Додгоҳ истирдоди Умаралӣ Қувватовро тасдиқ кард

Умаралӣ Қувватов

Рӯзи якшанбе додгоҳи поёнӣ истирдоди соҳибкор Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистонро тасдиқ кардааст.
Наздикони соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов хабар доданд, ки додгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб истирдоди Қувватов ба Тоҷикистонро тасдиқ кард. Ҳоло иттилои кофӣ дар даст нест, ки бар пояи қонунҳои Дубай ин ҳукми додгоҳ чӣ маънӣ дорад?
Ин дар ҳолест, ки 10-уми март додгоҳи Дубай талаби Тоҷикистон дар бораи истирдоди Қувватовро рад карда, мурофиаро барои як моҳ мавқуф гузошт.

Созмони Афви байналмилалӣ рӯзи 11 январи соли 2013 дар як изҳорот бо нигаронӣ аз сарнавишти Умаралӣ Қувватов гуфта буд, ки ӯ дар сурати истирдодаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ба хатари шиканҷа ё шаклҳои дигари бадрафторӣ дучор хоҳад шуд.

Қувватов, ки бо наздикони президент Эмомалӣ Раҳмон тиҷорати муштарак дошта, баъди қатъи ҳамкорӣ бо онҳо ба Маскав фирор кард, тобистони соли 2012 аз пойтахти Русия дар бораи таъсиси созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо номи “Гурӯҳи 24” эълон кард. Ӯ рӯзи 23-юми декабри соли гузашта дар фурудгоҳи аморати Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд ва дертар мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ин боздошт бо дархости онҳо ба вуқӯъ пайвастааст.

Раиси Оҷонси зидди коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов гуфт, ки парвандаи зидди Қувватов бо иттиҳоми рабудани 6 миллион сомонӣ таҳия шуда, ба он инчунин шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон низ илова шудааст.


Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Қуватов айбномаро беасос номида, гуфт, аз Тоҷикистон зери фишор ва бо дасти холӣ баромадааст. Ҳамчунон ӯ афзуд, ки қабл аз тарки Тоҷикистон карданаш раҳбари ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” буд, ки ҳоло ба яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ доранд.