Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, президенти пешини Эрон дар вокуниш ба даъвати гуруҳҳои мухталиф аз вай барои номзад шудан дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, эҳтимоли номзадии худро рад накардааст.
Ба гузориши хабаргузории «Меҳр»-и эронӣ, дар мулоқоти рӯзи якшанбеи Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо гуруҳе аз хабарнигорон, нависандагон ва донишҷӯён, аз ӯ даъват шуд, то номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон шавад.
Тибқи ин гузориш, Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфтааст: «Ин ки мегӯед дар кишвар танҳо ман ҳастам, ки метавонам мушкилотиро бартараф кунам, барои ман шармандагӣ аст. Агар ҳарфҳои шуморо бипазирам, ба ин маъност, ки дар кишвар дигар марди тавонманде нест ва мо натавонистаем дар ин 34 сол афродеро барои мудирияти кишвар тартиб кунем.»
Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ки тайи ду давра аз соли 1989 то соли 1997 раиси ҷумҳури Эрон буд, афзуд: «Ман дар кобинаам аз ҳама гуруҳҳои сиёсӣ истифода кардам, ки ин ҳоло ҳам қобили амалӣ кардан аст. Ниёз ҳам нест ман биоям. Албатта ман намегӯям, ки намеоям. Вале мегӯям, зарурат нест пирамарди 80-сола биояд.»
Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар идома давлати Аҳмадинажодро муттаҳам кард, ки тайи даврони ҳаштсолааш, мудирони бо собиқаро хонанишин кардааст.
Вай гуфтааст, «мутаассифона иттифоқоти талхеро дар ин ҳашт сол шоҳид будаем. Сиёсати давлат дар ин ҳашт сол ин будааст, ки нерӯҳои бособиқаро аз майдон дур кунанд. Баъд эълом карданд, ки насли ҷадид меоварем. Онҳо мудироне, ки собиқаи дурахшон доштандро хонанишин карданд ва ҳоло насли ҷадиди мудирон, арзишеро намешиносанд,»
Интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон моҳи июни соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд ва то кунун Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба таври расмӣ эълом накардааст, ки дар ин интихобот ширкат хоҳад кард ё на.