“Фарҳанг” - луғати тоҷикӣ дар Гугл плей

Дар Гугл плей ё фурӯшгоҳи замимаҳои телефонҳои андроид як замимаи нави тоҷикӣ барои баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки донишҷӯёни тоҷики хориҷ аз кишвар таҳия кардаанд.
Муаллифони луғати мазкур бо номи “Фарҳанг” Ҳадятуллои Хайрулло, Маҳмадсаиди Сайфулло ва Насриддини Саид донишҷӯёни Донишгоҳи политехникии шаҳри Харкови Украина ҳастанд. Луғати мазкур, ки ройгон аст, андаке бештар аз 132 ҳазор вожаву ибораро дар бар мегирад ва баъди насб дар телефони ҳушманди шумо бидуни интернет ҳам кор мекунад. Пештар аз ин замима дар Гугл плей, замимаи тоҷикии “Калима” аз тарафи як ширкати тоҷикӣ ворид шуд, ки луғати англисӣ ва тоҷикӣ аст ва онро дар ивази камтар аз 5 доллар метавонед аз Гугл Плей бихаред.

Ҳадятуллои Хайрулло дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки онҳо қасд доранд, луғати “Фарҳанг”-ро барои Айфон низ мувофиқ кунанд ва ҳам замимаи “Қуръон” бо хати сирриликро барои телефонҳои Андроид бисозанд.

Гуфтӯгуро бо Ҳадятулло инҷо бишнавед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Суҳбати радиои "Озодӣ" бо Ҳадятуллои Хайрулло