Дар Тоҷикистон бори аввал машҳуртарин бренд ва ё тамғаи тиҷории дохилиро муайян мекунанд.
Барои муайян кардани бренди аз ҳама маъруф Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел озмуни ҷумҳуриявии «Бренди беҳтарини сол»-ро таъсис додаст.
Зафар Бурҳонов, муовини раиси Маркази миллии патенту иттилоот як ниҳоди марбут ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар сӯҳбат ба РО гуфт мақсад аз баргузории ин озмун, ҳифзи тамғаҳои молии ширкатҳои дохилӣ аст: «Аксарияти ширкатҳои мо бо номҳои гуногун мол истеҳсол карда истодаанд, вале то ба ҳол ба мафҳуми тамғаи молӣ сарфаҳм намераванд. Бархе аз ширкатҳое, ки сифати маҳсулоташон хуб асту дар миёни мардум маҳбубият ба даст овардаанд, тамғаҳои молии худро ҳифз намекунанд. Онҳо бояд дар маркази мо ин тамғаҳои худро ба қайд гиранд то дар мавриди қалбакӣ бо номи маҳсулоти эшон мол тавлид шудан, аз тамғаҳои моли хеш ҳимоят карда тавонанд.»
Бурҳонов афзуд, беҳтарин тамғаҳои молӣ ва ё брендҳои ширкатҳои Тоҷикистонро аъзои ҳакамон муайян хоҳад кард, ки аксарияташон аз намояндагони худи анҷуманҳои соҳикорӣ ва истеҳсолӣ мебошанд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, дар назар аст, озмуни мазкур то ба охирҳои моҳи июни соли равон ҷамъбаст карда шавад.
Ҳамзамон дар варақаи иттилоотии паҳнкардаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз қавли вазир Шариф Раҳимзода омадааст, ки пас аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, воридоту содироти молу маҳсулот зиёд мегардад ва ин дар навбати худ эҳтимолияти шиддати рақобатнокиро ба миён меорад. Аз ин хотир, ширкатҳо ва ҳама истеҳсолкунандагони молу хизматрасониҳо дар пешбурди бренди худ бояд ҳавасманд карда шаванд, то дар бозори дохиливу хориҷӣ мавқеи худро пайдо кунанд.
То чанд соли охир раванди маъруф шудани ин ё он маҳсулот ва чизе монанд ба бренд дар Тоҷикистон хеле примитив ва содда буд. Овозаи сифати ин ё он маҳсулот аз даҳон ба даҳон мерафт ва он мол миёни мардум маъруфият касб мекард. «Носи Каленин», ва ё «носи аэропорт» аз ҳамин қабил «бренд»-ҳои мардумианд.
Аммо ҳоло ширкатҳои Тоҷикистон барои пешбурди тамғаи молӣ ва ё бренди худ бештар талош карда маблағҳои зиёдеро низ дар ин росто масраф мекунанд.
Пӯлод Амирбеков, роҳбари ширкати таблиғотию брендингии «Промоушин» мегӯяд, дар Тоҷикистон то ба ҳол ягон раддабандии машҳуртарин брендҳо баргузор нашудааст вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мардум аз рӯи нишон, рамз ва дигар унсурҳои тасвирӣ ширкатҳоро мешиносанд:
«Бояд гӯям, ки брендҳои машҳур на танҳо аз рамзу номҳои зебо балки аз сифати маҳсулот ва хидматрасонӣ ҳам ташаккул меёбанд. Бренд як маротиба метавонад як маротиба таваҷҷӯҳи муштариро ҷалб кунанд. Вале агар вай як маротиба аз мол ва ё хадамоти ин ширкат истифода бурда аз он қонеъ нашавад вай дигар бор аз он истифода нахоҳад кард.»
Ба гуфтаи ҷаноби Амирбеков, машҳуртарин брендҳо ҳоло дар Тоҷикистон ба ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳо тааллуқ дорад. Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, чун бонкҳо ва ширкатҳои мобилӣ ҳам дар таблозои таблиғотӣ ва ҳатто дар сохти биноҳои маъмуриашон низ аз рангу нишонҳои хос истифода мекунанд, муштариён бинобар дидани ҳамон ранг ва ё нишона, бидуни хондани ном ҳам метавонанд бигӯянд, ки гап дар бораи кадом ширкат меравад.
Салимҷон Салимов, мутахасиси ширкати таблиғотии «Тайрон», ки аз ташаббускори баргузории озумни «Маҳсулоти беҳтарини сол» аст, мегӯяд, озмуни баргузоркардаи эшон якчанд ширкатҳои беҳтаринро муайян кард: «Мо беҳтарин маҳсулотро тариқи овоздиҳии муштариён ва усули чашида баҳо додан (дегустатсия), муайян кардем. Ҳамчунин дар мо ҳайати ҳамакамон ҳам ширкат дошт, ки сифати ҳар маҳсулотро санҷида беҳтаринҳоро муайян сохт.»
Ба гуфтаи Салимов, миёни ширкатҳои маҳсулоти ширӣ «Комбинати шири шаҳри Душанбе», миёни маҳсулоти қаннодӣ ширкати «Ширин» маҳсулоти гӯштӣ ширкати «Тоҳирӣ» аз зумраи беҳтаринҳо эътироф шуданд.
Бренд калимаи англисӣ буда тарҷумаи таҳтулафзиаш тамғаи молӣ ва ё тиҷорӣ аст. Аммо маркетологҳо таҳти ин мафҳум як зумра маълумотҳоеро дар бораи як ширкат дар назар доранд, ки ҳамагон онро мешиносанд ва он аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дар ниҳоди марбути давлати сабт шудааст.