Як ҳоҷии тоҷик мегӯяд, зиёрати Каъба барои бисёри зоирон иҷрои фаризаи динӣ ва як сафари маънавист, аммо бархе аз он барои тасдиқи мақоми иҷтимоӣ, касби эътибор, худнамоӣ ва ҳатто тиҷорат истифода мекунанд.
Ҳоҷӣ Ҳасан Нарзуллоев, ки 50 сол дорад, он даврони рӯзгори худро «ҷоҳилӣ» унвон карда, мегӯяд, ҳанӯз аз нардбони ҳавопаймо бо он зиндагӣ падруд гуфтааст. Вай мегӯяд, ҳашт сол ба ин сӯ эҳсос мекунад, ки ҳамчун инсон як зиндагии шоистаеро ба сар мебарад: «Бале, ҳар кас ки бо дилу нияти пок ба он сарзамин рафт, изҳори пушаймонӣ аз кардаҳои гузаштаи худ кард, гуноҳҳояш бахшида мешаванд. Ин ваъдаи Худованд аст, ки дар ҳоли тавбаву надомат ва такрор накардани гуноҳ бахшида мешавад. Ҳатто Ҳазрати Одамро барои он гуноҳе, ки аз биҳишт ронда будаш, дар ин сарзамини муқаддас Худованд бахшид. Мо ҳам ба ҳамин мушарраф шудем, Худоро шукр мекунем.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ҳамин ҳол, дар миёни мардуми Тоҷикистон ин назар низ ривоҷ дорад, ки теъдоде аз ҳоҷиён натавонистаанд равиши зиндагиеро, ки то сафари Ҳаҷҷ доштанд, тағйир диҳанд.
Самариддин, як ҳамсӯҳбати мо қиссаи ду ҳоҷиро нақл мекунад, ки то сафари Маккаву Мадина фақиру беэҳтиром буданд ва пас зиёрати Хонаи Худо мавриди эҳтироми мардум шудаанд, чун воқеан тақводору банамоз ва фурӯтан ҳастанд. Аммо ӯ қиссаи як ҳоҷии дигарро низ нақл кард, ки ду бор Ҳаҷҷ карда, боз ҳам ислоҳ нашуд: «Як маърака буд, нӯшокии спиртӣ дошт, арақ хӯрд. Ман гуфтам, ҳоҷӣ, охир Ҳаҷҷ кардаӣ, чаро менӯшӣ? Гуфт, кас як бор Ҳаҷҷ кунад, намехӯрад, ду бор равад, мумкин аст.»
Бисёриҳо мегӯянд, Ҳаҷҷ танҳо фарз аст, ки мусалмон бояд онро иҷро кунад ва рисолати дар як – ду моҳ тағйир додани ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи инсонро надорад.
Домулло Қиёмиддини Самеъ, хатмкардаи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳомати Ҳаҷҷ қабл аз ҳама ин аст, ки инсон дар ҷамъи миллионҳо мусалмон бо як либос ва як ҳадаф худро ҷузъе аз ҷамоаи бузурги исломӣ эҳсос кунад. Вай афзуд, оне ки Ҳаҷҷ карданист, бояд қабл аз ҳама омодагии маънавӣ дошта бошад, яъне ба ин ният равад, ки гуноҳҳояш омурзида шавад ва ин барояш як марҳалаи гузариш ба зиндагии боз ҳам беҳтар бошад: «Каъба – ягона зиёратгоҳи мусалмонон, ки рамзан ягона Хонаи Худо дар рӯи замин аст. Вақте инсон ҳидоят мешавад, инсон бояд маблағи кофӣ дошта бошад ва ҳам қавоиди Ҳаҷҷро донад. Худоро шукр, ки як қатор мардуми он ҷо рафта, беҳтар шуда меоянд. Аммо бархе ба забон мегӯянд, ки корҳои ҳаром равоянд, фосиқанд, агар ба ин гуфтаро тасдиқ кунанд, куфр мешавад.»
Бино ба иттилоъи Кумитаи дини Тоҷикистон, ба ҳисоби миёна, ҳамасола 5 500 ва дар умум ҳудуди 200 000 ҳазор нафар то ба имсол Хонаи Худоро зиёрат карда, унвони ҳоҷиро гирифтаанд.
Ҳамсӯҳбатони мо ҳамчунин нақли он тоифа мардум дар Тоҷикистонро мекунанд, ки маблағи Ҳаҷҷи худро барои корҳои хайр харҷ мекунанд ва мекӯшанд аз ин кори онҳо касе хабар наёбад. Дар ин авохир даъватҳои мақомот аз мардум низ зиёдтар шудааст, ки ба ҷои сафари Ҳаҷҷ пули худро сарфи чунин корҳои хайрия кунанд.
Аммо бо вуҷуди интиқод ва ҳатто масхара кардани бархе ҳоҷиёне ки ҳатто баъди сафари Хонаи Худо аз чапгардиҳои худ намондаанд, рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, ба сурати умум, чунин афрод ангуштшуморанд ва аксарияти онҳое, ки соҳиби номи “Ҳоҷӣ” мешаванд, мекӯшанд, ки гуфтору кирдори худро мутобиқ ба ин унвон кунанд ва ба номи баланди “Ҳоҷӣ” иснод наоранд.