Хоҳари генерал Ғаффор Мирзоев: «Бародарам бемор аст»

Наздикони Ғаффор Мирзоев мегӯянд, ки генерали собиқ дар маҳбас аз беморӣ ранҷ мебарад.
Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, ки рӯзи 11-уми апрел ба "Озодӣ" сӯҳбат мекард, гуфт, ғизои 6 моҳа барои бародарашро ба боздоштгоҳи мувақатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки онҷо нигаҳорӣ мешавад, овардааст ва кормандони маҳбас онро қабул карданд.

Хонум Мирзоева афзуд, бо бародараш мулоқот накардааст, вале дар номае, ки аз дохили ҳабсхона ба вай фиристодааст, зикр кардааст, ки бемор асту пойҳояш сахт дард мекунанд. Ба нақли Оиша Мирзоева, ҳоло талош дорад, ки бар иловаи нигоҳубини пизишки ҳабсхона, боз барои ба беморхонаи маҳбасхонаҳо интиқол додани бародараш, бо масъулини боздоштгоҳ мулоқот кунад. Ба гуфтаи вай, утоқе, ки Ғаффор Мирзоев нигоҳдорӣ мешавад 2,5 ба 5 метр андоза дорад ва боз се нафари дигар ҳамроҳи вай ба сар мебаранд.

Аммо сарфи назар аз ин ҳама, Ғаффор Мирзоев аз мақомоти додгоҳии Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки парвандааш бозбинӣ шавад, зеро ба бархе аз бандҳои айбномаааш розӣ нест. Ғаффор Мирзоев тибқи ҳукми Додгоҳи олӣ бо ҷурми «одамкушӣ» ва гузаронидани маводи ғайриқонунӣ аз тариқи гумрук низ маҳкум шудааст ва мехоҳад дар ин масъала рӯшанӣ андохта шавад.

Масъалаи дигар, эълони ҳукми абад аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон аст, ки соли 2006 дар нисбати вай содир шудаааст. Ба қавли Оиша Мирзоева, вақте «ҳукми абад» алайҳи бародараш дар соли 2006 эълон шуд, дар Тоҷикистон ҳукми абад ҳамчун навъи ҷазо ба иҷро надаромада буд.

Оиша Мирзоева мегӯяд, ки қаблан дар ҳафтае ду маротиба барои бародараш хӯрок мебурд ва аз тарафи кормандони боздоштгоҳ қабул карда мешуд. Аммо аз моҳи январи соли ҷорӣ ба ин тараф дар 6 моҳ расонидани хӯрока ба маҳбусонро танҳо як маротиба қабул мекунанд. Ҳоло дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мағоза боз шудааст ва барои маҳбусҳо танҳо пул интиқол дода мешавад. Оиша Мирзоева мегӯяд, ки бародараш аз шароити нигоҳдорӣ дар боздошт шикоят надорад.

Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди президентии пешин ва раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулаққаб ба “Ғаффор –Седой” дар августи соли 2004 боздошт ва дар августи соли 2006 бо ҷурми даст доштан дар беш аз 90 ҷиноят маҳкум ба ҳабси абад шуд.