Хориҷиёни дар роҳ ба Душанберо аз Истанбул бармегардонанд

Манъи тақдими раводид дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ба барномаҳои коршарикони хориҷии Тоҷикистон ва сафари сайёҳон ба ин ҷумҳурӣ тағйири ҷиддӣ ворид намудааст.
Бисёриҳо аз он шикоят доранд, ки лаҳзаи охирин: дар фурудгоҳ аснои сабтиноми парвоз ва ё ҳатто дар Душанбе, аз ин иқдом огаҳ шуда, бо дилсардӣ маҷбур гаштаанд, сафари Тоҷикистонро дар нимароҳ қатъ кунанд.

Ҳафтаи равон аъзои ҳайати мушовирони Созмони аврупоии амнияти ҳавоӣ (European Aviation Safety Agency) дар фурудгоҳи Истанбул хабар ёфтанд, ки онҳо наметавонанд аз низоми содаи таҳияи раводиди сафар истифода бурда, дар фурудгоҳи Душанбе барои вуруд ба Тоҷикистон раводид дарёфт намояд. Онҳо сафар ба Тоҷикистонро мутафаққиф намуда, то иттилои баъдӣ ба Олмон баргаштаанд.

Дар як сӯҳбати хусусӣ бо Радиои Озодӣ сухангӯи Созмони аврупоии амнияти ҳавоӣ Доминик Фуда гуфт: “Дар Истанбул ба тахминан 40 мусофир гуфтанд, ки бидуни раводиди сафар дар шиносномаҳояшон онҳо наметавонанд ба Тоҷикистон сафар кунанд. Тибқи маъмул онҳо мебоист аснои вуруд дар фурудгоҳ соҳиби виза мешуданд, вале ҳамин тариқ 40 мусофир натавонистанд, сафар ба Тоҷикистонро идома диҳанд".

Созмони аврупоии амнияти ҳавоӣ ба хадамоти ҳавонавардии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут бо амнияти парвозҳо кӯмак мерасонад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд, ки мутаассифона, чандин зиёрати коршарикони онҳо аз сабаби манъи зоҳиран муваққатии тақдими раводиди сафар ба Тоҷикистон то замони номуайян ба таъхир афтидааст. Хабаргузории "Азия-Плюс", рӯзи сешанбе гузориш дод, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зиёда аз 80 шаҳрванди хориҷӣ натавонистанд виза гиранд ва ба ватанҳояшон баргаштанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, мушкилоти марбут ба раводиди сафар ба Тоҷикистон ин як кӯшиши пешгирӣ аз ҳузури меҳмонони хориҷӣ дар ҷашни 40-солагии ин ҳизб аст, ки 27-уми апрел баргузор мешавад. Ин ҳизб наздик ба 200 нафарро барои ширкат дар ин ҷашнвора даъват кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ки феълан додани раводиди сафар дар фурудгоҳи Душанбе манъ шудааст, вале ба гуфти дипломатҳои тоҷик, сафорату консулгариҳои Тоҷикистон таҳияи раводиди сафар ба Тоҷикистонро ба таври маъмулӣ идома медиҳанд. Рӯзи сешанбе сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ-и Тоҷикистон, Абдулфайз Атоев, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки камбудӣ дар таҷҳизоти нашри виза дар фурудгоҳи Душанбе аст. Ӯ афзуд, ки "ҳоло дар пайи тармими ин дастгоҳанд, ки дар фурудгоҳ танҳо яктост”.

Дар ҳамин ҳол то кунун дар торнамои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ягон иттилое дар бораи мушкили раводид дар фурудгоҳи Душанбе нашр нашудааст.
Бар пояи иттилое, ки дар бахши русии сомонаи ин вазорат нашр шудааст, бо ҳадафи ҷалби сармоя ва сайёҳони хориҷӣ, шаҳрвандони 80 кишвари олам ва афроди бидуни шаҳрвандии муқими Тоҷикистон имкон доранд, ки аз режими содаи раводиди сафар истифода бурда, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон визаи ин кишварро дарёфт намоянд.

Як хориҷии тоҷиктабор, ки хонандаи доимии сомонаи Радиои Озодӣ мебошад, иброз дошт, ки ин камбудии фаннии ҷиҳози тақдими виза зиёд ба назари ӯ боварибахш нест. Ӯ акси визаи сафар ба Тоҷикистонро ба мо нишон. Дар он рӯи баргаи виза, ки аслан як пора қоғаз аст, номи мусофир, замони вуруд ба замони беруншавии ӯ аз Тоҷикистон бо даст навишта шудааст. Ин хонанда мегӯяд, ин камбудиҳои нашри виза мисли он “камбудиҳои техникӣ”-е мебошад, ки ҳангоми амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон сабаби қатъи мухобирот бо ин вилоят номида мешуд.

Соли гузашта Хадамоти давлатии алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон эҳтимол бо сабабҳои амниятӣ робитаи телефониву интернетӣ бо Бадахшонро мутаваққиф карда буданд, вале вақте рӯзноманигорон аз мансабдорони ин ниҳод шарҳи чунин ҳолро пурсон шуданд, ҷавоб ин буд, шояд тире хатҳои нуриро вайрон карда бошад.