Русия ҳаракати қаторҳои Тоҷикистонро дар қаламраваш манъ мекунад

Хадамоти марзбонии Русия қатъи ҳаракати қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистонро зарур мешуморад.
Ин даъват дар пайи ҷаласаи сайёри Хадамоти марзбонии Русия, таҳти раҳбарии ноиби нахуствазир Дмитрий Рогозин дар Астрахан садо дод. Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, тафтиши вагонҳои Тоҷикистон мақомотро ба ҳоли "шок" овард ва қарор шуд, ки қаторҳои Тоҷикистонро дигар ба қаламрави Русия роҳ надиҳанд.

Қаблан дар ин нишаст тасмим гирифта шуд, ки барои тафтиши қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон ба самти Русия, дар марз бо Қазоқистон посгоҳҳои нав бунёд кунанд. Дар ин бора Владимир Мочалов, муовини раҳбари Хадамоти федералии марзбонии Русия рӯзи душанбе зимни нишасти Комиссияи давлатии марзӣ, ки таҳти сарварии муовини нахуствазири ин кишвар Дмитрий Рогозин баргузор шуд, хабар додааст.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таҳдиди Русия ба манъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон




Ба гуфтаи Мочалов, баъд аз тафтиши гузаргоҳи “Оқсарой 1” дар вилояти Астрахан аз сӯи муовини нахуствазир, ба Хадамоти марзбонӣ ва ширкати роҳи оҳани Русия дастур дода шуд, ки баъд аз ҷудо кардани маблағи зарурӣ аз буҷа ин гузаргоҳ навсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурии назорат ва мухобирот муҷаҳҳаз шавад.

Оқои Мочалов аз вазорати нақлиёти Русия дархост кардааст, ки тақвими ҳаракат дар самти Тоҷикистон-Русияро рӯзона ва тарзе ба роҳ монад, ки имкони тафтиши мӯшикофона вуҷуд дошта бошад.

Ин тасмим дар ҳоле рӯи даст гирифта мешавад, ки Геннадий Онишенко, сардухтури санитарии Русия рӯзи якшанбе пас аз шиносоӣ бо хадамоти марзбонӣ ва гумрукии истгоҳи Аксарайскии вилояти Астрахан, аз вазъи бади санитарии тарабхонаҳои қатораҳо интиқод карда буд. Сардухтури санитарии Русия, гуфтааст, ин қатораҳо аз оддитари шароити беҳдошти бархӯрдор нестанд.

Оқои Рогозин, муовинин нахуствазири Русия, ки дар ин сафар сардухтури санитарии Русияро ҳамроҳӣ менамуд, ба хабарнигорон гуфтааст, ки муҳоҷирон ба Русия бо қаторҳое меоянд, ки барои мусофирбарӣ пешбинӣ нашудааст. Рогозин гуфтааст, "низоми бидуни раводид ба маъное нест, ки Русия хонаи бедарударвоза бошад." Аммо рӯзи душанбе муовини сарвазири Русия як каме нармтар сӯҳбат дода, гуфтааст, Кумиссиюни давлатии масоили марзӣ, ки раҳбариашро дар ҳукумати Русия худи Рогозин бар ӯҳда дорад, пешниҳоди Хадамоти марзбонӣ ҷиҳати манъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистонро қабул надорад. Рогозин чунин пешниҳодро "тунд" хонда, гуфтааст, "чунин масоили ҳамкрпӣ бо Тоҷикистон ҳамчун шарики Русия дар ОДКБ ва СНГ бояд дар рӯҳияи мушорикат баррасӣ шаванд, вале ба шарти эҳтироми ҳатмӣ ба қонунгузории Русия."

Дар ҳамин ҳол, Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳанӯз бо гурӯҳи раҳбаладони ин хатсайр мулоқот накардааст ва дар робита ба иддаои Генадий Онишенко ҳеҷ шарҳе дода наметавонад.

Дар гузашта низ мақомоти рус алайҳи Тоҷикистон ин гуна иқдомоти “аҷулона”-ро рӯи даст гирифта буданд, ки ба гуфтаи коршиносон, заминаҳо сиёсӣ доранд ва ҳар вақте, ки миёни Душанбе ва Маскав “гурбаи сиёҳ” гузашт, ҷаноби Онишенко “вориди майдон” мешавад. Таҳрими меваи Тоҷикистон ба Русия дар чанд соли пеш, манъи вуруди тоҷикон ба Русия бинобар доштани бемориҳои вогир, аз ҷумлаи касалии сил, аз ҷумлаи изҳороти пурсару садои Онишенко мебошанд.

Ҳамчунин, дар пайи баҳси додгоҳии ду халабони ширкати русии "Ролкан" дар моҳи ноябри соли 2011-ум "Роспотребнадзор" таҳдид намуд, ки воридоти маҳсулоти зироатӣ аз Тоҷикистонро мамнӯъ хоҳад кард.