Покистон. Ояндае БО ё БЕ Толибон?

Ҳукумати ояндаи Покистонро ғолибан Навоз Шариф(аз чап) бо Имронхон хоҳанд сохт.

Шӯру ғавғои интихоботи Покистон гузашт, аммо саволҳо ва шиорҳои ин маърака шояд боз солҳо дар саҳна боқӣ монанд.
Баъд аз сарнагунии ҳукуматаш дар табадуллоти ҳарбии соли 1999, зиндон ва ғурбат, сарвазири пешини Покистон Навоз Шариф гӯё “савори аспи сафед”-и пирӯзӣ дубора ба саҳнаи сиёсии ин кишвар баргашт.

Ҳарчанд дар кишварҳои Шарқ чунин бозгашт пеш аз ҳама маънии интиқомҷӯӣ аз рақибони собиқ ва исботи арзишмандии худ фаҳмида мешавад, Шариф гуфт, рӯ ба оянда дорад ва гузашта барояш танҳо ин маъниро хоҳад дошт, ки иштибоҳҳои онро такрор накунад.

Аз сӯе ҳам эҳтимол меравад, ҳизби Лигаи мусалмонони Навоз Шариф нахоҳад тавонист аксарияти комили порлумонро дар даст дошта бошад ва ҳукуматро дар танҳоӣ ташкил диҳад. Ба ақидаи коршиносон, вай ҷӯёи эътилоф бо рақиби асосии худ, варзишгари собиқ Имронхон ва ҳизби мардумии хонадони Бҳутто хоҳад шуд. Шариф гуфт, ба хотири эҳёи назм дар Покистоне, ки “дастхуши бесарусомониҳо” шудааст, ба ёрии ҳамагон ниёз дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бозгашти Навоз Шариф


Интихоботи таърихии Покистон, ки аввалин бор як ҳукумати ғайринизомӣ то поёни давраи кораш боқӣ ва аз табаддулоту барканориҳо эмин монда, зимоми қудратро ба ҳокимияти дигари мулкӣ медиҳад, дар шароити сангине, миёни таркишу сӯъиқасд, таҳдидҳо ва хунрезиҳои бузург ҷараён гирифт.

Зиёда аз 100 нафар, аз ҷумла се номзад дар хушунатҳое кушта шуданд, ки асосан аз тарафи Таҳрики Толибони Покистон сар задаанд. Аксари номзадҳо бо шиорҳои миллигароёна дар сабқат ширкат карданд. Навоз Шариф аз ҷумла гуфт, вай ширкати Покистонро дар ҷанги зидди террор қатъ хоҳад кард. Зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба хоки Покистон низ яке аз мояҳои эътирози номзадҳо буд. Таъмини амният, мубориза бо фасоди идорӣ ва коҳиши бекорӣ ҳам аз ваъдаҳои асосии интихоботӣ ба шумор меоянд.

Ва бо ин ҳама суоле гузошта мешавад, ки акнун пас аз интихоботи 11-уми май мардуми кишвар соҳиби як Покистони наве хоҳанд шуд ё баръакс ба даврони кӯҳна хоҳанд баргашт. Таҳлилгарон мегӯянд, пас аз валвалаи интихобот кишвар ба воқеияте бармегардад, ки солҳост, бетағйир боқӣ мондааст.


Тантанаи тарафдорони Навоз Шариф дар Лоҳур

Ойиша Сиддиқ, коршинос дар Исломобод мегӯяд, набояд фаромӯш кард, ки дар поёни соли 2014 нерӯҳои байнулмилалӣ Афғонистонро тарк мекунанд ва толибҳо инро хабари пирӯзии худ хоҳанд донист. Хонуми Сиддиқ ин нуктаро муайянкунандаи асосии вазъи оянда мешуморад: "Бисёре аз созмонҳои ҷиҳодӣ аз эҳтимоли вуқӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон суҳбат мекунанд. Гуфта мешавад, баъд аз хуруҷи Ғарб бисёре аз толибони афғон ба Афғонистон бармегарданд. Агар чунин шавад, Покистое як нафаси кӯтоҳ хоҳад кашид, аммо дар дарозмуддат, то замоне ки ин созмонҳо ҳастанд, Покистон низ мисли Афғонистон ноором боқӣ хоҳад монд.”

Аммо раҳбари дафтари маҷаллаи “Нюсуик” дар Исломобод Самеъ Юсуфзай мегӯяд, агар Навоз Шариф тавонад яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии худ -- яъне назорати қатъӣ ба хадамоти ҷосусии кишварро иҷро кунад, мумкин аст, вазъ аз реша тағйир ёбад. Вале аксари таҳлилгарон бар инанд, ки ягон сарвазир дар Покистон нахоҳад тавонист, нуфузи ҳарбиёнро коҳиш диҳад. Камтарин талоши ҳамсон метавонад ба табаддулоти ҳарбӣ дар кишвар оид шавад.