Як таҳқиқоти анҷомшуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамҷинсгароёнро як манбаъи густариши HIV дар минтақа ном мебарад.
Таҳқиқоте, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна анҷом гирифтааст, нишон медиҳад, ки солҳои ахир дар ин кишварҳо шумораи гирифторони бемории HIV, ё вируси норасоии масъунияти бадан нисбат ба минтақаҳои дигари ҷаҳон босуръат афзоиш меёбад.Яке аз сабабҳои он ҳамҷинсгароии мардон дар ин кишварҳо арзёбӣ мешавад.
Ақалиятҳои ҷинсӣ дар кишварҳои мусалмоннишини Осиёи Марказӣ маъмулан ин гароиши худро пинҳон мекунанд ва пайдо кардани маълумот дар бораи вуҷуди чунин ақалиятҳо ва шумораи онҳо кори сахтест. Аммо созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ҳамҷинсгароён дар ин кишварҳо ҳастанд ва ба сабаби муҳофизакории ҷомиа маҷбуранд, зиндагии зеризаминиеро ихтиёр кунанд.
Муҳаққиқон мегӯянд, набуди маълумоти дақиқ дар бораи вазъи саломатии ин гурӯҳи одамон мумкин аст дар ин минтақа сабаби афзоиши бештари шумораи гирифторони вируси норасоии масъунияти бадан, ё HIV шавад. Таҳқиқоти ахирро Маркази таҳқиқоти саломатии Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Колумбияи Амрико анҷом додааст.
Дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ Алишер Латипов - муҳаққиқи ин марказ таҳқиқоти мазкурро дар бораи густариши беморӣ дар миёни ҳамҷинсгароён дар Осиёи Миёна барои пешгирӣ аз бемориҳо арзишманд арзёбӣ кард.
Алишер Латипов: Ҳар сол дар кишварҳои Осиёи Миёна таҳқиқоте барои омӯзиши вазъи саломатии ин гурӯҳи одамон анҷом мегирад. Тибқи таҳқиқоте, ки ахиран анҷом гирифт, дараҷаи густариши вируси норасоии масъунияти бадан, ё HIV дар миёни ҳамҷинсгароён дар Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистону Қақоқистон аз ҳам то андозае фарқ дорад. Агар мо ба маълумот назар афканем, мебинем ки дар Бишкеки Қирғизистон дар соли 2008 густариши ин вирус 1,2 дарсадро ташкил додааст. Дар соли 2011 ин нишондод дар Тоҷикистон дар Душанбе 1,5 дарсад будааст ва чунин таҳқиқот дар ин кишвар бори аввал анҷом гирифтааст. Дар Тошканди Узбакистон дар соли 2009 ин рақам ба 6,8 дарсад расидааст ва дар Қазоқистон дар соли 2010 як дарсадро ташкил додааст. Аммо ҳукумати Туркманистон ба таври расмӣ гузориш додааст, ки дар ин кишвар афроди олуда ба вируси норасоии бадан вуҷуд надорад.
Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки кишварҳои Осиёи Миёна, ки кишварҳои мусулмоннишин ҳастанд, бояд бар зидди ҳамҷинсгароӣ мубориза кунанд ва шояд яке аз роҳҳои пешгирӣ аз бемории HIV ё бемориҳои дигар ҳамин бошад?
Алишер Латипов: Чӣ тавр мешавад гуфт аз нуқтаи назари қонун? Агар аз нуқтаи назари беҳдоштӣ ба ин суол ҷавоб диҳем, бояд бо ин падида мубориза бурда шавад. Усулан ҳоло дар бисёре аз кишварҳо ин падидаро эътироф мекунанд. Агар мо ин падидаро чун ҷиноят эътироф кунем, дар он сурат ин гурӯҳи одамон аз доираи тадбирҳои беҳдорӣ берун мемонанд. Онҳо аз тарси о, ки ин корашон ҷиноят аст, барои кумаки беҳдоштӣ муроҷиат намекунанд. Барои ҳамин мо дар миёни онҳо барои пешгирӣ аз густариши вируси норасоии бадан коре карда наметавонем. Дар кишварҳои Осиёи Миёна дар давраи Шӯравӣ барои ҳамҷинсгароӣ ба муҷозот мекашиданд. Вале баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистон ин моддаро аз қонун бардоштанд. Вале дар Туркманистону Узбакистон то ҳол барои ин кор ба муҷозот мекашанд. Ин кор ба қонунҳои байналмиллалӣ муғойират дорад ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз ин танқид мекунад, барои он ки ба ин гурӯҳи одамон пешкаш кардани хадамоти муассир беҳдоштӣ мушкил мешавад.
Озодӣ: Оё чунин таҳқиқот дар кишварҳои Осиёи миёна мунтазам гузаронида мешавад?
Алишер Латипов: Усулан дар кишварҳои Осиёи Миёна таҳқиқоти зиёд гузаронида мешавад ва бештари онҳо дар миёни афроде анҷом мегирад, ки маводи мухаддирро бо сӯзандору ба бадани худ мегузаронанд. Ба ҷуз аз Туркманистон аз миёнаи соли 2000 дар ин кишварҳо, дар миёни мардони ҳамҷинсгаро, дар миёни истеъмолкунандагони маводи мухаддир ва ҳатто дар зиндонҳо таҳқиқот анҷом мегирад. Ҳадафи ин таҳқиқот ошкор кардани вируси норасоии масъунияти бадан ё бемориҳои дигар аст. Баъд аз он барои пешгирӣ аз бемориҳо пешниҳодҳо таҳия ва пешкаш мешаванд. Дар ин чаҳор кишвар ҳар сол неву дар ҳарду сол таҳқиқот анҷом мегирад ва дар бораи ин кишварҳо ва умуман дар бораи минтақа дар ин бора маълумотҳо вуҷуд доранд.