Интернет - пойгоҳи "гуреза"-ҳои сиёсии тоҷик

Рушди фанновариҳо имкони тамос ва муроҷиат ба мардумро барои он шахсиятҳои мухолифин, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, бештар кардааст.
Аксари ин чеҳраҳо худро акнун аз тариқи Интернету шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ ва ба мардум муаррифӣ мекунанд. Аммо тазоҳуроти ахир дар назди сафорати Амрико дар Душанбе алайҳи раҳоии сарвазири собиқ Абдумалик Абдуллоҷонов нишон дод, ки як бахши ин мӯътаризон дар асл хуб намедонанд, ки нафаре ки онҳо ба Тоҷикистон супурданашро талаб доранд, кист.

Дар воқеъ, садои фаъолони тоҷике ки мулки ғурбатро арсаи фаъолиятҳои сиёсии худ интихоб кардаанд, то куҷо то Тоҷикистон мерасад ва аҳли ин кишвар, бахусус ҷавононаш то куҷо аз вуҷуди ин шахсиятҳо хабар доранд?

Мазҳаб Ҷумаев, донишҷӯйи соли сеюми факултаи филологияи ДОДТ мегӯяд, азбаски ӯ бо интернет зиёд сару кор мегирад, бо чеҳраҳои сиёсии кишвар тариқи ин шабака ошно гардидааст ва Додоҷони Атовулло, Умаралӣ Қувватов ва раиси Созмони ҷавонон дар Маскав, Иззати Амонро мешиносад. Мазҳаби Ҷумъа мегӯяд: «Онҳо ё мухолифини давлатанд ё онҳоро дар Тоҷикистон ҷой намедиҳанду шароит фароҳам намеоранд, то озодона ин ҷо фаъолият кунанд.»

Як ҷавони дигар, ки худро Беҳрӯзи Саид муаррифӣ кард, гуфт, бо шахсияти Абдумалик Абдуллоҷонов танҳо пас аз ташкил кардани пикет дар назди сафорати Амрико ва дафтари СММ ошно гардидааст. Ба ақидаи ӯ, новобаста ба таҳаввулоти ахир, ин шахсият боз ҳам барои барои насли ҷавон то ҷое як чеҳраи ноошно боқӣ мондааст. Беҳрӯзи Саид меафзояд, аммо Умаралӣ Қувватов баъди боздошт шуданаш дар Дубай ба як чеҳраи «ошно» табдил ёфт:

«Ба ман ҳамчун як ҷавони тоҷик тарзи фаъолияти ин ду чеҳраи сиёсии кишвар, Умаралӣ Қувватов ва Абдумалик. Абдуллоҷонов писанд нест. Барои он ки онҳо берун аз хоки Тоҷикистон ба хотири ҳадафҳои дастнорас мубориза бурда, мардуми тоҷикро аз ҳад зиёд сиёҳ мекунанд. Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон барои барқарории сулҳ хизмати зиёде кардааст, гарчанде ҳанӯз ҳам баъзе камбудиҳо дида мешаванд.»

Бахтиёр Гадоев, як ҷавони дигари тоҷик мегӯяд, дар бораи чеҳраҳои сиёсии кишвар, ки дар хориҷ умр ба сар мебаранд, аслан маълумоте надорад: «Танҳо тариқи интернет баъзе хабарҳоро мехонаму халос. Масалан, баъзе хабарҳо дар бораи рӯзноманигори тоҷик, Додоҷони Атовулло ва Бозор Собир, ки намедонам ба гурезаҳои тоҷик шомил мешавад ё не, мешунавам.»

Моҳира Шарипова, донишҷӯйи соли дуюми ДМТ ба «Озодӣ» гуфт, ки бисёранд чеҳраҳои сиёсие, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд. Вале новобаста ба он, ки кори онҳо берун аз кишваранд, ҳамарӯза аз кору зиндагии мардуми тоҷик бохабар мебошанд. Моҳира мегӯяд: «Ба фикри ман, сабаби берун аз Ватан зиндагӣ кардани онҳо кори шахсияшон мебошад. Он чеҳраҳои сиёсие, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанду мешиносам, Додоҷони Атовулло, Иззати Амон ва Каромат Шарипов мебошад». Аммо Моҳира Шарипова афзуд, ки Абдумалик Абдуллоҷоновро умуман намешиносад.

Пурсишҳои мо нишон дод, ки ҳатто дар байни ҷавонони шаҳрнишине, ки аз субҳ то шом сайри Интернет мекунанд, на ҳама бо «гурезаҳои» сиёсии тоҷик ошноянду дар бораашон маълумоти кофӣ доранд. Чӣ равад ба манотиқи берунтар аз пойтахт, ки аксари мардумаш андармони пешбурди аробаи зиндагии худанд ва бо вуҷуди таблиғи ҳамарӯзаи расонаҳои расмӣ ҳатто аз ситораҳои расмии осмони сиёсии Тоҷикистон хабари чандон надоранд.

Шуъоъи қаҳрамонҳои ин гузориши мо, ки хеле аз дур медурахшанд, шояд то ба ин гӯшаҳои музофотӣ ҳатто нарасад ва дар ин гӯшаҳо шояд кам касе донад, ки Абдуллоҷоновро, барои мисол, барои чӣ таъқиб мекунанд, ё чаро Додоҷони Атовуллоҳ ба Тоҷикистон барнамегардад ва оё Каромат Шарипов ё Умаралӣ Қувватов кист?