Фраксияи коммунистон дар МН тасим гирифтааст, ки масъалаи таъсиси унвони «Қаҳрамони меҳнати Тоҷикистон»-ро ба порлумон ва ҳукумат пешниҳод намояд.
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили парлумон, рӯзи 2-юми май ба «Озодӣ» гуфт, ки Фраксияи онҳо масъалаи таъсиси унвони «Қаҳрамони меҳнати Тоҷикистон»-ро дар порлумон дар миён хоҳад гузошт.
Ба назари ҷаноби Шабдолов, дар замони шӯравӣ ин унвонро умдатан ба пахтакорон медоданд, ҳол он, ки даҳҳо олимону ихтироъкорон ва муҳандисон низ шоистаи ин унвон буданд. Шодӣ Шабдолов аз таъсиси унвони «Қаҳрамони меҳнат» дар Русияро истиқбол кард ва гуфт, ин иқдоми муҳиме аст, ки чеҳраҳои заҳматкаш дар соҳаҳои мухталиф қадр карда мешавад.
Шодӣ Шабдолов афзуд, ки Фраксияи онҳо дар масъалаи таъсиси ин унвон пешниҳод хоҳад кард, ки ҳамчунин як имтиёз ба ин унвон ҳамроҳ карда шавад, зеро ҳоло дар Тоҷикистон унвондорони «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ»-и замони шӯравӣ ба сар мебаранд аммо, аз ҷониби ҳукумати кишвар ба онҳо имтиёз дода нашудааст.
«Қаҳрамони меҳнат» ё «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» аз унвонҳои боэътибори замони шӯравӣ буд, ки пас аз унвони «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ» дар раддаи дувум қарор дошт ва агар нафаре, ки ду маротиба ин унвонро соҳиб мешуд, «бюст» ё нимпайкарааш гузошта мешуд.
Дар Тоҷикистон дорандаи ду каратаи «Қаҳрамони Меҳнати сотсиалистӣ» Абдуғафур Самадов, раиси колхози Ленини ноҳияи Пролетар (ҳолоҶаббор Расулов) буд. Суфро Боқиева говҷӯш аз ноҳияи Исфара, Энаҷон Бойматова, раиси колхози Ленини Конибодом, Миралӣ Маҳмадалие, раиси колхози Ленини ноҳияи Восеъ, Муҳаббат Маҳмудова, омӯзгори мактаби рақами 53-и шаҳри Душанбе, Устод Мирзо Турсунзода ва даҳҳо нафари дигар барандаи ин унвон шуда буданд.
Пешниҳоди коммунистҳои тоҷик дар ҳоле садо медиҳад, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми май ба муносибати Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон, нахустин медалҳо бо унвон «Қаҳрамони меҳнат»-и Русияро ба панҷ шаҳрванди ин кишвар супурд. Ба гузориши хабаргузории Итар-ТАСС, панҷ медали «Қаҳрамони меҳнат» тайи як маросим дар шаҳри Санкт-Петербург, ба панҷ шаҳрванди ин кишвар, ки коргардони театр, муҳандиси маъдан, ҷарроҳи мағзу асаб ва муҳандисони кишоварзӣ ва мошинсозӣ буданд, тақдим шуд.
Раиси ҷумҳури Русия дар чанд моҳи қабл дастури эътои ҷоизаи миллии «Қаҳрамони меҳнат»-ро барои боло бурдани арзиш ва эътибори фарҳанги кори фидокорона ва содиқона дар ин кишвар, содир кард. Медали «Қаҳрамони меҳнат»-и Русия ҳамонанди медали «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ»-и даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ба шакли як ситора панҷгӯшаи тиллои тарҳрезӣ шуда, аммо ба ҷои досу болға, як уқоб дар он қарор гирифтааст.