«Тоҷик Эйр» парвозҳо ба Деҳлиро оғоз мекунад


Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати «Тоҷикэйр» рӯзи 13 май ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин ширкат парвозҳои мустақим дар хаттисайри Душанбе-Деҳлӣ -Душанберо оғоз хоҳад кард. Қарор аст, парвозҳо ба пойтахти Ҳинд ҳафтае як маротиба, соати 7- 30- и субҳи ҷумъа тавассути ҳавопаймои Боинг-757-200 анҷом шавад. Нархи чиптаи парвоз 1450 сомонӣ буда, нахустин парвоз дар ин хаттисайр 31-уми майи соли равон сурат хоҳад гирифт