Ҳасани Чилла: Зиндагии мо хандаҳои дардноки зиёд дорад

Ҳасани Чилла, ҳаҷвнигори тоҷик.

Рӯзи якуми апрел дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба унвони Рӯзи ханда шинохта шудааст.
Иддае мекӯшанд, ки дар ин рӯз ханда бошад ва бархе ҳам якдигарро мефиребанд ва барои нафаре, ки фирефта шудааст, ин рӯзро далел меоранд.

Мо дар арафаи ин рӯз сӯҳбате доштем бо Ҳасани Чилла, аз ҳаҷвнигорони маъруфи тоҷик ва қабл аз ҳама аз ӯ хостем, ки барои шунавандагони «Озодӣ» навтарин кори худро муаррифӣ кунад:

Ҳасани Чилла: Дар замони Шӯравӣ Усто ва Масто як шеъри ҳаҷвие доштанд, ки «Ин чӣ гап? унвон дошт. Ман ҳам дар ҳавои он ва бо назардошти воқеиятҳои имрӯз ҳамчунин шеъре эҷод кардам:

Ин чӣ гап? Ин чӣ гап? Ин чӣ гап?
Ин чӣ гап бозори «Корвон» сӯхта шуд?
Ин чӣ гап охир, сиветҳо кушта шуд?
Телефонта як минут деҳ, эй ҷӯра,
«Сообщени», ё ки «гудок» монда шуд?
Ин чӣ гап? Ин чӣ гап? Ин чӣ гап?
Тоҷикӣ хондан фаромӯш кардаем,
Суруди русӣ, «лезгинка» модда шуд,
Куртаи атлас бубин, «кожинка» шуд,
Буруки атлас ба саҳна модда шуд,
Ин чӣ гап? Ин чӣ гап? Ин чӣ гап?

Озодӣ: Ҳасан, шеъри ҳаҷвие, ки мехонед, бештар чӣ дорад: ханда, ё дард, ё дар шакли шеъри ҳаҷвӣ пешниҳод кардани мушкилоти ҷомиа?

Ҳасани Чилла: Воқеан, зиндагии мо пурмушкил аст, хандаҳои дардноки зиёд дорад. Баъзан фикр мекунам, ки ҳамин ханда ба мардум намефорад, аммо механданд.

Озодӣ: Шунавандаҳои Шумо киҳоянд, бештар чӣ мехоҳед барои онҳо омода кунед?

Ҳасани Чилла: Ҷавонон ҳам ҳастанд, калонсолону бачаҳо ҳам. Ман вобаста ба ҳамон маҳфил шӯхӣ мекунаму шеър ё латифа мехонам. Агар калонсолон бошанд, мекӯшам мавзӯҳои ҷиддитарро матраҳ кунам, масалан, нақши ягон раисро бозӣ кунам, ё латифаи ба табъу синну соли онҳо мувофиқро бигӯям.

Озодӣ: Аз Шумо бештар дар кадом мавзӯъ мехоҳанд латифа ё шеъри ҳаҷвӣ бишнаванд, масалан, сиёсӣ, иҷтимоӣ ё чӣ?

Ҳасани Чилла: Вақтҳои охир ҳис мекунам, ки мардум ба таронаҳои ҳаҷвӣ бештар майл доранд, ки воқеиятҳои зиндагии моро баён кунад.

Озодӣ: Агар ягон раисро ба шӯхӣ ё масхара кашед, хафа намешавад?

Ҳасани Чилла: Не, ҳоло ин ҳолат набуд. Охир, мо мушаххасан ягон касро ном намебарем – ку?

Озодӣ: Масалан, милисаҳо?

Ҳасани Чилла: Не, баръакс, мебинам, ки онҳо завқ карда механданд.

Озодӣ: Худатон чӣ мехоҳед ба шунавандаатон хонед?

Ҳасани Чилла: Албатта, он чиро, ки лоиқи шунидан медонам. Мехоҳам, ки аввал ягон латифа гӯям, сипас таронаи ҳаҷвӣ хонам, баъд ягон нақш бозӣ кунам бо ҳамроҳам, яъне мехоҳам, ки рангоранг барнома бошад.

Озодӣ: Шумо чӣ фикр доред, истифодаи калимаҳои бегона, масалан, русӣ барои ҳаҷв зарур аст? Намешавад, ки ҳамааш тоҷикӣ бошад?

Ҳасани Чилла: Агар ин тавр бошад, касе гӯшамон намекунад. Шояд устокорона кунӣ гӯш кунанд, аммо ман услуби худро дорам ва мебинам, ки ба шунавандаам ҳам писанд аст.

Озодӣ: Ҳамин рӯзи 1 апрел – Рӯзи ханда бошад хуб аст, ё рӯзи дурӯғ?

Ҳасани Чилла: Дурӯғ чӣ чиз аст, ки бояд як рӯзро ба он бахшем? Беҳтараш, ҳамин рӯзи ханда. Бигзор ҳама ханданд.

Озодӣ: Рӯзгоратон аз паси ҳаҷвнигорӣ чӣ тур мегузарад?

Ҳасани Чилла: Шукри Худо, хеле хуб. На камӣ дорем, на зиёдӣ.

Озодӣ: Барои рӯзи 1 апрел ягон барнома доред?

Ҳасани Чилла: Бале, дорем. Бо ҳаҷвнигорони дигар аз «Лаҳзаҳои гуворо», «Ғарибшо – компания», «Хандинкамон» - у «Ханда ба лаб» дар кохҳои «Ҷомӣ»-ву «Тоҷикистон» барнома дорем. Тавонед, биёед! Билет бепул!


ЯК ШӮХИИ ҲАСАНИ ЧИЛЛА (НАВОР АЗ YOUTUBE)

http://www.youtube.com/embed/r-EzrHS7DVA