Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон барои таъсиси созмони муштараки ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ миёни се кишвари форсизабон, тавофуқ карданд.
Ин иқдом рӯзи чоршанбеи 8-уми май пас аз дидору мулоқоти Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Муҳаммад Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ва имзои созишнома дар ин замина, дар шаҳри Теҳрон сурат гирифт.
Вазирони фарҳанги Тоҷикистон ва Эрон аз таъсиси ин созмон истиқбол карда ва онро омили густаришу тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо миёни кишварҳои форсизабони минтақа арзёбӣ карданд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди вазирони ҳар ду кишвар, равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои форсизабони минтақа рӯ ба густариш аст.
Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон бо пахши иттилоияе ба нақл аз Муҳаммади Ҳусайнӣ, вазири фарҳанги ин кишвар гуфт, ки дабири кулли созмони ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ миёни Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон, Ҳуҷҷатуллоҳ Айюбӣ, собиқ раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ECO) таъйин шудааст.
Зимнан, Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон ба манзури ширкат дар 26 -умин ҷашнвораи байналмилалии китоб дар Теҳрон ба сар мебарад. Он гуна, ки аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд, дар ин сафар ҷаноби Асрориро ҳайате аз аҳли фарҳангу ҳунар, андешамандони тоҷик ҳамроҳӣ мекунанд.
Аммо бо он, ки вазирони фарҳанги Эрону Тоҷикистон дар мавриди таъсиси созмони муштараки ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ миёни се кишвари форсизабони минтақа тавофуқ карданд, вазири фарҳанги Афғонистон дар ҷашнвораи байналмилали китоб дар шаҳри Теҳрон ширкат надорад.