Раёсати корҳои дохилии вилоятии Суғд бо пахши изҳороте, вуқуъи муноқиша дар марзи миёни Тоҷикистон бо Қирғизистонро «ташвишовар» арзёбӣ кардааст.
Зеро ба таъкиди ин ниҳод, дар пайи муноқишаи рӯзи шанбеи 27-уми апрел миёни сокинони деҳаҳои Ворух ва Оқсой, ҳадди аққал чаҳор корманди пулис ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.
Дар ин изҳорот, ки рӯзи душанбе 29-уми апрел дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шуд, таъкид гардидааст, ки "Раёсати корҳои дохилӣ аз муноқишаи рухдода дар деҳаи Ворух ва Оқсой ба шиддат нигарон аст ва хостори иқдомоти ҷиддӣ барои ислоҳи вазъ дар ин минтақаи марзӣ аст."
Дар изҳорот сабабҳо ва заминаи рухдодани муноқиша байни сокинони деҳаи Ворух ва Оқсой баҳс бар сари бунёди роҳ аз сӯи қирғизҳо дар канори деҳаи Ворух эълом шудааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки дар изҳорот омадааст, «минтақае, ки муноқиша ба вуқӯъ омадааст, ба кадом ҷониб тааллуқ доштани ин замин муайян нашудааст ва бар асоси созишномаи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, бояд дар минтақаҳои баҳснок ягон иншоот сохта ва мавриди истифода қарор дода нашавад.»
Дар изҳорот гуфта шудааст, ки «дар натиҷаи муноқиша ҳадди аққал 4 нафар кормандони интизомӣ чароҳат бардоштанд, ки ду нафари онҳо ҳамакнун дар бемористони шаҳри Исфара бистарӣ ҳастанд.»
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи гузашта, якшанбеи 28-уми апрел аз ин бемористон дидан карда ва бо маъмурони ҷароҳатбардошта аз муноқишаи марзӣ, аёдат кардааст.»
Ҳамчунин бар пояи ин изҳорот, бар асари ин муноқиша, ба мошинаи хидматии С.Қосимов, муовини раиси шаҳри Исфара, низ ҳамла сурат гирифта, ки дар натиҷа ҷароҳати сабук бардоштааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таваҷҷӯҳи аслиро ба умури фаҳмондадиҳии сокинони манотиқи марзӣ, ба манзури ҷилавгирӣ аз эҳтимоли такрори чунин муноқиша равона кардааст.
Дар ин замина ин раёсат аз ниҳодҳои зирабт хостааст, то ҷиҳати пешгирӣ аз вуқуи чунин ҳаводис иқдоми ҷиддӣ ба харҷ бидиҳанд ва бештар миёни аҳолӣ кор баранд.
ҲОДИСАИ АЗ НИГОҲИ ТАРАФИ МУҚОБИЛ
Дар ҳамин ҳол, Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи душанбе ба расонаҳои хабарии ин кишвар гуфтааст, ки Тоҷикистон омодааст зараре, ки бар асари ҳодисаи Оқойи Ботканд ва Исфара ба ҷониби Қирғизистон ворид шудааст, ҷуброн намояд.
Ба қавли намояндаи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, дар ҳодисаи рӯзи шанбе, беш аз 100 нафар сокинони норозӣ аз бунёди як роҳ, роҳсозони қирғизро мавриди латту куб қарор дода, шишаҳои булдозерҳо ва эксваторҳоро шикастаанд. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, «Баъди рух додани ин ҳодиса, дар назди деҳаи Ворух, беш аз 600 тоҷик ва аз ҷониби деҳаи Оқсойи Қирғизистон, 60 қирғиз ҷамъ омаданд.»
Ин манбаъ меафзояд, ки баъд аз он, ки марзбонони тоҷик ба ҳаво тир кушоданд, аз ҷониби Қирғизистон 7 ҳазор ва аз ҷониби Тоҷикистон 4 ҳазор нафар сокинони Исфара ҷамъ шуда, дар тарафи роҳ сангар гирифтаанд
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз рӯи ҳодисаи мазкур 8 парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми «дуздӣ», «авбошӣ» ва «огоҳона расонидани зарар», боз кардааст