Туркманистон дар баробари исломароён камтарин таҳаммулро нишон медиҳад ва ҳадди аксари талошашро ба харҷ медиҳад, ки худро аз ифротгароӣ эмин нигаҳ дорад.
Нафароне, ки боҷуръат дар бораи фишорҳои ҳукумат ба гумонбарони гароишҳои исломӣ сӯҳбат мекунанд, ангуштшуморанд. Аммо Мардон, ки худро танҳо бо исми аввалаш муаррифӣ кард, мехоҳад, ки садояш шунида шавад. Мардон мегӯяд, ду соли пеш таҳсили ӯ дар риштаи коршиноси аршади улуми исломӣ дар Арабистони Саудӣ хонаводаашро ба таҳдид рӯ ба рӯ кард.
“Вақте ман аз Туркманистон рафтам, мақомот ба падари ман фишор оварданд, ки “писаратро бозпас биёр” ва бо занг задану бозҷӯиҳо наздикони маро зери фишор қарор доданд. Ин ҳолатест ки мо таҷруба кардем,” – афзуд Мардон.
Бо вуҷуди ин фишорҳо, Мардон ба Туркманстон барнагашт ва ҳоло аз Созмони Милал талаби паноҳандагӣ кардааст. Танҳо бо як сабаб, ки намехоҳад сарнавишти бародарашро такрор кунад. Бародари ӯ баъди таҳсил дар Арабистони Саудӣ соли 2009 ба Туркманистон баргашт ва гирифтор шуд.
Тасдиқ кардани ин қазия аз сӯи манобеъи мустақил душвор аст, вале гуфта мешавад, онҳое ки аз Туркманистон барои таҳсили мазҳабӣ ба хориҷ мераванд, озору азият мебинанд.
Майса, як шаҳрванди дигари Туркманистон аст, ки чун ҳамсӯҳбати аввали мо исми хонаводагиашро пинҳон медорад. Ӯ мегӯяд, тобистони соли гузашта ошкор шудани як либост исломӣ дар бағоҷи дӯсташ, ки аз Туркия бармегашт, ба дарди сар табдил шуд. “Дӯсти ман замони буду бош дар Туркия болопӯшеро ба бар мекард, ки занҳо дар Туркия мепӯшанд. Ҳангоми бозгашт ба Туркманистон, ҷомадони ӯ дар фурӯдгоҳ кофтуков шуд. Дар Туркия занҳо либости остиндароз мепӯшанд, ки аз зону поён аст. Ин духтар ҳам ҳамон либосро бо худ овард. Дидани ин либос дар ҷомадони ӯ ходими гумрукро ба хашм овард ва ӯ фарёд зад ки “ин чист? Ин аз кӣ аст? Чаро инро инҷо овардӣ?” Духтар аз тарс гуфт, ки ин тӯҳфаи як дӯсташ аст, ки барои модараш фиристодааст,” – мегӯяд Майса.
Форум 18, як созмони норвегиягии дифоъ аз ҳуқуқҳои мазҳабии мардум мегӯяд, ки қиссаҳои ба ин монандро аз нафарони дигар низ шунидааст, ки ҳангоми бозгашт ба Туркманистон сарулибоси мазҳабияшон мусодира шудааст. Бо худ доштани навиштаҷоти мазҳабӣ ба забони арабӣ низ барои мусофирон беҳтар нест. Гуфта мешавад, ки мақомоти Туркманистон барои ҳифзи Исломи суннатӣ ва мӯътадили худ ва ҷилавгирӣ аз шаклҳои дигари Ислом аз ин чораҳои қотеъ кор мегирад.
Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ навиштааст, ки ҳукумати Туркманистон расман танҳо он гурӯҳҳоеро мамнӯъ кардааст, ки хушунатро тарғиб мекунанд, вале дар асл гурӯҳҳои мусалмононро табақабандӣ карда ва онҳоеро, ки аз шаклҳои шадитари Исломро таблиғ мекунанд, низ “ифротгаро” унвон кардааст.
Ин шеваи инзивоъгароёна то ҳол ба Туркманистон кумак кардааст, ки дар муқоиса бо давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ аз ҷангҷӯёни исломӣ эмин бошад. Аммо ин шеваи сангин ва танбеҳи аз ҳад беш метавонад боиси норозигӣ ва пайдоиши гурӯҳҳои тундрав дар ин кишвар шавад.
Ба назар мерасад, баъзе мусалмонҳои ҷавони Туркманистон омодаанд, қонунҳои мазҳабии кишварро, ки намозгузориро танҳо дар масҷидҳои таҳти назари давлат ва ё дар хона иҷоза додааст, ба чолиш бикашанд.
Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ як гурӯҳи хурди донишҷӯёнро дар яке аз донишгоҳҳои кишвар пайдо кард, ки аз синфхонае барои худ намозгоҳ сохтаанд. Ин дониҷӯён гуфтаанд, мушкилтарин маврид дар табдили синфхона ба намозгоҳ портрети ҳамаҷо ҳозири раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов буд, зеро намозгузорӣ ба сӯи ин акс хилофи Ислом аст, вале баркандани он таҳқири президент талаққӣ мешуд. Онҳо ба қароре расиданд, ки акси президентро бо як порчаи матоъ бипӯшонанд.
Гароиш ба дин дар Туркманистон, ки бо вуҷуди захоири фаровони газ мардумаш ҳамчунон нодор боқӣ мондаанд, рӯ ба афзоиш дорад. Гуфта мешавад, ки масоҷид дар шаҳрҳо ҳамеша пур аз намозгузорон аст. Махсусан масҷиди “Эртогрул”, воқеъ дар маркази Ишқобод дар намози ҷумъа то андозае пур мешавад, ки пулис маҷбур мешавад роҳҳои мошингардро масдуд кунад.