Дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 90 ноболиғ ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе оварда шудаанд, ки бештари онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд.
Масъулони ин марказ мегӯянд, дар ҳамин муддат 16 ноболиғи дигар бо талошҳои вазорат аз хориҷ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Тазод дар ин аст, ки агар рабуда шудани кӯдакон сарусадои зиёд ба миён меорад, фирори ноболиғон ва ҳам ронда шудани онҳо аз хонаводаҳо камтар мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.
Нуқра Иброҳимова, нозири бахши ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «аз ҷумла 3 нафар аз муассисаи давлатии иҷтимоии ноболиғони шаҳри Маскав, ҳафт нафар аз муассисаи давлатии иҷтимоии ноболиғони шаҳри Санкт-Петербург, як нафар аз шаҳри Самара ва чаҳор тифли навзод, ки дар шаҳрҳои мухталифи Россия бепадару модар монданд оварда, ба хонаи кӯдакон раҳсипор карданд.»
Ҳамзамон Нуқра Иброҳимова таъкид кард, ки муддати чор моҳи соли ҷорӣ ба сабаби надоштани ҷойи зисти доимӣ ва майзада будани волидайн, як ноболиғ ба мактаб-итернат ва ду нафари дигар ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ интиқол дода шуданд.
Аз кӯчаву бозор ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи вазорати корҳои дохилӣ ҷамъ овардани кӯдакону ноболиғон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дар робита ба ҳодисаи ахири гум шудани Малика ва Сабинаи хурдсол дар шаҳри Душанбе, таъмини амнияти кӯдакон ба як мавзӯи доғ табдил ёфтааст.
Аммо сабабҳои фирор аз хона ва рӯ ба кӯчаву бозор ва ҳатто муҳоҷират овардани кӯдакон аз сӯи мутахассисону соҳибназарон мухталиф арзёбӣ мешавад. Комил Арешов, раҳбари созмони хайриявии «Дасти ёрӣ» дар шаҳри Душанбе мушкилоти фаровони зиндагиро яке аз сабабҳои асосии фирори кӯдакон аз хона ва ҳамин тавр мавориди гум шудани онҳо медонад.
Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе хонаводаҳо байни зану шавҳар муноқишаву ихтилоф ба андозае зиёд аст, ки кӯдакон ба чунин вазъ тоқат намекунанд ва рӯ гурез мениҳанд. Раҳбари созмони «Дасти ёрӣ» мегӯяд, «вақте дар кӯчаву бозор ба кӯдакону наврасон рӯ ба рӯ шуда ва сабаби аз хона гурехтанашонро мепурсӣ, онҳо дар посух аксаран иқрор мекунанд, ки «дар оила одами зиёдатӣ буданд».
Албатта Комил Арешов вазъи бади иқтисодии бархе аз оилаҳоро низ сабаби тарки манзил кардани кӯдакон ва дар ниҳоят гум шудани онҳо меҳисобад. Аз сӯи дигар раҳбари созмони «Дасти ёрӣ» бар ин аст, ки рабуда шудани кӯдакон низ кам иттифоқ намеафтад, зеро таваҷҷуҳ ба таъмини амнияти кӯдакон дар кишвар нисбат хеле кам аст:
«Чандин оиларо медонем, ки барои кӯмак кардан ба кӯдакҳояшон ба милитсия муроҷиат мекунанд, ки онҳоро ин тарафу он тараф равон карда, оқибат корашон бенатиҷа мемонад. Онҳоро «футбол» мекунанд. Вақте мушкил ҳалношуда мемонад, чӣ тавр метавон гуфт, амнияти кӯдакон таъмин аст. Боз махсусан дар ҳоле, ки рафтори баъзе корманди милитсия мисли авбошҳост. Солҳои Шӯравӣ мо аз милиса тамоман наметарсидем, ҳоло бошад ҳама аз онҳо мегурезанд.»
Аммо Тоҷиддин Ҷалолов, раҳбари созмони иҷтимоии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» бо он ки мавзӯи таъмини амнияти кӯдакон дар кишварро калидӣ медонад, аммо мегӯяд, маҳз камбуди мутахассисони соҳаи ҳифзи кӯдак сабаби ба таври бояду шояд таъмин набудани амнияти онҳост.
