён мекарданд.
Дар интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон, ки дар таърихи 14-уми июни соли равон баргузор мешавад, 8 номзад бо ҳам рақобат хоҳанд кард.