Вазири корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, ин кишвар пас аз соли 2014, кишвари босубот, рӯ ба тараққӣ ва амн хоҳад шуд.
Залмай Расул рӯзи ҷумъаи 29--уми март дар мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб дар Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт ва ховаршиносии Академияи Илмҳои Тоҷикистон зимни арзёбии вазъи гузашта ва имрӯзаи Афғонистон гуфт, ки «дар Афғонистон баъд аз 2014 дубора рӯзҳои бад нахоҳад омад ва мардуми афғон низ рӯзҳои бадро қабул нахоҳад кард.»
Зеро ба таъкиди ҷаноби Расул, миёни Афғонистони солҳои 2000 ва 2013 тафовут хеле зиёд аст ва мардуми афғон таҷрибаи таърихиеро дорад, ки аз худ дифоъ хоҳад кард ва намегузорад, то неруҳо ва ё кишварҳои дигар бо сарнавишти ин миллат бозӣ кунанд. Вазири корҳои хориҷии Афғонистон мегӯяд, ҳоло 75 дарсади амнияти мардуми ин кишвар тавассути неруҳои дохилӣ таъмин аст ва то охири соли ҷорӣ ин рақам ба 100 дар сад мерасад.
Вай гуфт, муддати беш аз 10 соли ахир пешрафтҳое дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии афғонҳо ба даст омадааст, ки яке аз он омӯзишу парвариш аст: «Агар соли 2000 дар маҷмуъ дар мадориси Афғонистон дар ҳудуди 800 ҳазор шогирд таълим мегирифт ва духтарон ҳаққи тадрисро надоштанд, аммо ҳоло 8 миллион ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 40 дарсади онҳо духтаронанд.»
Дар арсаи беҳдошт низ ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон, пешрафти қобилии мулоҳиза сурат гирифта ва ҳоло 70 дарсади мардуми Афғонистон ба кӯмакҳои аввалияи пизишкӣ дастрасӣ дорад, ки ин рақам дар соли 2000 танҳо 6 дарсадро ташкил медод.
Залмай Расул афзуд, ки дар Афғонистон 36 шабакаи телевизионӣ фаъол аст, ки танҳо яке аз онҳо давлатӣ ва бақия хусусӣ аст. Ҳамчунин ба иловаи вазири афғон, дар чанд соли ахир бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кӯмакунанда 11 чода бунёд шудааст, ки дар тамоми таърихи Афғонистон сохта нашудааст.
Аммо бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳо, ба таъкиди вазири корҳои хориҷии Афғонистон, ин кишвар то ҳанӯз дар масъалаи амният муваффақ нашудааст ва мубориза бо тероризм ҳамчунон ҷараён дорад. Залмай Расул, хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон то поёни соли 2014 -ро чолишҳое дар пешорӯи Афғонистон унвон кард ва гуфт пас аз хуруҷи ин нерӯҳо талош хоҳад шуд, то Афғонистон аз сӯи худи афғонҳо сохта шавад ва ниёзе ба созмонҳои молии байналмилалӣ, назири Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёӣ ва ғайра набошад.
Ин буд, ки ҷаноби Расул афзуд, «бо вуҷуди набуди амният ва мушкилоти иқтисодӣ дар чанд соли ахир беш аз 5 миллион афғон дубора ба ватанашон баргаштанд ва ин далели он аст, ки афғонҳо мехоҳанд дар истиқрори сулҳу субот ва иқтисоди кишварашон саҳим бошанд.»
Вазири корҳои хориҷии Афғонистон сиёсати хориҷии кишвараш бо Тоҷикистонро дӯстона ва бародарона арзёбӣ кард ва аз ҳимояти Душанбе дар амри таъмини амният ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистон тақдир кард.
Вай бо ишора ба мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳамрохон Зарифӣ, ҳамтои тоҷикаш дар Душанбе, ки имрӯз сурат гирифта, афзуд, ки ҳар ду кишвар хоҳони иҷрои тарҳҳои муҳими иқтисодӣ, назири интиқоли хутути барқ, сохтмони роҳи қатор ва пулҳои иртиботӣ ҳастанд, ки метавонад омили густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди тиҷорати минтақавӣ гардад.
Дар робита ба тарҳи роҳи оҳан, миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон, ки ахиран дар Ашқобод тавофуқ шуд, вазири корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, ки масъалаи молии ин лоиҳа, яъне ҷалби сармоя то андозае тавассути Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонси Осиёи рушд ҳал шудааст ва умед аст, ки дар ояндаи наздик мавриди иҷро қарор бигирад.
Аммо Залмай Расул бо таваҷҷуҳ ба он ки мардуми афғон таҷрибаи сохтмони роҳи оҳанро надоштааст, бо мақомоти тоҷик ба тавофуқ расиданд, ки теъдоде аз афғонҳо ба Душанбе оянд ва кор бо технологияи сохтмони роҳи оҳанро омӯзанд.
Хушбиниҳои Залмай Расул, вазири корҳои хориҷии Афғонистон нисбати ояндаи босуботи кишвараш пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014 дар ҳолест, ки хабарҳо аз фаъол шудани гурӯҳи Толибон ҳатто дар шимоли Афғонистон ва муқовимати онҳо бо неруҳои давлатии ин кишвар мерасад. Тоҷикистон дар масофаи 1400 км бо шимоли Афғонистон марзи муштарак дорад.
Зимнан, сафари Залмай Расул, вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Тоҷикистон дар чорчӯби баргузории ҳамоиши созмони «Муколамаи ҳамкории Осиё» дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.