Зеро ба иддаои ҷаноби Ҷалолов, дар як ноҳия ҳамагӣ панҷ ё шаш нафар дар ин самт кор мекунад, ки наметавонад ба таъмини амнияти ҳама кӯдакон мусоидат намояд ва танҳо бо баргузории рейдҳо наметавон мушкилро ҳал кард: «Ноболиғе, ки бо ҳолатҳои гуногун ҷинояте содир кунад ё ҳуқуқвайронкунӣ кунад, аз тарафи ҷомеа ҳамчун шахси нодаркор ба ҳисоб меравад. Ба наздикӣ ба назди мо падару модаре омаданд, ки писаронашон аз тарафи кормандони милитсия дастгир шудаанд маъмурияти мактабе, ки бачаҳо мехонанд, то муайян шудани сабаби боздошт наистода, ноболиғонро аз мактаб пеш кардаанд.»
Дар ҳамин ҳол Баҳодур Саидов, як масъули матбуотии Хадамоти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон, муатааллиқ ба Вазорати корҳои дохилӣ бар ин аст, ки маъмурони интизомӣ кӯдакеро бидуни асос дастгир намекунанд. Ба гуфтаи вай, ҳангоми баргузории рейдҳои муштарак он ноболиғоне, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд, ҳатман ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳ оварда, пас аз муайян кардани шахсияташон дар ҳузури падару модаронашон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда ва онҳоро ҷавоб медиҳанд:
«Вақте боздошт мешаванду ба қабулгоҳ тавҳилгоҳ оварда мешавад, баъзеяшон падару модар надоранд. Ё дар муҳоҷирати меҳнатиянд ва фарзанд дар ихтиёри хешу табор аст, ки онҳо мегӯянд мо нигоҳ карда наметавонем. Ҳукумат онҳоро дастгирӣ мекунад. Духтаронро ба «Чароғи ҳидоят» мебаранд ва писаронро ба мактабҳои махсус.»
Албатта, беназоратӣ аз сӯи волидайн низ сабаби фирору гум шудани кӯдакон дониста мешавад, вале аксари сокинон боз ҳам масъалаи таъмини амнияти онҳоро матраҳ мекунанд. Мисоли рӯшан он аст, ки Наргис, як сокини ноҳияи Ёвон гуфт, дар деҳаи ҳамсояаашон кӯдакро аз дасти модараш рабуданд ва як кӯдаки якунимсолаи дигарро кормандони милиса дар яке аз дидбонгоҳҳои ноҳия аз дасти «кӯдакдуздон» раҳо кардаанд.
Ба ин далел Наргис мегӯяд, чунин сару садоҳо фазои тарсу ҳаросро эҷод кардааст, Вай гуфт, «хонаамонда соати 4:00-и шаб занг омад, ки мо скорые помош (ёрии таъҷилӣ) ҳастем, дарро кушоед. Мо аз тарс дарро накушодем. Ҳамсояҳо низ аз ин чиз чандин бор шикоят кардаанд.»
Бино бар омори расмӣ, танҳо дар шаш моҳи охир, беш аз 50 духтари ноболиғ гум шудааст, ки 70 дарсади онҳо наврасони 14 то 20 солаанд.
Нуқра Иброҳимова, нозири бахши ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «аз ҷумла 3 нафар аз муассисаи давлатии иҷтимоии ноболиғони шаҳри Маскав, ҳафт нафар аз муассисаи давлатии иҷтимоии ноболиғони шаҳри Санкт-Петербург, як нафар аз шаҳри Самара ва чаҳор тифли навзод, ки дар шаҳрҳои мухталифи Россия бепадару модар монданд оварда, ба хонаи кӯдакон раҳсипор карданд.»
Аз кӯчаву бозор ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи вазорати корҳои дохилӣ ҷамъ овардани кӯдакону ноболиғон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки дар робита ба ҳодисаи ахири гум шудани Малика ва Сабинаи хурдсол дар шаҳри Душанбе, таъмини амнияти кӯдакон ба як мавзӯи доғ табдил ёфтааст.
Аммо сабабҳои фирор аз хона ва рӯ ба кӯчаву бозор ва ҳатто муҳоҷират овардани кӯдакон аз сӯи мутахассисону соҳибназарон мухталиф арзёбӣ мешавад. Комил Арешов, раҳбари созмони хайриявии «Дасти ёрӣ» дар шаҳри Душанбе мушкилоти фаровони зиндагиро яке аз сабабҳои асосии фирори кӯдакон аз хона ва ҳамин тавр мавориди гум шудани онҳо медонад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад