Президенти Тоҷикистон зимни ирсоли барқияе ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон 17-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи чоршанбе ба унвони президенти Амрико Барак Обама барқияи тасаллият ирсол дошт. Дар ин барқия гуфта мешавад, ки «Тоҷикистон ҳодисаи мудҳиш ва маргбори террористӣ ҳангоми баргузории марафон дар Бостон, ки ҷони афроди мулкиро рабудааст, маҳкум мекунад».
Президенти Тоҷикистон дар ин тасаллиятнома шадидан ин амали зиддиинсониро маҳкум карда, пуштибонии худро дар амри таҳкими нерӯ алайҳи терроризм изҳор дошта, таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори муборизаи амалии муттаҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризм аст. Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз президенти Амрико хоҳиш кардааст, ки ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбониёни ин амали террористӣ бирасонад.
Рӯзи душанбе дар хати ниҳоии дави умумӣ ё марафон дар шаҳри Бостони Амрико таркиш рух дода буд, ки 3 нафар, аз ҷумла як кӯдаки 8-сола, кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, беш аз 170 тани дигар ҷароҳат бардошта, 17 тани онҳо дар вазъи вахим қарор доранд.
Маъмури FBI Рик ДесЛаурес, ки раҳбари таҳқиқот аст, гуфт, доманаи ин таҳқиқот маҳдудаи фаротар аз Бостонро дар бар хоҳад гирифт: “Ин як таҳқиқоти ҷаҳонӣ хоҳад шуд. Мо ба ҷойҳое хоҳем рафт, ки далоилу шавоҳид моро хоҳанд бурд. Мо барои ташхиси нафар ё нафароне, ки масъули ин ҷинояти манфуранд, то ҳар кунҷи сайёра хоҳем рафт ва тамоми корро мекунем, ки онҳоро ба масъулият кашем.”
Волии аёлати Массачусетс Девал Патрик гуфт, бар хилофи гузоришҳои қаблӣ ягон бомби натаркида ёфт нашудааст. Таркишҳои Бостонро раҳбарони ҷаҳон маҳкум карданд.