Нашриёти «Логос»-и Хоруғ ба истиқболи солгарди 90-уми таъсиси ноҳияи Шуғнон китоби « Нигоҳе ба таърихи қадими Шуғнон»-ро нашр кард.
Муаллифи китоб Сафарбеки Қурбонбек дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки кӯшишҳои дар қолаби сиёсӣ ғунҷондани таърих сабаб шудааст, ки вай рӯ ба таҳқиқи таърихи Шуғнон биорад.
Озодӣ: Сафарбек, чанде пеш 2700-солагии Кӯлобу 2500-солагии Истаравшанро ҷашнг гирифтанд. Ҳоло ба таҷлили 3000- солагии Ҳисор омодагӣ мегиранд. Аммо Шуғнон чандсола аст?
Сафарбеки Қурбонбек: "Аввалин мадракҳо дар бораи Хухнун (Шуғнон) ва халқи хуғнӣ (шуғнӣ), ки ба шакли мухтасари хуннҳо ва давлаташон ба номи Хунну дар таърих боқӣ мондааст, дар сарчашмаҳои чинӣ дар соли 1764 пеш аз милод ёд мешаванд. Бори дуюм хуннҳо дар соли 1200 пеш аз милод ҳангоми аз ҷануб ба шимол бурида гузаштани биёбони Гобӣ сабт шудааанд. Дар ин ҷо бояд таъкид кард, ки таърихшинос Дегин бо такя ба таърихнависи чинӣ Сима Сян чунин мешуморад, ки соли 1200 пеш аз милод бояд соли таъсиси шоҳигарии хуннҳо ба ҳисоб гирифта шавад. (Л.Н.Гумилёв «Хунну», саҳ 35) . Хуннҳо ба тадриҷ зиёд гардида, ба Сибир кӯч мебанданд ва дар расми рӯи санг киштии онҳо тасвир гардидааст, ки бо он саравлодони хуннҳо аз баҳри регии биёбони Гобӣ гузаштаанд. Аввалин шеъре, ки дар он хуннҳо ёдоварӣ мешаванд, ба соли 822 пеш аз милод рост меояд. Дар «Китоби шеърҳо» дар бораи ҳуҷуми хуннҳо ба Чин чунин омадааст:
Дар моҳи шашум чӣ даҳшат.
Дучархаҳои ҷангӣ омодаанд баҳри ҷанг.
Чор асп бастаанд ба ҳар дучарха
Омодаи ҷанганд. чи хеле ки доимо омодаанд.
Хуннҳо бераҳмона гузаштанд ба ҳуҷум
Мо ҳам бояд тез гузарем ба ҳуҷум
Баҳри он ки тез озод намоем пойтахтро
Шоҳ фармон дод баҳри ҳуҷум…
Аз ин бармеояд, ки аввалин ахбо дар бораи хухниҳо (хуннҳо) 3777 сол пеш дар сарчашмаҳои таърихӣ қайд гардидааст."
Озодӣ: Бархе аз муҳаққиқон маъно вожаи Шуғнонро модари зебо донистаанд, вале Шумо ақида доред, ки ин вожа ҳаммаънои давлати як вақтҳо абарқудрати хуннҳост?
Сафарбеки Қурбонбек: "Аз тарафи ҳар халқ бо лаҳни худ талаффуз кардани калимаи душворталафузи «хухнӯн» (хунну) дар мавриди халқ ва таърихи хуну душворӣ пеш овардааст. Масалан, аз тарафи ҳиндуҳо – «хуно, хуна», аз тарафи бохтариҳо ва форсҳо – «хийона», «хиёниён», аз тарафи юнониҳо ва румиҳо – «хион», «хионит», аз тарафи муғулҳо – «хунну», аз тарафи чиниҳо «сюнну», аз тарафи урупоиҳо – «гунн», талаффуз мешавад. Дар китоби қадимаи ориёиҳо «Ёдгори Зарирон» ба шакли «хиюнон» омадааст, ки ба шакли ҳозираи «хухнӯн» иртиботи наздиктаре дорад. Сарчашмаҳои арабӣ хуннҳоро бо хато турк меноманд.Баъди шикаст хӯрдани намояндагони охирини хуннҳо, хионитҳо, эфталитҳо (ҳайтолиҳо) ва камшумор мондани онҳо бо номи «шуғнӣ» ва мулки онҳо бо номи Шуғнон дар китоби оламшумули Фирдавсӣ «Шоҳнома» ва ба шакли Шикинан ва Шикин, Шинӣ дар ахбори арабӣ ва форсӣ ёд мешавад.
Кашониву Шуғниву Чиниву Ҳинд,
Сипоҳе зи Чин то ба дарёи Синд.
ва ё:
Шамирони шуғнӣ сарфарозони даҳр,
Пароканда бар найзаву теғ заҳр.
Дигар халқҳо ин калимаро дар шакли хунун талафуз мекунанд. Дар талафузи чиниҳо ҳарфи «н» - и охири калима афтида, калимаи «хуну» боқӣ мондааст."
Озодӣ: Шумо бар ин боваред, ки хуннҳо дар баробари кушониён дар этногенезиси халқи тоҷик нақши ҳалкунанда бозӣ кардаанд. Аммо чӣ монандӣ ва фарқияте байни хуннҳо ва кушониён мебинед?
