Волидони бархе аз зиндониёни маҳбаси шумораи 3-и шаҳри Хуҷанд, барои додхоҳӣ ба сафорати Амрико дар Душанбе муроҷиат кардаанд.
Онҳо хостори мулоқот бо сафир Сюзан Эллиотт шуда, хоҳиш доранд, ки ба шикояти онҳо расидагӣ шавад.
Волидони маҳбуси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд Сунатулло Ризоев ба нишони эътироз ба қарори дубораи Додгоҳи Хуҷанд дар нисбати фарзандашон, субҳи имрӯз ба назди сафорати Амрико омадаанд. Дар назди сафорати Амрико волидони Ҳамза Икромзода, ки ба қавли наздиконаш бар асари латтукуби кормандони маҳбас ҷон дода буд, низ ҷамъ омадаанд.
Меҳрнигор Ризоева, модари Сунатулло Ризоев рӯзи 15-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки субҳи барвақти душанбе дар назди сафорати Амрико 5 нафар волидони маҳбусҳо ҷамъ омаданд ва хоҳиш доранд, ки сафири Амрико онҳоро қабул намуда ба шикоятҳои онҳо расидагӣ кунад.
Меҳрнигор Ризоева меафзояд, ки Додгоҳи Хуҷанд ғайри қонунӣ дар нисбати фарзандаш Сунатулло Ризоев дубора парванда боз кардааст: «Се моҳ мешавад, ки ба Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл, Додситонии назоратӣ ва то ба президенти Тоҷикистон рафтем, касе ба додамон нарасид ва ба аризаҳои мо аслан диққат надоданд. Барои ҳамин ба назди сафири Амрико омадем.»
Файзалӣ Икромзода, падари Ҳамза Икромзода мегӯяд, ки Раёсати ислоҳии маҳбасҳо ҳамаи шоҳидони ҳодисаи марги фарзандаш, аз ҷумла Сунатулло Ризоев ва Садриддин Тошевро ба Хуҷанд бурда, алайҳи онҳо бо туҳматҳои беасос парванда боз карда, даҳони онҳоро бастааст.
Вай меафзояд, ки аз ҷараёни баррасии парвандаи фарзандаш комилан норозӣ ҳаст ва мехоҳад, ки шоҳидони ҳодисаи марги фарзандаш аз маҳбаси Хуҷанд ба Душанбе интиқол дода шаванд. Файзалӣ Икромзода меафзояд, ки намояндаи сафорат ба назди онҳо омада ва ба арзи онҳо гӯш дода масъалаи вохурии онҳо бо Сафири Амиркоро баррасӣ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, як масъули сафорати Амрико дар Душанбе муроҷиати волидони бархе аз маҳбусон ба сафоратро таъйид кард ва гуфт, онҳо талаби мулоқот бо сафирро доранд. Ин манбаъ афзуд, ин талаби волидони маҳбусон ҳамакнун мавриди баррасӣ қарор дорад.
Аз ин қабл масъулони Додситонии назоратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки, дар таҳқиқи парвандаи пахши видеои баҳсбарангез роҷеъ ба шиканҷа шудани маҳбусон дар зиндони Хуҷанд ширкат доранд ва дар ин роҳ ба додситонии вилояти Суғд мадад мерасонанд.
Муовини прокурори назоратии Додситонии кулли Тоҷикистон Рустам Азизов, ин хабарро тасдиқ кард ва аммо гуфт, тафтиш идома дошта, то поёни он ҷузъиёти парванда ошкор нахоҳад шуд. Парвандаи мазкур аз тарафи додситонии вилояти Суғд ифтитоҳ ёфтааст ва бо дархости он намояндагони расонаҳои ахбори ом, ки ин видеоро пахш кардаанд, бозпурсӣ шуданд.
Сухан аз як навори тақрибан 1-соатаи видеоӣ меравад, ки дар он маҳбусон бо навбат назди дурбин меоянд ва пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар бадани худ нишон медиҳанд. Ин навор дар моҳи декабр ба расонаҳои ахбори ом дастрас гашт ва сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард. Бино бар парвандаи таҳқиқи он, алҳол ду маҳбуси зиндони Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевба "пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин" ва "пахши хабаре, ки кори муассисаҳои ислоҳотиро бенизом мекунад", айбдор мешаванд.