Вазирони СПАД дар Бишкек вохӯрданд

Таалайбек Омуралиев ( аз чап), Сергей Шойгу ( дар марказ) ва Шералӣ Хайруллоев (аз рост)

Рӯзи душанбе дар пойтахти Қирғизистон вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ(СПАД) қарордоди ҳамкорӣ дар масъалаҳои марбут бо мудофиаро имзо карданд.

Бар пояи ин санад кишварҳои узв: Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Беларус ва Арманистон ҳамкорӣ дар тамрини ҷангӣ ва мусаллаҳшавиро бар ӯҳда гирифтаанд.

Вазири мудофиаи Қирғизистон Таалайбек Омуралиев,ки раҳбари даврии созмон мебошад, мегӯяд, дар нишасти дурӯзаи Бишкек Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ саъй хоҳад кард, ки тақвияти тавоноии ҷангиашро тақвият бахшад, зеро баъди беруншавии нерӯҳои паймони НАТО аз Афғонистон чунин зарурат ба миён омада метавонад.

Дар арафаи мулоқоти вазирони мудофиа дар Бишкек президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бори дигар такрор кард, ки соли оянда созиши истифодаи пойгоҳи ҳавоии Манаси канори пойтахти Қирғизистон аз ҷониби нерӯҳои ИМА ба поён мерасад ва Қирғизистон онро тамдид нахоҳад кард.