Сергей Строкан, шореҳи нашрияи “Коммерсант”-и чопи Маскав, ба Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон барои Кремл, ба ҳар сурат, як шарики озмудашуда ва, тавре масъалаи мушкил, вале дар ниҳоят ба фоидаи Русия ҳаллшудаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-аш нишон дод, қобили муомила ҳаст ва гумон аст, ки Кремл дар интихобот алайҳи Раҳмон бозӣ кунад:
“Ҳоло як статус-кво барқарор шудааст ва ларзондани киштии Тоҷикистон дар ин шароит барои Русия чизе намедиҳад. Албатта, Раҳмон дигар барои Русия як шарики осон нест, вале ҳадди ақал фаҳмост, ки аз ӯ чиро метавон мунтазир шуд ва қоидаи бозӣ бо Раҳмон чӣ гуна аст. Кремл бояд бо нафаре, ки ба ҷои ӯ меояд, бояд ҳамаро аз нав оғоз кунад. Аз ин рӯ, фикр намекунам, ки Кремл фаъолона алайҳи Раҳмон бозӣ кунад. Вале аз тарафи дигар, Русия ҳамкориро бо мухолифини ӯ низ бештар хоҳад кард. Яъне тибқи ҳамон мақоли маъруфи русӣ, ки мегӯяд, ҳамаи тухмҳоро на дар як сабад, балки бояд дар сабаҳои гуногун андохт.”
Дар воқеъ, ба фарқ аз Рамазон Абдулатипов, ки дар тамоми тӯли сафораташ дар Душанбе аз ҳар навъ дидор ё тамос бо мухолифин парҳез мекард, сафири кунунӣ Юрий Попов ба ҳар сурат бо раиси ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ мулоқоте дошт. Таҳлилгарон мегӯянд, ин тағйир дар шеваи сиёсатҳои Маскав аз шикастҳояш дар натиҷаи инқилобҳои “Баҳори Араб” бармеояд, ки дар аксари ҳолот мунҷар ба суқути режимҳои худкома, вале бо Маскав дӯст шуда, нирӯҳои исломгароеро ба қудрат расонд, ки Русия комилан нодидаашон мегирифт ва онҳо ҳам ба навбаи худ баъди пирӯзӣ дар интихоботҳо худро дар назди Маскав заррае қарздор намешуморанд.
Қиблаи умеди ҳам давлат ва ҳам мухолифин
Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон танҳо ҳукумати Раҳмон нест, ки дар пешорӯи интихобот рӯи “ок”-и Маскав ҳисоб мекунад. Мухолифини ӯ низ умедворанд, ки Кремл билохира ба нирӯҳои дигари фаъол дар саҳнаи Тоҷикистон рӯ хоҳад овард ва ҳадди ақал, чун дар намунаи соли 1994, ки Душанберо ба сабти номзадии Абдумалик Абдуллоҷонов маҷбур кард, инбор низ шарики стротегиашро ба мурооти бештари меъёрҳои демократӣ дар интихоботи моҳи ноябр ташвиқ хоҳад кард. Вале Русия ба фарқ аз Ғарб ҳеҷ гоҳ худро ҳамчун пуштибони масоиле, чун демократия ё ҳуқуқи башар, матраҳ накардааст, балки интихоботҳои ахираш, аз ҷумла бозгашти Владимир Путин ба давраи севуми раёсат, нишон медиҳад, ки ин кишвар худ ҳарчӣ бештар аз модели низомҳои худкомаи Осиёи Марказӣ нусха мебардорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маскав ба интихоботи президентии Тоҷикистон чӣ таъсир дорад?
Сергей Строкан, шореҳи “Коммерсант” мегӯяд, аз ин лиҳоз, набояд рақибони эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмон зиёд умедвори ёрӣ аз Кремл шаванд: “Чунки Русия ба демократия назари худро дорад ва бар ин аст, ки равандҳои сиёсӣ дар ҳар куҷои дунё, чӣ дар Мямар, чӣ дар Чин, чӣ дар Тоҷикиситон ва чӣ дар худи Русия умури дохилии ин кишварҳост ва бояд дар дохил ҳаллуфасл шаванд, на бо дахолат аз хориҷ. Ин аст, ки ҳоло созмонҳои ғайридавлатиро дар Русия инқадар ғалбер мекунанд. Аз ин нигоҳ, фикр накунам, ки Русия ба сатҳи
Артём Улунян
демократия дар интихоботи Тоҷикистон зиёд таваҷҷӯҳ кунад. Русия дар онҷо бештар манфиатдори як ҳукумати босуботест, ки ҳадди ақал шарики содиқ ва пешгӯишаванда бошад. Демократияи Тоҷикистон барои Маскав шояд як масъалаи дараҷаи даҳ бошад.”
