"Миллат": Жириновский дар «ҷанг»-и тан ба тан: кӣ ғолиб, кӣ мағлуб?!

Изҳороти ахири Жириновский ва лату куби муовини раҳбари ҲНИТ дар матбуоти чопи ин ҳафтаи Душанбе сару садоҳоеро ба бор овардааст.
«Масхарабози Кремл»

«Фараж» аз Жириновский ба унвони «масхарабози Кремл» ном бурд. Аммо нашрия навишт, ки «аҷиб ин буд, ки вақте Жириновский ин суханро ба забон овард, дар толори студия тамошобинон қарсақ заданд. Дар раъйдиҳии тамошобинон низ раиси Ҳизби либерал - демократи Русия пирӯз гардид.»

«Имрӯз нюс» ба ҳамлаҳои ахири сиёсатмадорони рус, ба хусус изҳороти Владимир Жириновский пардохта ва аз қавли Муҳиддин Кабирӣ навишт, ки «изҳороти Жириновскийро таҳқири миллат ва роҳбарияти кишвар ҳисобид». Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ меафзояд, ки «Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон мебошад ва президенти ман низ ҳаст. То имрӯз ягон бор ҳизби мо боиси нобоварии президент нашудааст. Мо пайваста ба ӯ бовар мекунем ва мо наметавонем таҳқирро ба унвони президент таҳаммул намоем.»

“Миллат» дар матлаби «Жириновский дар «ҷанг» -и тан ба тан: кӣ ғолиб, кӣ мағлуб?!» ҳамзамон назари иддае аз хабарнигорону коршиносонро нисбати изҳороти ин мақоми рус пурсидааст. Нуралӣ Давлат, журналисти тоҷик Жириновскийро булбулаки Кремл хонда ва гуфтааст, ки «ҳар гоҳ чизеро ки Кремл расман изҳор кардан нахоҳад, даҳони Жириновский ба кор медарояд. Суханҳои Жириновский чунин маънӣ дорад, ки Кремл сахт нигарон аст, ки чаро Душанбе то ҳол созишномаро дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомӣ ба тасвиб нарасонидааст».

«Тоҷикистон» изҳороти ахири сиёсатмадори русро «сафсатаҳои навбатии Жириновский» унвон карда ва навишт, ки «Русия мехоҳад, ки моро бори дигар «проверят на прочность» кунад. Барои ин артиллерияи вазнини худ: Онишенко, Рогозин, Житриновскийро истифода бурда истодааст».

«Сӯиқасд ба Ҳайит - таҳдид ба озодии баён»

“Миллат» ҳамчунин мусоҳибаеро бо Маҳмадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ чоп кардааст, ки вай ҳамлаи ахир ба худашро «таҳдид ба озодии баён» унвон кардааст. Зеро ҷаноби Ҳайит аз сӯҳбатҳояш дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва изҳори назараш дар баробари намояндаи ҲХДТ дар нашрияи «Азия плюс» ёдовар шуда ва гуфтааст, ки «вақте як рӯзноманигор, як журналист бо қалам, бо сухан сӯҳбат мекунал, вале ин номардҳо бо мушту лагад, ҳатто бо силоҳ сӯҳбат мекунанд, ин таҳдид бевосита ба озодии баён аст, ки Сарқонун озодии баён, ҳуқуқи шаҳрвандонро муайян кардааст, вале дар кишвари мо имрӯз на озодии баён ва ҳуқуқҳои шаҳрвандию сисёсии мардум тазмин намешавад».

«Чархи гардун» дар матлаби «Дар лату куби Маҳмадалии Ҳайит киҳо даст доранд?» аз қавли худи ҲНИТ «ин ҳодисаро дасти гурӯҳи ҷинояткоре донистааст, ки такягоҳашон дар хориҷа аст».

«Имрӯз нюз» бо таваҷҷӯҳ ба ин қазия, мавзӯи амнияти куллияи шаҳрвандонро матраҳ кардааст. Ин аст, ки нашрия суханони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ -ро овардааст, ки «бояд шаҳрвандон эҳсоси амният кунанд. Дар шароите, ки сафи ҷинояткорӣ боло рафтааст, вақти он расидааст, ки масъулини мақомоти қудратӣ тавонмандии худро нишон диҳанд. Вақте тифл рабуда мешаваду пайдо намегардад, вақте як фаъоли сиёсӣ лату кӯб мегардад, ҷинояткор пайдо намешавад ва даҳҳо ҷинояти дигар содир мешаванду ҷинояткорон бидуни ҷазо мемонанд, саволе ба миён меояд, ки пас ба мақомоти қудратӣ ин ҳама нерӯ барои чӣ лозим аст? Танҳо барои ҷаримаи ронандагон ва тафтиши ҳизбҳои сиёсӣ?!»

«Азия плюс» дар матлаби «Бои» без правил» ё «Ҷанг» - и бидуни қоида», ба ҳаводиси ахир марбут ба луту куби Маҳмадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ, қатъи додани визо ба хориҷиён дар остонаи баргузории ҷашни «40 - солагии ҲНИТ» ва мавориди дигари атрофи ин ҳизб ва Ҳизби Умумимиллии Сотсиал - Демократи Тоҷикистон ишора карда ва навишт, ки «ҳизбҳои мухолиф дар бораи фишорҳои ҷиддӣ тавассути ҳукумат садо баланд мекунанд. Оё ин ба маънии он аст, ки раҳбарияти кишвар дигар тавони мубориза бо мухолифони сиёсии худро надорад, ки аз чунин шеваҳо кор мегирад?»

«Манфиати миллӣ болотар аз пойгоҳи низомии Русия»

«Озодагон» бори дигар мавзӯи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба чолиш кашида ва навишт, ки «дар масъалаи Тоҷикистон ва пойгоҳи Русия, манфиати миллӣ болотар аз ҳар чиз аст». Алӣ Мастов, муаллифи матлаб ин суолҳоро пеш меорад, ки «чаро Маскав метавонад ба ҷойи дардноки мо - муҳоҷирон фишор оварда, суди сиёсӣ низ дошта бошад, аммо мо манфиатҳои худро ҳифз карда наметавонем? Чӣ мешавад, агар мо низ мисли онҳо масъаларо рӯйрост ва бидуни дипломатия гузорем: ё моро ҳамчун шарик эҳтиром кунед, ё ягон кишвари дигарро ҷӯед?». Зеро ба таъкиди муаллиф, «ҳамкории мутақобилан судманд, шарикӣ, бояд дар амал бошад, на ин ки танҳо рӯи қоғаз, ё вақте ба «бародари бузург» судманд аст».