Google Map: Ворух қаламрави Узбакистон аст

Зимни рӯйдодҳои ахир дар Ворух бисёриҳо ин минтақаро аз нақшаи Google Map меёбанд ва мебинанд, ки он қаламрави Узбакистон аст.
Дар хабарҳо сухан аз муноқиша дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон меравад, аммо онҳое, ки ҷойи воқеаро аз Google Map меёбанд, хоҳанд дид, ки ҷазирақаламрави Ворух ба Узбакистон нисбат дода шудааст.

Шояд сабаб дар он аст, ки бақияи ҷазирақаламравҳо дар ҳудуди Қирғизистон ба Узбакистон мансубанд ва нусхагирони харита дар Google Map ин минтақаро низ ба таври автоматик моли Узбакистон навиштаанд?

Масъулони ин торнамо дар посух ба пурсишҳои Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ ин иштибоҳро шарҳ надоданд, вале пешниҳод карданд, ки дар бораи он ба Google Map расман гузориш фиристем. Чунин гузориш дар бораи хато фиристода шуд ва эҳтимол дорад, ба зудӣ дар нақшаи Ворух тағйир ворид гардад.

Дар зимн, чунин иштибоҳҳо дар нақшаи Google Map борҳо ҷой доштаанд ва баъд аз муроҷиати корбарони ин харита ислоҳ шудаанд. Торнамо аз бинандагонаш дархост мекунад, ки дар бораи ҳама гуна тағйир ё иштибоҳ ба воситаи гӯшаи махсуси Google Map ба кормандони он хабар дода шавад.