Раҳбарии поп Франсиск дар маросими Ҷумъаи нек

Попи Рум Франсиск бори аввал дар маросими Ҷумъаи нек, ки арафаи иди барои масеҳиён муқаддаси Пок ё Пасха аст, раҳбарӣ мекунад. Раҳбари нави калисои католикӣ шоми ҷумъа дар Колизей маросими суннатии Via Crucis- ро раҳбарӣ мекунад. Ин маросим ба ёди соатҳои охири қабл аз таслиби Исои Масеҳ аст. Ҷумъаи нек рӯзи дувум аз 4 рӯзи муҳим дар тақвими масеҳист, ки нуқтаи авҷаш иди Пок хоҳад шуд. Ин иди бахшида ба растохези Исо рӯзи якшанбе таҷлил мешавад.