Мулоқоти аҳзоб бо сафири нави САҲА: Аз қазияи Зайд Саидов то интихобот

Маркус Мюллер

Роҳбари нави намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Маркус Мюллер бо барномаҳои интихоботии аҳзоби сиёсӣ ошно шуд ва нақшаҳои худро баён дошт.
Ин мулоқот баъд аз зуҳри сешанбеи 28-уми май дар дафтари ин созмон дар Душанбе пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон доир шуд.

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ баъд аз анҷоми ин мулоқот дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтанд, дар ин мулоқот роҳбари дафтари САҲА бо барномаю нақшаҳои аҳзоб дар соли интихоботи президентӣ ошно шуд. Аҳзоби сиёсӣ низ бо шарҳи вазъи сиёсии кишвар мушкилоти хешро ба роҳбарони ин созмон расонданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мулоқот бо сафири нави САҲА



Раҳматулло Зоиров

Раҳматуллоҳ Зоиров - раиси ҳизби сотсиал-демократ (ҲСДТ) дар ин мулоқот иброз доштааст, ки вай аз ҳоло ба шаффофияти интихобот бовар надорад, чунки талаби аҳзоб дар мавриди ворид намудани тағйир ба қонуни интихобот аз ҷониби парлумон рад шуд: «Бо рад кардани ин илова парлумон ягона умеди ҳизбҳоро дар мавриди шаффоф баргузор кардани интихобот гӯр кард. Ман ба роҳбарияти САҲА гуфтам, ки мо ба ягон кумаку ёрии ин созмон ниёз надорем ва ягона талабамон ин аст, ки САҲА дар мавриди интихобот мавқеи худро дошта бошад ва риоя ва амалӣ шудани принсипу меъёрҳои байналмилалиро дар мавриди интихобот талаб кунад.»

Ҷаноби Зоиров афзуд, САҲА дар солҳои охир ягон тавсияву пешниҳоди хешро дар мавриди интихобот амалӣ карда натавонист ва ба ҳамин далел обрӯи хешро аз даст дод. Аз ин рӯ, мегӯяд Зоиров, вазифаи роҳбарияти ин созмон устувор будан дар мавқеи худ ва амалӣ сохтани присипҳои байналмилалии интихобот дар кишвар аст ва ба ҳамин роҳ ин созмон метавонад обрӯи қаблиашро бозгардонад.

Ҳамчунин намоядагони ҳадди ақал ду ҳизби сиёсӣ- ҳизби наҳзасти исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва ҲСДТ - дар ин мулоқот масъалаи нақзи ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов, раҳбари Гурӯҳи ташабусскори ҳизби Тоҷикистони навро аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон матраҳ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, сафири нави САҲА дар навбати худ ваъда додааст, ки ин қазияро зери назар хоҳад гирифт.


Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода - намояндаи ҲНИТ мегӯяд, дар ин ҳамоиш масъалаи ташкили як эътилоф ваё коалитсияи аҳзоби сиёсӣ барои ширкати муассир дар интихоботи президентӣ низ баррасӣ шуд: «Аммо намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ин маврид назарҳои мухталиф доштанд. Бархе ҳизбҳо гуфтанд, ки қонун мухолифи ташкили чунин коалитсия нест. Аммо ҳамзамон ҳизбҳои дигар мегӯянд, қонун дар мавриди ташкили чунин эътилоф ва дастгирӣ аз номзади ягона дар интихобот ҳам бо сароҳат чизе нагуфтааст. Бино бар ин, таъсиси чунин як эътилоф заминаи қонунӣ надорад ва дар ин росто мушкилот ҳаст.»

Ба гуфтаи яке аз кормандони САҲА дар Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ширкат дошт, аммо нахост номаш зикр шавад, ҳадаф аз ин мулоқот ошноии раҳбари намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон Маркус Мюллер бо барномаю ҳадафҳои аҳзоби сисёии Тоҷикистон ва фаъолони сиёсӣ буд. Ба мулоқот раҳбарон ва намояндагони ҳамаи 8 ҳизби расмии кишвар даъват шуданд, вале ба гуфтаи иштирокдорон, намояндагони 7 ҳизби сисёӣ дар он ширкат кардаанд.

САҲА ба аксари интихоботҳои Тоҷикистон нозир фиристодааст, аммо то ҳол ҳеҷ яке аз ин сабқатҳоро озоду одилона ё шаффоф унвон накардааст. Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон дар бисёре аз ташаббусҳои қонунгузорӣ ширкат карда ва ба аҳзоби сиёсӣ, матбуот, созмонҳои ғайридавлатӣ кумак мерасонад.