Сафарбеки Қурбонбек: "Лев Гумилёв дар китоби «Хунну» мегӯяд, хуннҳо ва йуҷиҳо (кушониҳо) асрҳои се ва дуи пеш аз милод дар ҳамсоягии якдигар дар даштҳои Қазоқистон ва Сибири Шарқӣ зиндагӣ мекарданд, йуҷиҳо ғарбтари хуннҳо зиндагӣ мекарданд ва дар байнашон ҷанги дуру дарозе давом дошт. Иқтибосеро аз ҷанги ин ду қабилаи ориёӣ, аз китоби «Хунну» мебиёрем. «Дар ин ҷо тақдири Осиё ҳал мешуд, ҷанги ин ду халқи ориёӣ ба он оварда расонд, ки ду ҳазор сол нажоди муғулӣ дар Осиёву Урупо бартарӣ пайдо кард. Соли 165 пеш аз милод йуҷиҳо бо боқимондаи халқи худ аз Сирдарё гузашта, дар наздикии Амударё бо мардуми Юнону Бохтар бархӯрданд ва йуҷиҳо бе мушкилӣ давлати Юнону Бохтарро торумор карда, муқими Осиёи Миёна гардиданд. Ба бовари таърихшинос Маркварт, баъди он ки хионитҳо аз тарафи сарлашкари Эрон Баҳроми Гӯр дар доманаҳои Марви Хуросон шикаст дода мешаванд, баъди ин волии Хуросон номи «марзбони Кушон»-ро гирифт, ки ин як халқият будани онҳоро нишон медиҳад. Инчунин таърихнигори арманӣ Егише Вардапет хабар медиҳад, ки шоҳи сосониҳо ногаҳон ба замини хонҳо (хуннҳо), ки кушониҳо ҳам номашон мебаранд, ҳуҷум намуд, ду сол ҷанг кард, аммо онҳоро мутеъ карда натавонист. Дар натиҷаи ин таҳлилҳо академик Бобоҷон Ғафуров қайд мекунад, ки хионитҳоро аз кушониён ҷудо кардан мумкин нест. Дар «Шоҳнома ҳам ба «кашонӣ» ишораҳо аст:
Кашониву Шукниву Заҳрӣ сипоҳ,
Дигаргуна ҷавшан, дигаргун кулоҳ.
Ваё:
Кашониву Шигниву Сақлобу Ҳинд
Аз ин марз то пеши дарёи Синд.
Баромади ин ду халқ аз як реша аст, аммо дар давраи муайяне забонҳои дигар ба забони ин халқҳо таъсир расонданд. Дар ин ҷо сухани донишманди варзидаи эронӣ Саиди Нафисиро овардан бамаврид аст: «Дар сурате ки ҳудуди бештари Эрони аслии қадимӣ берун аз Эрони имрӯз аст, мо, эрониён, аз он ҷо омадаем ва Эрони имрӯз ба манзалати хонаи дувуми мост».
Озодӣ: Вале аксари муҳақиқон, аз ҷумла Шумо забони шуғнониро забони қадимаи мардуми тоҷику форс мешуморед?
Сафарбеки Қурбонбек: "Забони шуғнонӣ (хухнӣ) забони қадимаи форсу-тоҷик мебошад. Забони хухнӣ чун забони суғдӣ аз сабаби дар кӯҳистони дастнорас қарор доштанашон қариб ки шакли аввалашонро гум накардаанд. Дар асари безаволи «Шоҳнома» баъзе калимаҳои забони шуғнонӣ истифода гардидаанд, ки ҳоло низ дар забони мардуми Шуғнон роиҷанд. Барои мисол:
Биёмад пас аз сарварони сипоҳ,
Пуси (писар) Таҳм Ҷомосп дастури шоҳ.
ва ё
Ба даст андарун гурз чун Соми ял,
Ба пеш андарун кушта чун кӯҳ тал (чизи бисёри болои ҳам гузошташуда).
Дар ҷойи дигар омадааст:
Ҳамон шаб яке куррае зод (зоид) хинг (хокистаранг)
Бараш чун бари шеру кӯтоҳлинг (кӯтоҳпо).
Ҳаме чора созем то ҷойи мо,
Бимонад зи бун (асос), нагсилад таги мо.
Вожаи чид(хона) ҳам дар «Шоҳнома» омадааст:
Ҳаме хондандиш Баҳромчид (хонаи Баҳром)
Бибуррид Хусрав зӣ румӣ умед.
Дар бораи қадима будани забони шуғнӣ (хуннӣ) аз китоби муқаддаси ориёиҳо «Авесто» мисол овардан мумкин аст. Замини муқаддаси ориёиҳо ба номи «Арианам ваеҷаҳ» ёд мешавад. Ба забони шуғнонӣ маънои он (Ориёнен вев ҷой) ва тарҷумааш ба забони тоҷикӣ (ин макони ориёнҳо) мебошад. Инчунин қисми якуми китоби «Авесто» ба номи «Видевдат» китоб дар бораи «Қонунҳо бар зидди дев» мебошад. Дар забони шуғнонӣ ин вожа то ба ҳол бо ин маъно пурра мавҷуд аст ва дар шакли аз ҳам ҷудо ҷудо - (Ви-дев-дит) навишта мешавад."
Озодӣ: Аммо шуморо, ки касби аслиатон иқтисодшиносист, чӣ ба нигориши «Таърихи Шуғнон» водор кард?
Сафарбеки Қурбонбек: "Ба таърих шавқи зиёде дорам ва дар бойгониам китобҳои зиёди таърихӣ ҷамъ овардаам. Дар даври Шӯравӣ мо таърихи халқи русро бештар меомӯхтем, то таърихи мардуми худро, ки хеле паҳлуҳояш ноомӯхта боқӣ мондааст. Дар давраи истиқлолият китобҳои пурарзише дар бораи таърихи халқи тоҷик ба нашр расиданд. Аммо кӯшиши дар қолабҳои сиёсӣ ғунҷондани таърих маро қонеъ карда наметавонист ва ман хостам бо чизе нависам, ки орӣ аз сиёсати замона ва беғаразона бошад."