Шаш "гуноҳ"-и телефонҳои ҳушманд

Ҷомеаи ҳозираро бе телефонҳои ҳушманд тассавур карда намешавад ва ҳар ҷое ки нигоҳ накунед, ки як нафареро сари хам мебинед, ки дасташ рӯи телефон ҳаракат дорад.
Бо роиҷтар шудани истифода аз онҳо, метавон гуфт ки ҳангоми истифода аз телефонҳои ҳушманд, соҳибонашон ба гуноҳҳое ҳам роҳ медиҳанд. Хабарнигори хабаргузории Олмон баъзе аз ин гуноҳҳоро баршумурдааст, ки як ба як онҳоро мебинем:

Такаббур

Соҳибони телефонҳои ҳушманд, чунин меандешанд, ки аз соҳибони телефонҳои маъмулӣ тавонотар ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо, телефонҳои маъмулӣ барои волидони пирашон аст ваё операторони телевизионҳои тарғиботӣ, ки ҳар вақти номусоид занг мезананд. Дар замони телефонҳои маъмулӣ мардум телефонҳоро дар ёд мегирифтанд, ҳоло кофист, ки ба саҳифаи Фейсбуки одами лозимӣ нигаред. Вале хубии соҳибони телефонҳои маъмулӣ ин аст, ки хатари дар роҳ мошин зер кардани онҳо кам аст, зеро ҳангоми убури роҳ саргарми бозӣ ва ё хондани чизе дар телефони ҳушманд нестанд.

Хасисӣ

Чунин ба назар мерасад, ки корбарони телефонҳои ҳушманд фақат дар пайи пайдо кардани моли арзон ҳастанд. Онҳо соатҳои дарози худро барои пайдо кардани замимаҳои бепул, либосҳои арзон дар фурӯшгоҳҳои интернетиву харид аз тариқи интернет сарф мекунанд. Агар теъдоди ингуна одамон ба қадри кофӣ зиёд шавад, дигар аз мағозаҳои маъмулӣ дар давру бари шумо шояд нишонае намонад.

Хашм

Соҳибони телефонҳои ҳушманд хашми дигаронро бармеангезанд, зеро вақте як нафар дар рӯ ба рӯяшон бо онҳо сӯҳбат мекунанд, онҳо сарашон хам чашм аз телефонашон намекананд. Кор то ба ҷое расидааст, ки баъзан бачаҳо дар ресторан ё баре барои сӯҳбат ҷамъ меоянд, вале назар ба сӯҳбат, бештар бо телефонашон машғул мешаванд.

Баднафсӣ

Корбарони телефонҳои ҳушманд, гӯё ҳеҷ гоҳ аз телефони худ сер намешаванд, чӣ аз замимаҳо, чӣ аз бозӣ ва ё чӣ сӯҳбатҳои дароз, ки дар нақлиёту маконҳои умумӣ дигаронро нороҳат мекунад. Дигар ин ки телефонҳои ҳушманд ба соҳибонашон имкон медиҳанд, дар ҳар масъала ва баҳсе ворид шаванд, ҳатто агар ҳеҷ чизе ҳам дар он бора надонанд. Беҳтар аст, гоҳе хомӯш бошем ва ангуштони бечораи худро ором бигзорем.

Ҳасад

Вақте дар даст телефони ҳушманд доред ва ҳар вақти мусоид ба шабакаҳои иҷтимоӣ сар мезанед, аксар вақт хабарҳои хушеро мебинед, ки дӯстону атрофиёни шумо доир зиндагии худ, истироҳату хонаводаашон навиштаанд. Ба гуфтаи пажӯҳишгарони олмонӣ, пайваста дидани чунин навиштаҳои дигарон ҳадди аққал ҳасадро дар дили баъзеҳо бедор мекунад.

Танбалӣ

Телефонҳои ҳушманд, мисли компютер ҳама кори шуморо осон мекунад, роҳро нишон медиҳад, мукотиботро метавонед дар роҳ анҷом диҳед. Бо назардошти ҳамин, аксарият барномаҳои рӯзонаи худро то лаҳзаи охир ба таъхир меандозанду камтар худашон саъй мекунанд ва дар ниҳоят дар иҷрои коре ба телефони ҳушманд такя мекунанд, на ба ақлу иродаи худ.