Додгоҳ дар вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Восеъро дар хушунати хонаводагӣ муҷрим дониста ва ӯро ба 5 соли зиндон маҳкум кард.
Сироҷиддин Нуров, додситони вилояти Хатлон рӯзи чоршанбеи 10-уми апрел дар як нишаст гуфт, Умед Талбаков, сокини ноҳии Восеъ, хонумаш Зумратбӣ Шарифоваро мунтазам маврид лату куб қарор додааст, ки дар ниҳоят ин зан маҷбур шудааст, ки даст ба худкушӣ занад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки мавзӯи худкушии занон ба шиддат мояи нигаронии мақомоти Хатлон гардида ва тамоми ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят, фаъолияти худро нисбати ин масъала ҳамоҳанг кардаанд.
Ба таъкиди додситонии вилояти Хатлон, дар як соли ахир 33 нафар сокини ин вилоят танҳо "дар натиҷаи ҷанҷоли ночизи оилавӣ", даст ба худкушӣ задаанд.
Гузоришҳо ҳокист, ки 14 нафари дигар "дар натиҷаи муомилаи бераҳмона ва азобу уқубат додан аз ҷониби дигар" ва 17 нафар "аз душвориҳои муқаррарии рӯзгор", даст ба хушкушӣ задаанд.
Ба ин далел додситонии Хатлон алайҳи онҳое, ки одамонро ба худкушӣ расонидаанд, 13 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Аммо ба таъкиди мақомоти додситонӣ, мавориди худкушӣ бо роҳи худовезӣ аз шаклҳои маъмултарини худкушӣ дар ин минтақа буда ва то кунун 98 мавриди он сабт шудааст.
ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД