Сафари гуштигирони тоҷик ба Сеул

Дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон шаби чоршанбе, 29-уми май барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ба Сеул сафар хоҳад кард.
Мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон дар ду навъи гуштӣ - самбои варзишӣ ва самбои размӣ аз 31-уми май то 3-юми июн баргузор мешавад.

Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 30 нафар шомиланд. Дар байни онҳо гуштигирони маъруфи кишвар, монанди Акмалиддин Каримов (дар вазни то 57 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Нозимҷон Охиров (то 62 кг), Хушқадам Хисравов (то 57 кг), Дилбархон Султонова (то 68 кг), Азиза Азизова (то 65 кг) ва дигарон ҳастанд. Мо имшаб тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ – Пекин – Сеул парвоз хоҳем кард. Паҳлавонони тоҷик ба ин мусобиқа омодагии хуб дидаанд. Умедворем, ки ин дафъа ҳам гуштигирони мо таҳти раҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон Маҳмадшариф Сулаймонов бо медалҳои зиёд ба Ватан бармегарданд.”


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон



Ёдовар мешавем, ки паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбои варзишӣ дар пойтахти Узбакистон - шаҳри Тошканд 22 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 12 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг бо медали тилло мукофотонида шуд. Мустафо Ҳасанов дар вазни то 68 кг, Сайёд Шайхов дар вазни то 74 кг ва Ибод Шайхов дар вазни беш аз 100 кг бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар сабқати занон Дилбархон Султонова дар вазни то 64 кг медали нуқра ба даст овард. Дар сабқати духтарон Насиба Алиматова дар вазни то 48 кг ва Фирӯза Ашӯрова дар вазни то 52 кг соҳибони медалҳои биринҷӣ шудаанд.
Дар сабқати ҷавонон Хушқадам Хисравов дар вазни то 57 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг ва Умед Раҳматуллоев дар вазни беш аз 100 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. Бобоҷон Зоиров дар вазни то 52 кг, Зайналобуддини Аъзамхон дар вазни то 82 кг ва Аҳмад Зиёбеков дар вазни то 100 кг барандагони медалҳои биринҷӣ гаштаанд.

Дар сабқати наврасон Қиёмиддин Авазов (то 52 кг), Муҳаммадризвон Азизӣ (то 56 кг), Нозимҷон Охиров (то 60 кг) ва Қандилҷони Рустамзода (то 87 кг) медалҳои тилло ба даст овардаанд. Ҷомии Ҳасанӣ (то 48 кг), Умархон Баҳодуров (то 65 кг), Искандар Ашӯров (то 81 кг) ва Баротҷон Наимов (+87 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтаанд. Дар сабқати наврасон миёни духтарон Азиза Азизова дар вазни то 65 кг бо медали нуқра сарфароз гаштааст.