Толибон дар Бангладеш ё бозиҳои интихоботӣ?

Задухӯрди марговари полис ва исломгароён дар Бангладеш таваҷҷуҳро ба гуруҳҳои исломие ҷалб кард, ки хостори татбиқи қонунҳои шариат дар ин кишвар шудаанд.
Ҷумбиши “Ҳифозати Ислом” аз пуштибонии қавии мактабҳои динии Бангладеш ё омӯзгорону шогирдони наздик ба 25000 мадраса бархӯрдор аст. Аммо нозирони сиёсӣ дар Дака, пойтахти ин кишвар, мегӯянд, бо вуҷуди он ки 90 дарсади аҳолии Бангладеш мусулмонанд, ин эътилофи исломгароён ҳимояти зиёде дар кишвар надорад.

Ҳукумати сарвазир Шайх Ҳасина бар ин аст, ки “Ҳифозат” аз калонтарин ҳизби исломии Бангладеш – “Ҷамоати Исломӣ” дида ситезаҷӯии камтар дорад. Бо вуҷуди ихтилофоти фиқҳӣ “Ҷаммати Исломӣ” аз маъракаи “Ҳифозат” барои ҷорӣ кардани қонунҳои шадиди исломӣ ҳимоят кард.

“Ҳифозат” эътилофи 13 гуруҳи исломист, ки рӯзи 5-уми май ҳазорон нафарро ба хиёбонҳои Дака баровард ва аз ҳукумат талаб кард, барои тавҳин ба ислом ҷазои қатл таъйин кунад ва таҳсилу кори занону мардон аз ҳам ҷудо бошад. Тазоҳуроти осоишта хеле зуд бо хушунат омехт ва бино бар гузоришҳо 27 нафар, аз ҷумла ду корманди полис ва як сарбози нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд. Мухолифон мегӯянд, садҳо нафар аз тарафдорони “Ҳифозат” бенишон шудаанд.

Зуҳур-ал-Олам, хабарнигори “Садои Амрико” дар Дака ба Радиои Озодӣ гуфт, хушунатҳои охир гӯшае аз қолини сиёсии даробафтодаи як кишвари мойил ба табаддулот аст: "То ҷое ки ман воқеиятро мебинам, исломгароён – эътилофи “Ҳифозати Ислом” ва ҳизби “Ҷамоати Исломӣ” дар ҷомеа ҳимояти хеле ва хеле ночиз доранд. Ман фикр намекунам, ки ин мардум дар фароянди умумии демократӣ аҳамияте дошта бошанд. Мушкили асосӣ ҳоло боло гирифтани исломи сиёсӣ, тундгароӣ ё толибонизм нест. Масъала ин аст, ки интихоботи оянда чӣ гуна баргузор хоҳад гашт. Ҳоло ин аст мушкили асосии сиёсии Бангладеш.”

Рақиби асосии давлат -- Ҳизби Миллигарои Бангладеш рӯзи 7-уми май бо эътироз аз ончӣ, ки “қатли дастҷамъонаи тарафдорони “Ҳифозат” номидааст, коршикании дурӯзаи умумимиллӣ эълон кард. Ин ҳизб барои муқовимат бо ҳизби ҳокими “Авомӣ Лига” бо исломгароён канор омад, то аз бартарии он дар интихоботи соли 2013 пешгирӣ кунад. “Авомӣ Лига” бист сол пеш, пас аз рондани хунтаи ҳарбии генерал Ҳусайн Муҳаммад Иршда аз сари қудрат бо ризоияти ҳизбу гуруҳҳои дигар ҳукумати муваққатӣ таъсис дода буд, то давраи гузариши демократиро роҳандозӣ намояд. Дар соли 2008 ин ҳизб пирӯзии чашмгир ба даст овард ва ҳокимияти комилро ба худ ихтисос дод. Дар соли 2011 он бо истифода аз аксарияти порлумонияш низоми муваққатиро барҳам дод.

Аммо рӯшан нест, иттиҳод бо аҳзоби исломӣ то куҷо Ҳизби Миллигарои Бангладешро тақвият хоҳад дод. Баҳси ҳукумат бо “Ҳифозат” замоне тунд шуд, ки исломгароён барномаи худро иборат аз 13 банд дар миён гузоштанд. Бино бар он, бояд барои тавҳини ислом ва паёмбари он ҳукми қатл ҷорӣ гардад, барномаҳои густариши ҳуқуқи занон қатъ шаванд, ҳузури муштараки занон ва мардон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ гардад ва сиёсати гузоштани ҳайкалу пайкараҳо дақиқ шавад.

Сарвазир Ҳасина ин пешниҳодҳоро рад кард ва гуруҳҳои исломӣ ба тазоҳурот баромаданд. Таҳлилгарон мегӯянд, ҳазорон донишҷӯи мадрасаҳо бо фишору дастур ва интиқол дода шудан ба майдонҳо дар ин раҳпаймоӣ ширкат карданд.
Камол Ҳусейн, вазири пешини адлия ва ҳоло вакили ҳуқуқии Додгоҳи Олии Бангладеш мегӯяд, аксари мардум пешниҳодҳои ба сиёсат омехтани исломро рад мекунанд: "Ман мутмаинам, ки аксари кулли ҷомеаи кишвар ба ин боваранд, ки мо набояд ба гузашта баргардем ва динро бо сиёсат омезиш диҳем. Бингаред, ки Покистон бо ин роҳ рафт ва чӣ қадар мушкиле барои худаш эҷод кард. Дӯстони покистонӣ ба мо мегӯянд, “шумо ин қадар хушбахтед, ки сиёсатро бо дину ҷамоахоҳӣ якҷо накардаед."

Аммо ҷаноби Ҳусейн ҳушдор медиҳад, ки мудирияти бад, фасоди густарда, бемасъулиятии ҳукуматдорон, фақру ндорӣ ва бекорӣ метавонанд, ин андешаҳоро ба баҳона ё “пешдаргирон”-и нооромиҳои бузург табдил диҳанд. Танҳо ҷомеаи одил ва демократӣ, ба ақидаи ӯ, метавонад ҳамаро розӣ ва қонеъ гардонда, муборизаҳои сиёсиро аз хушунат дур нигоҳ дорад.