Чанде пеш чашмам ба як эълоне дар Фейсбук афтод, ки як нафар навишта буд, донори гурда лозим аст ва ҳар касе ки мехоҳад, ба ҷавони мӯҳтоҷ ба гурдаи солим кӯмак кунад, ба ин телефонҳо занг бизанад.
Бовар накардам, гуфтам, шояд касе шӯхӣ мекунад ва ба он эътино надодам, зеро дар Фейсбук баъзеҳо ҳарчӣ дурӯғе хоҳанд мегӯянд ва ҳар чизе ки дилашон хост менависанд. Аммо вақте ба Мой Мир ворид шудам, ҳамин эълон дигарбора ба чашмам афтод ва телефонро гирифтаму ба шумораҳои рӯи эълон занг задам. Баъди сӯҳбат маълумам шуд, ки эълон воқеист ва як хоҳари дилсӯз барои ба хотири бародари бемораш ночор шудааст, аз тамоми воситаҳо истифода кунад, то фардеро пайдо намояд, ки ба бародараш ихтиёрӣ кумак кунад.
Нахустин суолам аз Латофат Иброҳимова, сокини шаҳри Душанбе ин буд, ки дар воқеъ ҳамин эълон ҷиддист?
Л.Иброҳимова: “Эълон, эълони ман ва аслӣ аст. Додари ман ба ин ҳолат гирифтор аст, ҳамингуна мушкил пеш омадааст ва ба мо фавран ки донор лозим шуд, мо роҳ наёфтем, баъд эълон нашр кардем, дар Одноклассники, Майл.ру, Фейсбук. “
Озодӣ: Шумо пеш аз онки ин эълонро нашр кунед, оё бо қонунҳо ошно шудед, ки мабодо коратон ғайриқонунӣ бошад, зеро меъёру муқаррароте ҳаст, ки бояд риоят шавад?
Л. Иброҳимова: “Ман аслан вақте хостам, ки ин эълонро дар рӯзномаҳо чоп кунам, назди ҳар журналисте, ки рафтам, бисёраш ҳамкурсҳоям, устодонам ҳастанд, ошноҳоям ҳастанд, вале ба дили ҳамаашон воҳима афтод, ки не ин кор мумкин нест ва “гапи зиёдатӣ” мешавад. Баъд ман фикр кардам, ки қонунҳоро бинам ва Қонун дар бораи транплантатсияи аъзои бадани инсон дар Тоҷикистонро дар Интернет пайдо карда хондам. Ягон камбудӣ надидам, (дар нашри ҳеҷ чизи ғайриқонунӣ надидам). Озод аст, фақат гуфта шудааст, ки хариду фурӯши аъзои бадан мумкин нест, вале нашри эълон ҳеҷ мушкил надорад.”
Озодӣ: То кунун ба шумо посух додаанд, ягон нафар ҳозир шуд, ки як гурдаашро ба бародари шумо бидиҳад?
Л. Иброҳимова: “Занг зад, як ду нафар занг заданд, лекин гурӯҳи хунашон мувофиқ наомад. Гурӯҳи дуввуми мусбат мешавад, ё фикрашонро дигар мекунанд, аммо ягон нафари мушаххас бо пешниҳоди аниқ наомадааст. Ман ду ҳафта пештар ин эълонро дар рӯзномаи “Чархи Гардун” чоп кардам, афсус пеши чанд журналист рафтам розӣ нашуданд, баъд мустақим назди Акбари Саттор рафтам, гуфт, ки мумкин аст, мушкиле надорад, вале хариду фурӯш набояд шавад, зеро ин кор ғайриқонунист. Баъд иҷоза дод ва ба коргаронаш фармон дод, дар нашрияҳои “Чархи Гардун”, “Авитсенна”, як ҳафта чоп шуд. Ҳафтаи дигар дар Авитсенна, Чархи Гардун ва Дайджест Пресс барои чоп медиҳам. Вале ягон одами мушаххасе, ки гуфта бошад, сад дар сад барои донор шудан, омода аст, муроҷиат накардааст.”
Озодӣ: Бародари шумо кай бемор шуд?
Л. Иброҳимова: “Ду сол пеш мо фаҳмидем, ки додари ман як гурдааш ё модарзод ва ё баъдан шудааст, мо намедонем, тамоман аз кор мондааст. Аммо бисёриҳо мегӯянд, шояд модарзод бошад. Баъд як гурдаи дигараш ҳамон ду сол пеш гуфтанд, ки бемор аст. Ҳамин ду сол мо табобат мекардем, ҳамин як моҳи ахир ба фикрам доруҳояшро тамоман истифода набурд, ё беаҳамиятӣ кард, ки бемории гурдааш авҷ гирифт. Ба Медгородок, шифохонаи шаҳри Душанбе бурдем, тақрибан 15 рӯз онҷо муолиҷа кардем, доруҳои қимат рехтанд, плазма, хун ҳама корро карданд ва дидем, ки беҳбудӣ шуд, вале кам, зиёд не. Ҳозир дар хона аст, вале табибон маслиҳат доданд, ки табобатро идома диҳем, то замони ёфтани донор, вале бояд транплантатсия шавад. “
Озодӣ: Вале аз хонаводаи худи шумо касе ҳозир нашуд, ки гурдаи худро ба бародари беморатон бидиҳад, ё мувофиқ наомад?
Л.Иброҳимова: “Аввалин чизе ки духтурон гуфтанд, ин буд ки донор беҳтар аст аз хонаводаи худамон ё аз авлоди худамон бошад, на бегона, чунки баъди ҷарроҳӣ зудтар шифо меёбад. Вале мо аз оилаи худамон наёфтем, модарам розӣ аст, ки гурдаашро бидиҳад, вале намешавад, зеро баръакси додарам, хуни модарам ва аз ҳамаи мо гурӯҳи дуввум ва мусбат аст.”