То замони расидани айнаки Гугл ба дасти муштариёни оддӣ чанд моҳи дигар мондааст, вале офарандагони нармафзорҳои компютерӣ аз ҳоло барои офаридани замимаҳои лозим барои он айнак часпу талош доранд.
То кунун, танҳо чандсад нафар аз мутахассисону коршиносони фанновариҳои нав, ин айнаки пешрафтаро гузоштанд, аммо дар ҳамоиши солонаи Гугл, ки барномасозонро дар Сан Франсиско ҷамъ меорад, бисёриҳо ин айнакро доштанд.
Имконоти айнаки Гугл ҳар як нафарро ҳайратзада мекунад, чун барои навиштани номаи электронӣ ва ё имейле шарт нест, телефони ҳушманди худро аз ҷайбатон берун кашед ва ё назди компютер бинишинед. Кофист ба айнаки Гугл фармон диҳед, ки ба фалонӣ бинавис, ки ман соати 10 меоям ва айнак ҳам ин корро хоҳад кард. То кунун аз айнаки Гугл метавон барои навиштани имейл, занг задан, бардоштани аксу видео, ёфтани роҳу пайдо кардани торнамоҳо аз тариқи Гугл истифода кард.
Аммо дар ҳамоиш дар Сан Франсиско, ширкатҳои бузурги интернетӣ ба мисли Твиттер, Фейсбук, Тамблр ва офарандагони замимаҳои телефонӣ ба мисли Еверноут барномаҳоеро муаррифӣ карданд, ки метавонанд, айнаки Гуглро ба дастёри беҳтари инсон табдил диҳанд. Масалан, замимае муаррифӣ шуд, ки ба соҳиби айнаки Гугл иҷоза медиҳад, хабарҳои тозаи мавриди таваҷҷӯҳашро аз Ню Йорк Таймс ва ё Си Эн Эн бихонад ва он хабарҳоеро, ки намехоҳад, як тараф гузорад. Ё ширкати Еверноут, нармафзоре сохтааст, ки бо хости шумо рӯйхати маҳсулоти лозимиро таҳия мекунад ва ҳар вақт, ки дар мағоза бошед, аз тариқи айнаки Гугл ба шумо нишон медиҳад.
Шояд аксарият фикр кунанд, ки корбурди айнак бо батарея ва модем сахт бошад, вале он мисли айнакҳои оддӣ рӯи чашми шумо намеистад, балки андаке болотар аз абрӯй ҷой мегирад. Дигар ин ки корбар видеову аксу иттилооти дигарро дар ойинаи хурди айнак намебинад, зеро ҳама чиз тавре аён мешавад, ки гӯиё ба монитори 63 сантиметрӣ аз дурии 2,5 метр нигоҳ мекунед.
Аммо аз аввал бояд дар истифодаи айнаки Гугл одат кард, такон додани сар кофист, ки айнаки Гугл ба кор дарояд, амри садоӣ албатта бо забони инглисӣ кофист, ки айнак ба шумо роҳи кӯчаеро нишон бидиҳад, ё вазъи ҳаворо ба шумо бигӯяд. Акси гирифтаатонро низ ҳамон лаҳза метавонед ба Фейсбук ҳам бифристед. Агар барои муддате онро истифода накардед, ба хотири ҳифзи нерӯи батарея, худаш хомӯш мешавад. Аммо аз ин абзори офаридаи Гугл, на ҳама ҳаяҷонзада шудаанд, бахусус онҳое, ки барои ҳифзи ҳарими хусусии шаҳрвандон фаъолият мебаранд.
Онҳо мегӯянд, ки соҳибони айнаки Гугл метавонанд, бе иҷоза кору рафтори атрофиёни худро ба навор бигиранд. Шояд ин гуфта дуруст бошад, аммо на ба ҳадде ки воҳима мекунанд, зеро бо айнаки Гугл метавонед, фақат чанд сония видео бигиред ва батареяи он ҳам ба ин ҳад қудратманд нест, ки 24 соат истифода шавад. Аъзои конгресси Амрико ба ширкати Гугл нома навишта ва аз ҷумла пурсидаанд, ки чӣ гуна онҳо замонат медиҳанд, ки ҳарими хусусии атрофиёни онҳое, ки айнаки Гугл доранд, риоят мешавад.
Аксари барномасозон дар ҳамоиши ширкати Гугл дар шаҳри Сан Франсиско бовар доштаанд, ки камбудиҳои феълии айнаки Гугл ба зудӣ рафъ хоҳад шуд ва бими зиёде дар мавриди ҳифзи ҳарими хусусӣ надоранд. Айни замон ба гуфтаи ҳозирони конфронс худи корбарони айнаки Гугл ҳастанд, ки ба ҳарими хусусии онҳо эҳтиром намегузоранд ва корбарони телефонҳои ҳушманд онҳоро бе иҷоза дар кӯчаву хиёбонҳо акс мегиранд.