Мақомоти Тоҷикистон пахши барномаҳои радиои русии “Звезда”-ро, ки тавассути таҷҳизоти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тақвият меёфт, манъ кардаанд.
Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ додааст, ки радиои “Звезда” муҷаввиз ё худ литсензияи пахши барнома дар хоки Тоҷикистонро надоштааст.
Дар сӯҳбат бо хабарнигори Итар-ТАСС, Самад Ҳикматов-муовини раиси Кумитаи давлатии радиои ва телевизиони Тоҷикистон гуфтааст, ки “муҷаввизи пахши барномаҳои радио ва телевизион дар қаламрави Тоҷикистон тибқи қонунгузории ин ҷумҳурӣ сурат гирифта, тақдими муҷаввиз ба шаҳрвандони мамолики хориҷӣ имкон надорад.”
Ӯ афзудааст, муассисаҳои радио-телевизионие, ки аз сӯи хориҷиён ва афроди бидуни шаврҳвандӣ назорат мешаванд, аз ҳаққи гирифтани муҷаввизи пахши барнома дар хоки Тоҷикистон маҳрум мебошанд.
Аммо намояндаи дафтари матбуотии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Матушкин ба хабаргузории Итар-ТАСС гуфтааст, ки хадамоти марбутаи Тоҷикистон ба дархостҳои тақдими муҷаввизи пахши барномаҳо посух надодаанд. Ба қавли низомиёни рус, маркази радио ва телевизион ва ҳамчунон рӯзномаи пойгоҳи низомии Русия дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сабт шудаанд ва то ин замон ҳеҷ мушкиле бо мақомот надоштанд.
Матушкин ёдовар шудааст, ки бар пояи созиши ҳукумати Тоҷикистону Русия дар бораи шароити буду боши фирқаи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, пойгоҳи низомии Русия фаъолияташро бо истифода аз мавҷҳое, ки ҷониби Тоҷикистон тақдим мекунад, пеш мебарад. Матушкин таъкид кардааст, ки барномаҳо танҳо фақат барои бошандагони шаҳраки низомии Русия, воқеъ дар канори пойхати Тоҷикистон, пахш мешаванд.
Аммо ба қавли мардуми огаҳ, барномаҳои радиои «Звезда»-ро тариқи мавҷи 103.6 FM аз шаҳри Душанбе то вилояти Хатлон метавон шунид. Мутахассисони «Телерадиоком», ниҳоди масъули мавҷпарокании Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯянд, пойгоҳи 201 аз фиристандаҳои хеле қавии мавҷ бархӯрдор аст, ки то чандин километр берун аз ҳудуди пойтахтро низ фаро мегиранд.
Аммо мутахассисони тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ боре ҳам ба пойгоҳ иҷозаи вуруд пайдо накардаанд, то ин мавзӯъро ба баррасӣ гиранд.
Маркази радио ва телевизиони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон аз соли 1996 ба ин сӯ фаъолият дорад. Аз соли 2009 то моҳи августи соли 2012 як мушкиле дар пахши ду шабака – СМТ ё Симои мустақили Тоҷикистон ва Телевизиони ҷамъиятии Русия ё ОРТ вуҷуд дошт. Ҳарду дар як басомад пахш мешуданд.
Инак, нуҳ моҳ мешавад, ки СМТ бидуни мушкил дар мавҷ аст. Телевизиони ОРТ аз маркази радиотелевизионии пойгоҳи 201 пахш намешавад. Масъулони Тоҷикистон мегӯянд, барои пайдо кардани ҳаққи бозпахши намоишҳои ОРТ дар Тоҷикистон, марказ бояд муҷаввиз гирад.
Радиои «Звезда» соли 2005 ташкил шуда, марбути Ширкати радиотелевизионии неруҳои мусаллаҳи Русия буда, ба қавли сомонаи расмии ин расона, дар Русия, Тоҷикистон ва Украина пахш мешавад.