Меъёри қабули ҷавонон ба кор - диплому кордонӣ ё доштани "тағо"?

Бисёре аз ҷавонон шикоят мекунад, ки бо вуҷуди доштани диплом ва шавқу рағбат, ба муассисаҳои дилхоҳашон ба кор даромада наметавонанд.
Бархе аз онҳо мегӯянд, бе “тағо” ва пора кори хуб пайдо кардан номумкин аст. Аммо оё муассиса ва идораҳо барои истихдом чӣ шарту талабҳое дар миён мегузоранд?

Донистани забони давлатӣ ва 3 забони хориҷӣ дар сатҳи зарурӣ, ва қобилияту лаёқати хуби корӣ аз вижагии аслии шартҳои қабули кор дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст. Диплом ва санадҳои дигар барои кор дар ин сохтор ҳам дар мадди аввал қарор доранд, зеро на ҳама ҳуҷҷату дипломҳое, ки дар хориҷ аз кишвар ба даст оварда шудаанд, эътироф мегарданд.

Довталабон барои роҳ ёфтан ба ин ниҳоди дипломатӣ, бояд аз озмун ё имтиҳоноти вижаи шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ гузаранд. Аммо Давлат Назрӣ сухангӯйи вазорат мегӯяд, барои кор дар ин сохтор шарт нест, ки кас ҳатман ихтисоси равобити байналмилллаллӣ дошта бошад:

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

«Бисёранд шахсоне, ки ихтисоси равобити байналмиллалиро хатм кардаву диплом доранд, аммо аз озмун намегузаранд. Вале ҷавоне, ки тамоман дар як донишгоҳи дигар ва дур аз ихтисоси равобити байналмиллалӣ таҳсил мекунад, вале лаёқату шавқ дорад, мо ба ӯ имкон медиҳем худро бисанҷад. Дар вазорати корҳои хориҷӣ маҳдудияти синну солӣ нест, вале мо ҳоло бештар ба кадрҳои ҷавон бартарӣ медиҳем, чун онҳо бештар донишҳои замонавӣ ва ба вижа забонҳои хориҷиро хуб баладанд. Ҳоло беш аз 60 дарсади кормандони ин сохтор мутахассисони ҷавонанд.»

Давлат Назрӣ меафзояд, ба онҳое, ки қобилияти корӣ доранд, аммо дониши пурраи дипломатӣ надоранд, дар ин ниҳод имкони такмилу омӯзиш дода мешавад. Ним соли аввали кор ба онҳое, ки дар озмун пирӯз шудаанд, омӯзишӣ хоҳад буд, корманди нав дар ин муддат аз қоидаву санадҳое, ки барои як дипломат зарур аст, огоҳ мешавад.

Доштани маълумоти олӣ ё диплом барои онҳое, ҳам, ки мехоҳанд дар ширкатҳои хусусӣ ва мухобиротӣ фаъолият баранд, муҳим аст, аммо дар ин сохторҳо ҳам аз довталаб доштани ихтисоси вижае талаб намешавад. Дар мадди аввал дар ин ниҳодҳо ҳам ба дониши техникиву замонавӣ ва кордонии довталаб таваҷҷӯҳ зоҳир мегаштааст. Шаҳноз Комилзода сухангӯи ширкати Мегафон дар ин зимн мегӯяд:

«Талаботи аввали ин донишу малакаи шахсият аст, албатта, ҳамзамон муқаррароти дигари мутобиқ ба коргузории кишвар аз ҷумла диплому маълумоти олӣ ва санадҳои зарурӣ ҳам ҳатмӣ аст. Вале ҳастанд ҳолатҳое, ки шахс дипломи иқтисодӣ дорад, аммо малакаи хуби кор дар соҳаи техникиро

дШаҳноз Комилзода

дорад, ба ӯ имкон дода мешавад, ки дар ин соҳа кор кунад. Чизи муҳими дигар ин майлу рағбат ба кор аст, агар ин шавқ бошад ин ҷо тренингу курсҳои зиёди омӯзишие хаст, ки ба ҷавони довталаб имкони хуби рушдро медиҳад.»

Ба ин тартиб дар аксар ниҳодҳо имрӯз ба маҳорату малака ҳангоми қабул ба кор таваҷҷӯҳ бештар равона мешавад, аммо вобаста ба талаботи кор ин шартҳо ҳам метавонанд дар ниҳодҳои мухталиф тағйир ёбад. Талаботи аслии қабул ба кор дар сохторҳои қудратӣ ва интизомӣ вижагиҳои дигаре дорад.

Масалан, барои кор дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон доштани диплом ва маълумоти олӣ на барои ҳама кормандон муҳим будааст. Барои онҳое, ки дар ҳайати қатории ин ниҳод фаъолият мебаранд, танҳо доштани шаҳодатномаи мактаби миёна ва билети ҳарбӣ кофист. Аммо шарти асосие, ки аз ҳама довталабони кор дар ин сохтор талаб мешавад, ин тани солим ва қаду қомати болотар аз 1 метру 70 сантиметр аст. Ва шарти маъмули дигар албатта надоштани доғи судӣ аст.

Маҳмадулло Асадулоев, сухангӯи ин вазорат мегӯяд: «Барои бахшҳои асосии мақомоти корҳои дохилӣ академияи худи вазорат кадр омода мекунад. Вале дар бахшҳои дигар, дар ин сохтор аз ҷумла дар раёсатҳои тиббиву молия, сохтмону дигарҳо, муттахассисони касбу кори гуногун ҷалб мешаванд, аммо вижагии қабули кор дар ин сохтор барои ҳама як аст. Бояд шахс ҳатман солим бошад, қадду қоматаш аз 1 метру 70 сантиметр боло ва доғи судӣ надошта бошаду қобилияти хуб дошта бошад.»

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Яке аз тадабҳои аслӣ барои кор дар аксар корхонаву сохторҳои чӣ давлатӣ ва чӣ хусусии кишвар, таҷрибаи аз 2 то 5-солаи кор аст. Аммо Абдуқодири Рустам, мудири шӯъбаи кадр дар бемористони муштараки Тоҷикистону Эрон ба номи Абӯали ибни Сино мегӯяд, доштани таҷриба барои кор дар ин марказ дар навбати охир қарор дорад. Дар ин бемористон кумиссияҳои вижае барои истихдоми довталабон ба кор фаъолият мебурдааст ва аз довталаб дониши ҳатмии тиббӣ ва кордонӣ талаб мешавад. Ба гуфтаи ӯ, хоҳишмандони кор дар ин ниҳоди тиббӣ хеле зиёд буда, гоҳҳо барои як ҷой 10 нафар рақобат мекунанд, аммо...

«Мутаассифона донишҷӯёни чӣ риштаи пизишкӣ ва чӣ дар риштаи коллеҷ хеле кам пайдо мешаванд, ки фарогирӣ талаботи тибби муосири ҷаҳонӣ бошад, вале тавааҷҷӯҳи мо ҳоло бештар рӯи онҳоест, ки ҳадди аққал талош доранд, ки ин илмро фаро бигиранд. Мо кӯшиш мекунем мутахассисонро худ ин ҷо тарбия кунем. Ва барои ин имконоти хубе ҳам дорем.»

Ба ин тартиб аксар ниҳоду сохторҳо таъкид бар он мекунанд, ки бо шартҳои хосу дар асоси озмуну сӯҳбатҳо довталабонро ба кор қабул мекунанд, вале ғолибан онҳое, ки дар ҷустуҷӯи ҷойи кори хубу мувофиқанд аз он шикоят мекунанд, ки дар ин сохторҳо ин ҳама талаботу шартҳо танҳо дар шакли расмиёт вуҷуд дорад ва амалан риоя намешаванд. Бештар ба назари онҳо ба ҳангоми қабул ба кор имрӯз на малакаву кордонӣ ё диплом, балки шиносу маблағ нақши муҳим дорад.