Анҷоми амалиёти нерӯҳои амниятии Афғонистон алайҳи гурӯҳҳои ҷангӣ дар дараи Вардуҷи Бадахшон ҳанӯз аз коҳиши хатари вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба Тоҷикистон итминони хотир дода наметавонад.
Номи дараи Вардуҷ тобистони соли гузашта замоне сари забонҳо афтод, ки мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар ин дара ҷангиёни Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳ таҷаммуъ карда, ҳадаф доранд, дар Осиёи Марказӣ ноамнӣ эҷод кунанд.
Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи иттилое, ки ба даст омадааст, ин гурӯҳҳо аз қисматҳои дастрас ба манотиқи душворгузари Вардуҷ ва манотиқи ҳамҷавораш фирор кардаанд ва аз ин хотир, намешавад гуфт, ки хатари онҳо бартараф шудааст: «Мо шабу рӯз дар ҷараён ҳастем, ки дар он ҷо чӣ шуд ва чӣ мегузарад, чӣ қадар қувва ва чӣ ҳадафҳо доранд. Ниҳодҳое ҳастанд, ки масъуланд ва кор мекунанд.»
Намояндаи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ки анҷоми амалиёти Вардуҷ низоми хизмат дар қисмҳои марзбониро тағйир намедиҳад.
Сокинони Вардуҷ мегӯянд, онҳо то соли 2004 бо Толибон ва «Ал-қоида» мухолифат ва аз ҳукумати кунунии Афғонистон ҳимоят мекарданд ва гурӯҳҳои ҷиҳодии онҳо ба Ҷамъияти исломии Афғонистон таҳти сарварии Бурҳонуддин Раббонӣ мансуб буданд. Аммо баъдан миёни онҳо ва ҳукумати Кобул ихтилоф афтод. Ва ҳатто соли 2005 онҳо Вардуҷро аз Баҳорак ҷудо карда вулусволии мустақил шуданд.
Хушқадам Раҳмонӣ, яке аз сокинони Вардуҷ ба «Озодӣ» гуфт, сабаби мухолифати сокинон бо ҳукумати Афғонистон, куштори мармузи лидери дара - Саид Наҷмуддини Висоқ, фармондеҳи Ҷамъияти исломӣ буд: «Ин шахс пас аз Аҳмадшоҳи Масъуд дуввумин нафари муътабар дар шимоли Афғонистон маҳсуб мешуд, аз Чокарони Вардуҷ буд. Вақте ӯ кушта шуд ва қотилаш ҳам маълум буд, мардум талаб карданд, ки қотилро бисупоранд. Ин корро ҳукумат накард.»
Ба қавли ӯ, бо истифода аз ин вазъ Толибон бо гурӯҳҳои ҷиҳодии Вардуҷ вориди музокира шуда, ба онҳо имтиёз доданд ва онҳоро ҳамкори худ карданд.
Аммо чаро дараи Вардуҷ барои Толибон муҳим аст? Мақомоти афғон мегӯянд, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳукумати қаблии Толибон барои тасаллут бар ин дара зиёд мекӯшиданд, зеро Вардуҷ минтақаи калидии Бадахшон аст ва роҳҳо ба Осиёи Марказиву Покистонро ба ҳам васл мекунад.
Муҳаммад Воҳидхон, ки то соли гузашта фармондеҳии қитъаи марзии ин минтақаро ба зимма дошт, мегӯяд, Толибон ба ин хулоса расидаанд, ки барои тасаллут пайдо кардан ба Бадахшон, ки дафъаи гузашта даст надода буд, Вардуҷ аҳамияти калидӣ дорад: «Агар Толибон тавонанд Вардуҷро пурра таҳти назорат гиранд, дасти онҳо ба сӯи манотиқи марзии Ишкошим, Вахон, Шуғнон, Дарвозҳо ва Зебок дароз мешавад. Ҳадафи дигари инҳо Тоҷикистон, бахусус қисмати Бадахшони он аст. Он замон онҳо метавонанд ба Тоҷикистон бидуни мушкил дастрасӣ дошта бошанд. Фикр накунам, ки ҳамла меоранд, аммо ҳатман мухолифони ҳамақидаи худ дар ин кишварро сармоягузорӣ ва тарбия мекунанд.»
Ин манбаъ мегӯяд, дар дараи Вардуҷ ҷангиёни Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои шимол кам ба назар мерасанд, онҳо ба теъдоди то 10 нафар пайдо мешаванд ва дар амалиёти ахир ҳам се размандаи Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шудаанд. Вай афзуд, размандаҳои хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикону узбакҳо, чеченҳову дигар миллиятҳо дар минтақаи Зебоки ҳаммарз бо Афғонистон қарор доранд.
Дар ҳоле, ки мақомоти Афғонистон ба камии теъдоди ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҷамоаи Ансоруллоҳ таъкид мекунанд, гуфта мешавад, теъдоди ками онҳо низ барои амнияти Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ хатар хоҳад дошт. Онҳо метавонанд, ба гурӯҳҳои махфии тундрав дар ин ҷо паём ва илҳом диҳанд.
Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, узви Кумитаи дифоъ, амният ва тартиботи ҳуқуқии парлумони Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, чунин нерӯҳои махфӣ алҳол вуҷуд надоранд, аммо эҳтимоли пайдо шуданашон дар пайи ба қудрат расидани Толибон мавҷуд аст: «То ҳол ягон нерӯи қудратманде, ки онро нерӯ гуфта шавад ва ба Толибон наздик ва ба сари қудрат омадани онҳо ҳавасманд бошад, дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо вазъ ба ҳамин минвол идома ёбад, яъне тундравии зиёди ҳукумат ва фишорҳо ба нерӯҳои солиму мӯътадил идома ёбанду агар сабаб нашаванд, ки тундравҳо пайдо нашаванд, дигар хатаре нест.»
Дар ҳамин ҳол, дар суҳбатҳои бидуни микрофон иддае аз коршиносон бо ишора ба бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони исломи мӯътадил ва сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИ ҳадс мезананд, ки ҳукумат ин ҷиноҳҳоро ҳамкори эҳтимолии
Толибон мешуморанд. Аммо мақомот феҳрасти гурӯҳҳои ғайриқонуниро дар соли 2000 эълон кардааст ва бештар ҲИУ, Ҳизби таҳрир ва Ҷаомати Ансоруллоҳро манбаи хатар медонад.
Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи иттилое, ки ба даст омадааст, ин гурӯҳҳо аз қисматҳои дастрас ба манотиқи душворгузари Вардуҷ ва манотиқи ҳамҷавораш фирор кардаанд ва аз ин хотир, намешавад гуфт, ки хатари онҳо бартараф шудааст: «Мо шабу рӯз дар ҷараён ҳастем, ки дар он ҷо чӣ шуд ва чӣ мегузарад, чӣ қадар қувва ва чӣ ҳадафҳо доранд. Ниҳодҳое ҳастанд, ки масъуланд ва кор мекунанд.»
Сокинони Вардуҷ мегӯянд, онҳо то соли 2004 бо Толибон ва «Ал-қоида» мухолифат ва аз ҳукумати кунунии Афғонистон ҳимоят мекарданд ва гурӯҳҳои ҷиҳодии онҳо ба Ҷамъияти исломии Афғонистон таҳти сарварии Бурҳонуддин Раббонӣ мансуб буданд. Аммо баъдан миёни онҳо ва ҳукумати Кобул ихтилоф афтод. Ва ҳатто соли 2005 онҳо Вардуҷро аз Баҳорак ҷудо карда вулусволии мустақил шуданд.
Хушқадам Раҳмонӣ, яке аз сокинони Вардуҷ ба «Озодӣ» гуфт, сабаби мухолифати сокинон бо ҳукумати Афғонистон, куштори мармузи лидери дара - Саид Наҷмуддини Висоқ, фармондеҳи Ҷамъияти исломӣ буд: «Ин шахс пас аз Аҳмадшоҳи Масъуд дуввумин нафари муътабар дар шимоли Афғонистон маҳсуб мешуд, аз Чокарони Вардуҷ буд. Вақте ӯ кушта шуд ва қотилаш ҳам маълум буд, мардум талаб карданд, ки қотилро бисупоранд. Ин корро ҳукумат накард.»
Ба қавли ӯ, бо истифода аз ин вазъ Толибон бо гурӯҳҳои ҷиҳодии Вардуҷ вориди музокира шуда, ба онҳо имтиёз доданд ва онҳоро ҳамкори худ карданд.
Аммо чаро дараи Вардуҷ барои Толибон муҳим аст? Мақомоти афғон мегӯянд, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳукумати қаблии Толибон барои тасаллут бар ин дара зиёд мекӯшиданд, зеро Вардуҷ минтақаи калидии Бадахшон аст ва роҳҳо ба Осиёи Марказиву Покистонро ба ҳам васл мекунад.
Муҳаммад Воҳидхон, ки то соли гузашта фармондеҳии қитъаи марзии ин минтақаро ба зимма дошт, мегӯяд, Толибон ба ин хулоса расидаанд, ки барои тасаллут пайдо кардан ба Бадахшон, ки дафъаи гузашта даст надода буд, Вардуҷ аҳамияти калидӣ дорад: «Агар Толибон тавонанд Вардуҷро пурра таҳти назорат гиранд, дасти онҳо ба сӯи манотиқи марзии Ишкошим, Вахон, Шуғнон, Дарвозҳо ва Зебок дароз мешавад. Ҳадафи дигари инҳо Тоҷикистон, бахусус қисмати Бадахшони он аст. Он замон онҳо метавонанд ба Тоҷикистон бидуни мушкил дастрасӣ дошта бошанд. Фикр накунам, ки ҳамла меоранд, аммо ҳатман мухолифони ҳамақидаи худ дар ин кишварро сармоягузорӣ ва тарбия мекунанд.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад