Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ ягон рӯди вилояти Хатлонро барои оббозӣ муносиб намедонанд ва аз ҳама хостаанд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд.
Ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон мегӯяд, ҳеҷ яке аз дарёву ҷӯйборҳои қаламрави минтақа ба оббозию тафреҳи шаҳрвандон оид нест ва ба сокинони маҳаллӣ ҳушдор дода шудааст, ки аз шино намудан дар рӯдхонаҳо худдорӣ кунанд.
Ҳотамшо Шарифов, сардори ситоди мазкур, мегӯяд, танҳо дар соли ҷорӣ 9 нафар ҷавонону наврасон ба ҳангоми оббозӣ дар рӯду каналҳо ғарқи об шуда, реҳлат кардаанд. Вай аз ҳодисаи ҳафтае пеш ёдовар шуд, ки андаруни рӯди Ҷайҳуни Қӯрғонтеппа Зикрулло Табаров, ҷавони 21-сола, донишҷӯи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, вақти шиноварӣ ғарқ шуда, ҳанӯз ҳам наҷотбахшони Ситоди ҳолатҳои изтирории Хатлон ҷасади ӯро пайдо накардаанд. Ба ҷустуҷӯи ҷасади ӯ беш аз 20 корманди ситоди ҳолатҳои изтирорӣ ва даҳҳо донишҷӯи Донишкадаи энергетикӣ ба ҳайси волонтёр ҷалб шудаанд.
Биноан, Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Хатлон бо таваҷҷуҳ ба оғози мавсими оббозӣ аз тамоми сокинон, бахусус ҷавонон, хостааст, ки аз эҳтиёти тамом кор бигиранд. Ҳотамшо Шарифов афзуд, дар вилояти Хатлон ягон мавзеи махсус барои шиноварию оббозӣ нест, бахусус шиноварӣ дар рӯдхонаҳо хатаровар ва қатъиян манъ аст.
«Мо дар ҳама нуқтаҳои аҳолинишин, мактабу донишгоҳҳо, рустоҳо суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем. Бахусус ҳамин дур даре, ки аз маркази шаҳри Қӯрғонтеппа убур мекунад, хеле ҳаракати тез дорад, дарунаш пур аз сангҳои калону арматур ва дигар чизҳо ҳаст, ки оббозӣ он ҷо хатарнок аст. Ягон ҳодиса шавад, кӣ ҷавобашро медиҳад? Дар ҳудуди вилоят ҷойи махсуси оббозӣ нест, ба ғайр аз ҳавзҳои шиноварӣ. Аммо аҳолӣ ба дарёҳо мераванд ва эҳтиёт намекунанд, дар вақти гармои шадид ба об мепартоянд ва фикр намекунанд, ки ҷисмашон якбора карахт шуданаш мумкин», - гуфт Ҳ. Шарифов.
Вале на ҳама ҷавонон ба тавсия ва ҳушдори ситоди ҳолатҳои изтирорӣ гӯш медиҳанд. Фаррух, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ҳарорати ҳаво дар ин шаҳр аз ҳоло хеле баланду тоқатшикан шудааст ва оббозӣ дар дарё ягона воситаи тафреҳу беҳсозии ҳоли ҷавонон мебошад. Вай афзуд,дар гузашта бо хатари ғарқшавӣ рӯ ба рӯ шуда буд, аммо боз ҳам шиноварӣ барояш адреналин мебахшад: «Мактаб мехондам, вақте дар оби Ҷайҳун оббозӣ мекардам, суръат тез буду худро идора карда натавонистам. Хайрият, як ҷавон маро наҷот дода, аз об берун кашид. Вале ҳоло аз чизе наметарсам. Шиноварӣ хоббии ман аст».
, Саидаҳмад, ҷавони дигаре аз шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, худ шоҳиди ба об рафтани ноболиғе дар соли гузашта шуда буд. Аммо вай афзуд, бо дӯстонаш якҷо ба соҳили дарё барои шино меоянд ва аз дӯстонаш мутмаин аст, ки дар сурати ғарқшавӣ ба наҷоташ хоҳанд расид. «Дар хона оббозӣ кардан мушкил нест, аммо оби хона гарм аст. ин ҷо салқин. Дӯстон занг мезананд, якҷоя ба лаби дарё меоем. Худам баъзан аз суръати тези об метарсам, аммо азбаски дӯстон дар пешам ҳастанд, дилам пур аст», - гуфт ӯ.
Табибони маҳаллӣ ҳам ҳушдор медиҳанд, ки оббозии кӯдакону наврасон дар кӯлу ҷӯйборҳои нопок боиси бурузи бемориҳои сироятӣ гардида, ба саломатии инсонҳо таъсири манфӣ хоҳад расонид. Раҳматуллои Холмурод, сокини ноҳияи Румии вилояти Хатлон, мегӯяд: «Чанд сол пеш вақте дар оби кӯле оббозӣ мекардем, мӯйсафеде омада шино кард. Касал шуд ва баъд аз чанд рӯз хабари маргаш расид. Гуфтанд, ки аз ҳамин оби ифлоси кӯл бемор шудааст. Хеле тарсидем. Аз он вақт ба ин сӯ дигар дар оби кӯлҳо шино намекунам. Бехатараш ҳавзу хона аст.»
Дар ҳамин ҳол, Ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон аз волидайн даъват кардааст, ки монеи оббозию шиноварии фарзандони ноболиғи худ дар рӯдхонаҳо шаванд, чун таҷриба нишон медиҳад, ки бештар аз ҳама наврасону ҷавонон ғарқи об мешудаанд. Ҳотамшо Шарифов, сардори ситоди мазкур, гуфт, мушкили набудани ғаввосон ва шиддати баланди оби дарёҳо дар миён ҳаст, ки саривақт наҷот додани ғарқшавандаҳо берун аз имкон ба назар мерасад.