Додгоҳи шаҳри Ғафуров Моҳира Воҳидова, хабарнигори телевизиони “Ҷаҳоноро”-ро барои “пахши хабари носаҳеҳ” гунакор дониста, ӯро ба маблағи 400 сомонӣ ҷарима баст.
Додгоҳ телевизиони “Ҷаҳоноро” – ро ба он айбдор донист, ки моҳи сентябри соли гузашта дар барномаи ахбори худ хабар дода буд, ки дар сӯхтори бозори “Корвон” дар шаҳри Душанбе, “38 нафар” нобуд шудаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи додгоҳ, дар сарчашмаи аслӣ шумораи нобудшудагон дар сӯхтор “биноба маълумоти ғайрисмӣ, 3 – 8 нафар” нашр шуда буд.
Парвандаи маъмурӣ алайҳи телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” моҳи сентябри соли 2012 аз ҷониби додситонии вилояти Суғд бо банди 373 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон боз шуда буд.
Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи телевизиони мазкур ба “Озодӣ” гуфт, дар пайи нашри хабари нодуруст, телевизиони “Ҷаҳоноро” бо пахши раддияе хабари дурустро дар ихтиёри бинандагони худ гузошт, аммо мақомот инро ба эътибор нагирифтанд.
Ҳамчунин, он нукта, ки манбаъи аслии хабари “Ҷаҳоноро” хабаргузории “Тоҷнюс” буда, Қонуни матбуоти Тоҷикистон дар чунин ҳолат истифодакунандаи онро “бо зикри манбаъ” аз ҷавобгарӣ озод менамояд, аз сӯи додгоҳ нодида гирифта шудааст.
“Ҳамчунин қонун дар ҳолати бенатиҷа сипарӣ шудани беш аз 3 моҳ, қатъи баррасии парвандаи маъмуриро пешбинӣ мекунад, вале ин нукта аз ҷониби додгоҳ ба назари эътибор гирифта нашуд. Мо қарори додгоҳи Ғафуровро нодуруст меҳисобем ва дар зинаи болоии додгоҳӣ ҷиҳати ҳақ баровардани телевизиони “Ҷаҳоноро ” талоши худро идома хоҳем дод” - афзуд хонум Ҷӯраева.
Маҳмудон Дадобоев, раҳбари собиқи “Ҷаҳоноро” ба "Озодӣ" гуфт, пас аз нашри хабари носаҳеҳ мақомот раҳбар ва сармуҳаррири теливизиони мазкурро мавриди фишору таҳдид қарор додаанд. Ва дар пайи фишорҳо, вай ночор зери аризаи истеъфои худ имзо гузошт.

Телевизиони хусусии “Ҷаҳоноро” соли 1992 дар Чкалов таъсис ёфта, субҳу шом 8 соат намоиш пахш мекунад.