Таҳлилгари рус Артём Улунян мегӯяд, дар ҳар сурат, Русия тағйири куллие дар сиёсаташ дар қиболи Тоҷикистон нахоҳад кард, зеро мутмаин нест, ки бо табдили қудрат дар Душанбе нирӯҳои нисбат ба Раҳмон ба Маскав содиқтар рӯи кор биоянд ва нуфузи Русия дар ин қаламрав дар натиҷаи ин тағйирот бештар шавад: “Гузашта аз ин, аз касе пинҳон нест, ки вобастагии зиёди раҳбарони кунунии Тоҷикистон аз Маскав ба онҳо маҷоли зиёде барои мустақилият намедиҳад. Ва Маскав зоҳиран бо ҳамин ҳукумат, бо ҳамон шеваи “ё ба зорӣ, ё ба зӯрӣ, ё ба зар” кор хоҳад кард. Нигароние ҳам вуҷуд дорад, ки шояд дар Душанбе ин ё он номзади рӯ ба Амрико ба майдон биояд ва ҷои пойи Русия дар Тоҷикистон тангтар шавад. Аз ин рӯ, Маскав бештар ба ҳифзи Раҳмон дар қудрат манфиатдор менамояд, бахусус дар ҳоле ки Кремл васоили муайяни фишор ба ӯро дар ихтиёр дорад.”
Қартаҳои кӯҳна: муҳоҷирон, пойгоҳ, маҳаллгароӣ...
Вале Русия, ки дар соли 2008 Осетияи ҷанубиро бо ҷанг аз Гурҷистон ҷудо карда буд, соле пеш натавонист номзади мавриди назарашро ҳатто ба ин вилояти хурди комилан вобаста аз Маскав таҳмил кунад. Нафари Русия дар инҷо танҳо дар интихоботи дувум баранда шуд. Номзади Кремл дар интихоботи Приднестовйе, ки худро аз Молдова мустақил эълон кардааст ва 20 сол боз пурра аз дастурхони Маскав нон мехӯрад, низ шикаст хӯрд. Ин ду маврид ҳокист, ки дасти Маскав дар паҳнои пасошӯравӣ, ҳатто дар он гӯшаҳои ангуштшуморе, ки ҳамчунон дар меҳвараш мечарханд, дигар чандон дароз нест, ки барои мисол, дар солҳои 90 буд. Ва он васоили маъмулии фишор, чун
масъалаи инак ҳаллшудаи пойгоҳ ва ҳам қартаи 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки Маскав ҳар гоҳе барои таҳмили хостаҳояш ба Душанбе аз бағал берун мекашад, шояд барои таъсири фавқулоддае ба натоиҷи интихоботи имсолаи Тоҷикистон кифоят накунад.
Аммо Артём Улунян мегӯяд, як нуқтаи асосии заъфи Тоҷикистон, ки метавонад дар интихоботҳояш ҳам истифода шавад, аз дохили худаш бармехезад: “Дар Тоҷикистон, ки ҷудоӣ байни минтақаҳояш хеле маҳсус аст, истифодаи нирӯҳои хориҷӣ аз қартаи минтақагароӣ ба хотири таъсир ба вазъи сиёсии ин кишварро набояд истисно кард. Аз ҷумла бо пуштибонӣ аз элитаҳову кланҳои ин ё он минтақа. Ҳар минтақаи Тоҷикистон метавонад мавриди истифодаи ин нирӯҳо қарор бигирад: Чӣ Бадахшон ва чӣ Кӯлоб.”
Маҳмуд Худойбердиевро зинда мекунанд?
Зимнан Узбакистон, ки якҷо бо Русия дар расидани Эмомалӣ Раҳмон ба қудрат дар поёни соли 1992 нақши аввал дошт, дар интихоботи соли 1994 ба ҳимоят аз номзадии Абдумалик Абдуллоҷонов дар қатори элитаҳои минтақавӣ аз узбактаборҳо, ки бино ба ҳисобҳо, панҷяки аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, низ истифода бурд. Аммо дар ин ду даҳаи сардии равобити хусусии Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои элитаҳову кланҳои вақти ҳокими вилояти Суғд ва водии Ҳисор, ки 19 сол пеш аз номзади мавриди назари
Тошканд ҳимоят карданд, насли наве рӯи кор омадааст, ки ба даҳони Душанбе нигоҳ мекунад, на ба Тошканд. Узбактаборҳо низ дигар мисли авоили солҳои 90 нирӯи якпорчаву мунсаҷиме нестанд ва шикасти нирӯҳои Маҳмуд Худойбердиев дар исёни соли 1997 дар водиҳои Вахшу Ҳисор ва ҳамлаи соли 1998 ба вилояти Суғд Тошкандро аз пуштивонаи низомии таъсир ба равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳрум кардааст.