Тағйир дар бозиҳои лигаи олӣ бинобар дидори дӯстона бо Афғонистон

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ду бозии даври 9-уми мусобиқаи лигаи олиро ба муҳлати дигар гузаронд.
Дар сомонаи ФФТ гуфта мешавад, ки бо сабаби гузаронидани бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон 4-уми июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, бозии «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Истиқлол» (Душанбе) аз 2-юми июн ба 29-уми май ва бозии «Равшан» (Кӯлоб) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) аз 2-юм ба 7-уми июн гузаронида шуд.

Бозиҳои ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои номбурда мутаносибан 28-уми май ва 11-уми июн баргузор мешаванд. Ҳамчунин бо розигии тарафайн бозии даври 9-ум миёни дастаҳои «Хуҷанд» - «Истиқлол» дар Душанбе, бозии давраи дувуми мусобиқот байни ин дастаҳо дар Хуҷанд барпо мегарданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» 6 6 0 0 17-2 18
2. «Равшан» 6 6 0 0 12-2 18
3. «Регар-ТадАЗ» 6 3 1 2 6-7 10
4. «Хайр» 6 2 2 2 9-7 8
5. «Хуҷанд» 6 2 2 2 5-4 8
6. «Вахш» 8 2 2 4 4-8 8
7. «Энергетик» 6 2 1 3 4-6 7
8. «Парвоз» 7 2 1 4 4-12 7
9. ССКА «Помир» 6 0 3 3 1-6 3
10. «Истаравшан» 7 0 2 5 3-11 2

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 5 тӯб, Юҷин Сепуйя («Истиқлол»), Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”), Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр») – 3-тӯбӣ.

29-уми май, чоршанбе
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Истиқлол» - «Хуҷанд» - бозии даври 9-ум. Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ.

“Регар-ТадАЗ” – “Равшан” – бозии даври 3-юм. Турсунзода, варзишгоҳи “Металлург”.

Даври 9-ум
30-юми май (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.00

«Парвоз» - «Энергетик»

1-уми июн (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.30

ССКА «Помир» - «Хайр»

7-уми июн (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 17.30
«Равшан» - «Вахш»

Даври 10-ум
8 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.30

«Истиқлол» - «Истаравшан»
«Хайр» - «Хуҷанд»
«Регар-ТадАЗ» - «Парвоз»

9 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.30

«Энергетик» - ССКА «Помир»

Даври 11-ум
15 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.30

ССКА - «Регар-ТадАЗ»
«Хуҷанд» - «Энергетик»
«Равшан» - «Истиқлол»

16 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ - соати 17.30

«Истаравшан» - «Хайр»