Наздики ду ҳазор омӯзгори мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон дорои дипломи омӯзгорӣ, ё таҳсилдидаи мактабҳои олӣ набудаанд.
Бо таъкид ба ин нукта, Ситора Шерова, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни ҷамъомаде дар шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, мактабҳои Хатлон аз норасоии омӯзгорони ҳирфаӣ танқисӣ доранд ва дорои маълумоти олии омӯзгорӣ набудани садҳо омӯзгор ба сатҳу сифати таълим дар дабистонҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Вай афзуд: «Бо таваҷҷуҳ ба камбуди омӯзгорон дар мактабҳо, хусусан таълимгоҳҳои рустоӣ ва дурдаст, маъмурияти дабистонҳо ночор хатмкунандагони нисбатан босаводи мактабҳои миёнаро ба кор ҷалб кардаанд. Қисмате аз онҳо ҳамзамон ғоибона дар мактабҳои олӣ таҳсил карда истодаанд.»
Дар ҳамин ҳол, Саидалӣ Давлатов, сокини яке аз деҳаҳои ноҳияи Бохтар, мегӯяд, сатҳу сифати таълиме, ки фарзандонаш дар мактаби миёна мегиранд, ӯро қонеъ намекунад, аммо вай ҳамзамон иқрор мекунад, ки наметавонад фарзандонашро ба таълимгоҳҳои пулакӣ роҳӣ намояд.
«Муаллимон дарс намедиҳанд, ҳамагӣ ду-се соат дарс мехонанд фарзандон, рухсат мешаванду ба хона меоянд. Чӣ хел ман қаноатманд шавам, вақте мебинам, ки дарси ҳалол дода намешавад, вақте фарзанди мо ҳар рӯз як чизи нав намеомӯзад. Муаллимон танбалӣ мекунанду ҳатто дафтари толибилмонро намесанҷанд. Вазифаи хонагӣ ҳам намедиҳанд. Мактабҳои шаҳрро намедонам, аммо дар мактаби қишлоқи мо дарси дуруст нест.»
Ҷаноби Давлатов дар идомаи суҳбаташ афзуд, дар мактабҳои рустоӣ бештар омӯзгорони ҷавон, онҳое, ки тоза донишгоҳҳоро хатм кардаанд, ё ҳатто афроде, ки ҳанӯз мактабҳои олиро хатм накардаанд, ба шогирдон дарс мегӯянд. Ба иддаои ӯ, савияи дониши бархе аз ин омӯзгорон натанҳо баланд нест, балки мояи нигаронии ӯ шудааст: «Вақте дафтари фарзандро месанҷам, қариб дар 50 фоизи мавридҳо хатоҳои худи омӯзгорро пайдо мекунам. Хатоҳои имлоӣ, ҳатто дарси риёзиёт ҳам дуруст дода намешавад, мисолу масъалаҳоро дуруст ҳал намекунанд. Боз ба бачаҳои мо баҳои «5» мемонанд, ки ба баҳои «3» ҳам рост намеояд…»
Дар ҳоле ки бархе сокинони рустоҳо аз сатҳу сифати таълиму тарбияи фарзандон дар мактабҳои деҳотӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, дониш ва тарзи кори мактабҳои шаҳрӣ низ боиси нороҳатии иддае аз волидон гаштааст. Ғулом Кенҷаев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки худ низ собиқаи тӯлонии омӯзгорӣ доштааст, мегӯяд, бархе аз муаллимон имрӯз рисолати азалии худро ба иҷро намерасонанд.
Вай афзуд: «Муаллимони мактабҳои миёна порахӯр шудаанд. Ба ҷойи ин ки ба машғулиятҳои дарсӣ ҷиддӣ сарукор бигиранду мутаваҷҷеҳи сифати дониши толибилмон бошанд, бештар ба ҷамъоварии маблағ бо ҳар баҳона алоқаманданд. Ҳар моҳе бо баҳонаҳои гуногун, дарсҳои иловагӣ, 60 сомонӣ талаб мекунанд. Худ ҳисоб кунед, агар дар синф 25 толибилм бошад, чӣ қадар маблағ ҷамъ мешавад? Профессорони донишгоҳҳо ҳам ин қадар маош надоранд. Мо вақте худамон дар мактаб кор мекардем, аз пул гирифтан аз талаба шарм мекардем. Намехостем, ки пеши вай забонкӯтаҳ шавем. Ҳоло ин арзишҳо дигар нестанд…»
Норасоии кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ дар ҳолест, ки ҳар сол наздики 500 хатмкунандаи мактабҳои Хатлон тибқи квотаи президентӣ, яъне бидуни имтиҳони ҷиддӣ, шомили донишгоҳҳо мешаванд. Ҳадаф аз ин иқдом таъмини мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо омӯзгорони фанҳои гуногун унвон мешавад.
Бар асоси квотаи президентӣ тайи 15 соли охир қариб 4,5 ҳазор муҳассили фаъоли мактабҳои манотиқи дурдасти Хатлон донишҷӯ шуда, то имрӯз 1900 нафар донишгоҳу донишкадаҳоро хатм карданд. Аммо мақомот мегӯянд, ки ҳамоно кори омӯзгорони феълӣ дар маҷмуъ ба талаботи муосири ҳукумати кишвар ҷавобгӯ нест.