Рӯзи 18 апрел, соати 14 ба вақти Душанбе сӯҳбати нави мустақими видеоии Радиои Озодиро тамошо кунед.
Таҳлилгари рус Андрей Казантсев 5 сенарияи эҳтимолии тағйири марзҳои Осиёи Марказӣ то поёни асри 21-ро матраҳ кардааст. Ба бовари ин таҳлилгар, як силсила омилҳои берунаву дохила дар миён ҳаст, ки метавонад харитаи ин минтақаро дар 100 соли оянда дигар кунад.
Радиои Озодӣ ин мавзӯъро рӯзи 18 апрел дар як мизигирди видеоӣ бо таҳлилгарони тоҷик - устоди факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Амриддин Шарипов, таҳлилгари масоили минтақа Қосими Бекмуҳаммад ва Дилшод Муллоев, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи сиёсат, давлат ва ҳуқуқи Фарҳангистони улум - дар миён хоҳад гузошт.
Суолҳои худро ба мо нависед. Ё ба Радиои Озодӣ занг занед.
Имейли мо: Tajik@rferl.org
Шумораи Озодӣ дар Скайп: ozodi.skype
Телефонҳои мо:
Дар Душанбе: 988 65 94 63 988 65 94 64 985 63 83 56
Дар Прага: 420 725 03 79 43
Хулосаи матлаби Андрей Казантсев инҷост:
Марзҳои Осиёи Марказӣ баъди 100 сол
Андрей Казантсев – мудири маркази таҳлилии МГИМО – дар мақолае бо номи “5 сенарияи марзҳои ояндаи Осиёи Марказӣ”, ки дар сомонаи Шӯрои умури байналмилалии Русия, як ниҳоди таҳқиқотии наздик ба вазорати хориҷаи он кишвар нашр шуд ин суолро мегузорад, ки оё марзҳои ин минтақа дар 100 соли оянда то куҷо тағйир хоҳанд ёфт?
Ба ақидаи Казантсев, дар амри тағйири эҳтимолии марзҳои ин қаламрав ду омил асосист: беруна, яъне бавижа нақши қудратҳои бузург, ва дохилӣ, яъне тағйироти сохтори дар худи 5 кишвари Осиёи Марказӣ.
“Бозии нави бузург”
Муаллиф мегӯяд, агар дахолат аз берун бо ҳамкорӣ ба хотири рушди минтақа маҳдуд шавад ва ҳатто дар сурати афзоиши рақобат байни бозигарони асосӣ, барои мисол, байни Чину Ғарб ё байни Чину Русия аз як сӯ ва Ғарб аз сӯи дигар, марзҳо тағйир нахоҳанд ёфт. Вале дар сурати ба ҳам омадани омилҳое, чун хуруҷи комили Амрико аз Афғонистон, идомаи буҳрон дар Аврупо ва рукуд дар Русия, “Бозии нави бузург” дар Осиёи Миёна метавонад ба фоидаи Чин анҷом ёфта, ин кишварро барои густариши марзҳояш дар ин самт таҳрик диҳад. Хоса дар ҳоле ки Чин алакай дар чорчӯби музокироти Шанхай қаламрави худро аз ҳисоби ҳудудҳои ин минтақа як миқдор зиёд кардааст.
Казантсев эҳтимоли дигар – эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ ё империяи Русияро дар ҳоли ҳозир тақрибан баробари сифр дониста, мегӯяд, ин эҳтимол солтосол камтару камтар мешавад. Вале агар Русия битавонад як модели барои ҳамсояҳояш ҷолиби ҳамоиши Авроосиёро пешниҳод кунад, шояд дар оянда имкони аз байн рафтани марзҳои байни Русия ва Осиёи Марказӣ аз нав қобили арзёбӣ шавад.
Иттиҳоди Осиёи Марказӣ ё хилофат?
Сенарияи севум, ба назари ин таҳлилгар, таъсиси иттиҳоди кишварҳои минтақа ба гунаи Иттиҳодияи Аврупост, ки дар солҳои 90 матраҳ буд. Ин дурнамо ба маҳзи мушкилоти идомадори ин кишварҳо, пеш аз ҳама бар сари масоили обу энержӣ ва танишҳо байни Узбакистону Тоҷикистон дар дастикам 30 соли оянда хеле баъид менамояд, вале то 100 соли дигар бо рафъи ин ҳама мушкилот имкон дорад, ки Иттиҳоди Осиёи Марказӣ билохира рӯи кор биояд. Андрей Казантсев ҳатто эҳтимоли сохтани Осиёи Марказии Бузург бо иловаи Афғонистону Покистонро, ки тарҳашро Амрико ташвиқ дорад, низ сарфи назар намекунад.
Сенарияи чоруми Казантсев марбут ба афзоиши ифротгароии динист, ки ба далелил мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва демографӣ ва ҳам низоъҳои байни кланҳо метавонад мунҷар ба таъсиси хилофат ва ғолибан дар як бахши Осиёи Марказӣ, ба вижа водии Фарғона шавад.
Таҳлилгари рус сенарияи панҷумаш роҷеъ ба марзҳои Осиёи Марказӣ баъди 100 соли дигарро “Фурӯпошии комил” унвон дода, менависад, аз байн рафтани давлатҳои бахусус “осебпазир” дар ҷануби минтақа дур аз эҳтимол нест. Казантсев аз ҷумла аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистону ҳаводиси охири Бадахшон ва ҳам имкони таҷзияи Қирғизистон байни шимолу ҷануб ёдовар мешавад ва мегӯяд, назорати Бишкек бар Ӯш, барои мисол, имрӯз ҳам хеле рамзист.
Пасларзаҳои “табартақсим”
Казантсев дар радифи омилҳои дохилии таъсиргузор ба ояндаи тақсимоти марзии Осиёи Марказӣ ҳамсоягиаш бо Афғонистон, як намунаи классикии “давлати ноком”, ва дар солҳои 20 бар асоси “табартақсим” ҷудо кардани марзҳои кунунии ин минтақаро ном бурда, мегӯяд, ин марзҳои сунъӣ, ки давлатҳои вақти Бухорову Хива ва Қӯқандро аз байн бурд ва шумори бузурге аз тоҷикҳо дар Самарқанду ҷамъе аз узбакҳо дар дохили Тоҷикистон монданд, метавонад дар оянда низ як асбоби дигари баҳсҳои марзӣ шавад. Ӯ аз ҷумла аз марзҳои сунъии қораи Африқо ёдовар мешавад, ки имрӯз бозбинӣ мешаванд ва ба ҳамин тозагӣ дар ин қора давлати нави Судони ҷанубӣ ба вуҷуд омад.
Аммо як хулосаи асосии Андрей Казантсев ин аст, ки мардумони ин минтақа бо ҳолати кунунии тақсимоти марзӣ ва қаламраве, ки насиби кишварашон шудааст, алакай хӯ гирифтаанд ва ғолибан ба ҳар навъ талоши бозбинии ин мерос, аз ҷумла таъсиси хилофат, ё эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ ваё таъсиси ҳар гуна сохторҳои фаромиллӣ дар Осиёи Марказӣ бо иттифоқи оро мухолифат нишон хоҳанд дод.