Уламои афғон: Бехабарӣ аз Ислом занро беқадр кардааст

Анҷумани Балх

Уламои дин дар Афғонистон мегӯянд, урфу анъанаҳои нописанд ва бехабарӣ аз дини Ислом сабаби беқадрӣ ва нақзи ҳуқуқи занон шудааст.
Мавлавӣ Ато Раҳмон Салим, раиси Конуни Илмӣ ва Таҳқиқотии Исломии Афғонистон мегӯяд, ҳамингуна афроди бехабар аз дин дар баъзе аз манотиқ занҳоро мехаранду мефурӯшанд. Ӯ агарчӣ аз кадом минтақаи хосе дар Афғонистон ном набурд, аммо гуфт, ин корро афроди ноогоҳ аз дини Ислом анҷом медиҳанд: “Русумоти мухталифе ҳаст, одоти мухталифе ҳаст, тақлидҳои мухталифе ҳаст, намешавад, ки одам онро ба дин барчасп бидиҳад. Дар Афғонистон манотиқе ҳаст, ки духтаронро то ҳол хариду фурӯш мекунанд. Мисли ҳайвоне, ки дар саҳро мекашӣ, хариду фурӯш мекунӣ, болояш қимматгузорӣ мекунӣ. Онҳоро мисли давраи ҷоҳилият мехаранду мефӯрушанд.“

Уламои дини афғон рӯзи панҷшанбе дар нишасте дар шаҳри Балх эҳтироми ҳуқуқи занро як воҷибаи динӣ донистанд ва аз мардуми ин кишвар хостанд, ба ҳаққу ҳуқуқи занон беэътиноӣ накунанд, зеро “гунаҳкори ин дунёву охират” хоҳанд шуд. Донишмандони исломии Афғонистон, дар ин бора дар нишасти “Ҳуқуқи зан аз дидгоҳи Ислом” сӯҳбат карданд.

Мавлавӣ Ато Раҳмон Салим гуфт, ҳадафи ин ҳамоиш боло бурдани огаҳии мардуми Афғонистон аз ҳуқуқи шаръии занон аст: “Ҳадаф аз тадбири конфронси мо ин буд, ки ба уламои худ эълом кунем, мову шумо бояд ҳуқуқи қонуниву шаръиеро, ки Ислом барои хонумҳо додааст, ба онҳо бифаҳмонем, то ки миллати мо дар як сӯъитафоҳум қарор нагирад. Аз тарафи дигар, ба хонумҳои азизи худ бигӯем, ки шумо эй хонумҳои азиз, шумо ҳуқуқи шаръии худро талаб кунед, шумо ҳуқуқи динӣ ва исломиатонро талаб кунед.”


Зани афғон

Рӯҳониён ва уламои динии Афғонистон дар поёни ин нишаст бо судури қатъномае дар бораи ҳуқуқи занон дар Ислом қатлу таҷовуз, латтукӯб, монеъ шудан ба таҳсили занону духтарон ва ҳаргуна зулму ситам нисбат ба занро маҳкум карданд.

Бо вуҷуди қабули қонуни махсус барои маҳви хушунат алайҳи занон дар Афғонистон, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҷабру зулм нисбат ба занон ҳамчунон зиёд дида мешавад. Соли гузашта толибҳо дар рустое дар вилояти Парвон, 100-километрии Кобул, занеро ба зино муттаҳам карда, дар назди чашми мардум куштанд. Толибон дар аҳди панҷсолаи худ дар Афғонистон занонро аз ҳаққи таҳсилу кор маҳрум карда буд.