Фан Сян Чжун: "Чинро ба ҷомеа ба гунаи дигар муаррифӣ кунед"

Фан Сян Чжун, сафири Ҷумҳурии мардумии Чин ҳини суханронӣ дар маросими муаррифии маҷаллаи "Пайванди қитъаҳо", ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Сафири Чин дар Тоҷикистон аз хабарнигорон хост, ки аз ин ба баъд кишварашро ба ҷомеа ба гунаи дигар муаррифӣ кунанд ва ба он таваҷҷуҳ кунанд, ки ҳамкориҳои он бо Тоҷикистон ба сатҳи нави стратегӣ баромадаанд.
Фан Сян Чжун гуфт, Чин яке аз қудратҳои пешгом ва пас аз Иёлоти Муттаҳида дуввуми иқтисоди ҷаҳон ва бузургтарин ҳамсояи Тоҷикистон аст. Вай афзуд, имрӯз равобити Чину Тоҷикистон дар ҳоли рушданд ва пас аз мулоқоти ахири сарони ду кишвар дар Пекин ба зинаи баландтар расид: “Инро шарикии стратегӣ меноманд. Аз ин хотир, ман аз васоити ахбори умум хоҳиш мекунам, ки ин ҳарфи маро ба мардуми Тоҷикистон расонанд: агар то имрӯз мардуми Чину Тоҷикистон наздик буданд, акнун ба шарофати тааҳҳуди раҳбарони мо дар бораи мушоракати стратегӣ, боз наздиктар - бародар шуданд. Итминон дорам, Чин аз ин ба баъд дар рушди иҷтимоиву иқтисодии мардуми Тоҷикистон нақши бештар хоҳад дошт.”

Сафири Чин дар Тоҷикистон дар маросими муаррифии маҷаллаи “Контимост”, яке аз 10 нашрияи ҷаҳонии Чин суҳбат мекард, ки дар шаҳри Душанбе бо ширкати мақомоти расмии вилояти Шинҷони Чин ва Тоҷикистон баргузор шуд. Масъулин мегӯянд, варианти тоҷикии “Континентальный мост” (“Пули Қора”) бо номи “Пайванди қитъаҳо” аввалин нашрияи чинӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки бо теъдоди 3 ҳазор нусха паҳн мешавад ва дар бораи Чин, бахусус Шинҷони он ҳикоят мекунад. “Пайванди қитъаҳо” маҷаллаест, ки дар шаҳри Урумчии Ноҳияи мухтори Шинҷон - Уйғури Чин қаблан бо забони русӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба теъдоди 11 ҳазор нусха нашр мешавад.

Шариф Саидов, раиси Палатаи савдои Тоҷикистон

Шариф Саидов, раиси Палатаи савдои Тоҷикистон, ҳамкори “Контимост” мегӯяд, тавофуқ дар бораи роҳандозии нашри тоҷикии ин маҷалла соли 2012 миёни ҳукуматҳои ду кишвар ба даст омада буд: “Мо инчунин қарор кардем, ки маҷаллаи тоҷикӣ бояд номи тоҷикӣ дошта бошад ва дар мувофиқа бо сохторҳои масъул ва ҳукумати Тоҷикистон ба маҷаллаи номи “Пайванди қитъаҳо” гузошта шуд. Умедворем, ки маҷалла ба мардуми Тоҷикистон имкон медиҳад бо фарҳанги бостонии Чин шинос гардад, бо донишу хиради он шинос намояд, барои соҳикборон раҳнамо гардад”

Дар ҳамин ҳол, роҳандозии пахши тоҷикии маҷаллаи “Пайванди қитъаҳо” дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки дар Шинҷони Чин ҳудуди 50 ҳазор тоҷик ба сар мебаранд, аммо мактаб надоранд. Бино ба иттилои расонаҳо, тоҷикон забони тоҷикиро умдатан дар курсҳои ташкилкардаи ҳукумати Чин меомӯзанд ва теъдоди хонандагонашон ҳам хеле маҳдуд аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чин ба бозори матбуоти Тоҷикистон ворид шуд


Фан Сян Чжун, сафири Чин дар Тоҷикистон мушаххас гуфта натавонист, ки дар ин кишвар оё ягон мактаби тоҷикӣ вуҷуд дорад, ё хайр, аммо афзуд, ҳукуматаш барои рушд ва зиндагии беҳтари ақаллиятҳои миллӣ дар Чин барномаҳои муассир дорад. Як манбаи наздик ба ҳукумат дар суҳбат ба хабарнигори “Озодӣ” гуфт, бо истифода аз муносибатҳои ҳасана беҳбуди вазъи маорифи тоҷикони Чин низ дар оянда матраҳ хоҳад шуд.

Нуктаи дигаре, ки коршиносон сараш ишорат мекунанд, кӯшишҳои Чин барои маҳз тавассути Шинҷону Уйғур пиёда кардани муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аст.

Тоҷикдухтарон "Пайванди қитъаҳо" мехонанд

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, коршиноси тоҷик, ки бо таҳқиқи масоили равобити Чину Тоҷикистон машғул аст, мегӯяд, дар Стратегияи сиёсати хориҷии Чин, ки аз соли 1978 ба ин сӯ пиёда мешавад, дар атрофи Чин ба вуҷуд овардани камарбанди мусолиҳа ҳадафи аслӣ қарор дода шудааст. Вай афзуд, ин ки бо кишварҳои Осиёи Миёна бештар тавассути Шинҷону Уйғур мехоҳанд робита барқарор кунанд, сабаби дигар дорад: “Онҳо медонанд, ки дар кишварҳои марзҳои ғарбиашон аз таърих як гуна “бадбинии чинӣ” вуҷуд дорад, аз ин хотир, аз Шинҷону Уйғур истифода мекунанд, чун мардуми ин ҷо – уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва тоҷикон бо ҳамсояҳои худ забону урфу одат ва дини муштарак доранд. Аз ин имкониятҳо дар Чин ҳоло хуб истифода карда истодаанд.”

Зимнан, тавофуқ сари нашри тоҷикии “Контимост” дар моҳи июни соли гузашта ба даст омада буд ва он замон масъулин изҳор доштанд, ки шумораи аввалини маҷалла ба истиқболи 20 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 нашр мешавад.

Коршиносон Чинро аз ҳамкорони аслии Тоҷикистон унвон мекунанд ва гардиши мол байни ду кишвар ба марзи 2 миллиард доллар расида, ҳудуди 1 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон аз Чин аст.

Фан Сян Чжун, сафири Тоҷикистон дар Чин мегӯяд, кишвараш дар интихоботи президентии моҳи ноябр дар Тоҷикистон ҳамон номзадеро дастгирӣ хоҳад кард, ки мардуми ин кишвар интихоб мекунанд.