Як муҳаққиқи амрикоӣ сулҳи Тоҷикистонро бештар меваи муомилаҳо бо фармондеҳон хондааст, то натиҷаи талошҳои байналмилалӣ.
"Хуруҷ аз ҳарҷумарҷ”-и Дрисколл
Ҷангҳои шаҳрвандӣ маъмулан бо пирӯзии комили як тараф поён меёбанд. Агар на, консепсияи “иҷбор ба сулҳ” ба кор медарояд, ки дахолат аз хориҷ, аз ҷумла ҷалби СММ ва дигар қудратҳоро дар бар мегирад ва, тавре дар намунаи ҷанги Югославияи собиқ ё ҷангҳои пайдарпайи шаҳрвандӣ дар ину он кишвари қораи Африқо мебинем, кори бисёре аз фармондеҳони муҷрим дар ҷиноёти ҷангро ҳатто ба додгоҳи Ҳейг мекашонад. Аммо ин муодилаи сиёсӣ дар Гурҷистону Тоҷикистон – ду кишвари ҷангзадаи пасошӯравӣ – кор надодааст.
Муҳаққиқи амрикоӣ Ҷесс Дрисколл дар китоби “Хуруҷ аз ҳарҷумарҷ”, ки рӯзи 21 март дар Вошингтон муаррифӣ шуд, мегӯяд, низоъҳо дар ин ду кишвар бо пирӯзии ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳои ҷанг анҷом наёфт ва такяи сарони ин ду ҷумҳурӣ Эдуард Шеварднадзе ва Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳ ҳам бештар ба муомилаҳо бо фармондеҳони алоҳида буд, то ба СММ ё ниҳодҳои дигари байналмилалӣ. Ба ақидаи Дрисколл, ҷомиаи байналмилалӣ дар ҳалли ин ду низоъ бештар нақши донорро дошт ва барои таъмини молии муомилоти ҳосилшуда бо фармондеҳон кӯмак мекард.
Дрисколл мегӯяд, ҳам дар Тифлис ва ҳам дар Душанбе барои он меҷангиданд, ки оё манзил дар маркази пойтахт ё дар ба дари мардум гаштану ҳаққи худро ситондан насиби кадом гурӯҳ мешавад? Дрисколл ин шеваро “микро-сиёсат” ном дода, мегӯяд, Раҳмон ва Шеварднадзе бо тақрибан шеваи ҳамсон, яъне ҷалби ҷангиёни собиқ ба ниҳодҳои интизомӣ, касби обрӯи марде, ки ба ҳарфи худ амал мекунад, муқобил гузоштани Маскав бо дигар аъзои ҷомиаи байналмилалӣ ва намоиши маҳорат дар “сиёсатҳои пушти парда” кишварҳои худро ба сулҳ расондаанд.
“Нақши СММ асосӣ набуд”
Аммо чунин бардошт дар мавриди Тоҷикистон то куҷо дурусту воқеист? Ва оё дар сулҳи мо нақши муомилаҳои пушти парда бо фармондеҳон асосӣ буд ё дахолати ҷомиаи байналмилалӣ? Таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ, ки дар солҳои 90 дар дафтари мусоидат ба сулҳи Тоҷикистони СММ кор мекард, чунин бардоштро “ҳам дуруст ва ҳам нодуруст” ба қалам медиҳад: “Дурусташ ин аст, ки нақши ҷомиаи байналмилалӣ асосӣ набуд. Нақши асосиро дар Тоҷикистон
абл аз ҳама фаҳмиши ҳарду тараф бозид. Ҳарду тараф фаҳмиданд, ки идомаи низоъ метавонист ҷумҳуриро аз байн барад. Таври маълум, дар чизе ки аз байн рафт, ягон тараф ба чизе ноил шуда наметавонад. Аз тарафи дигар, ин ҳам ба суди мо шуд, ки мухолифони тоҷик, ба фарқ аз мухолифини имрӯзаи Ироқ ё Сурия бегонагонро ба доругирҳои дохилии худ зиёд роҳ надоданд. Ҳамчун миёнарав розӣ буданд, ки ҳамроҳ шаванд, вале на ҳамчун бозигар. ”
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1992 то имзои созишномаи сулҳ дар 27 июни соли 1997 беш аз 5 сол давом кард. Бино ба ҳисобҳо, дар ин ҷанг то 100 000 нафар кушта, то 1 миллион тан беҷо шуданд, 35 723 манзил тахриб гардида, 25 000 зан – бева ва 53 000 кӯдак ятим монд. Ҷамъи хисороти ҷангро дар Душанбе то 10 миллиард доллар баровард мекунанд. Як омили дигаре, ки роҳи сулҳро ҳамвор кард, ба ақидаи Рашид Ғанӣ, ин буд, ки ҷониби мухолифин натиҷаҳои иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷандро, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, пазируфт ва танҳо чизе ки мехост, бозгашти “шарофатмандона”, ё ба таъбири дигар, “бо ҳифзи обрӯ” буд.
Ғаниматҳои ҷанг: Кӣ чӣ гирифт?
Раҳмон дар баҳои сулҳ ба мухолифин 30 дарсади курсиҳои ҳукумат, афви саросарӣ ва қабули ҷангиёнаш ба нирӯҳои давлатиро ваъда карда, ба хеле аз фармондеҳони мухолифин унвонҳои баланди ҳатто генералӣ дод. Раҳбарону фармондеҳони ҳадди ақал раддаи аввали мухолифон, ҳамин тавр, ба раванди хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, ки ба мисли тақсими рутбаҳои генераливу мақомҳои баланди давлатӣ ва имтиёзҳои дигар то соли 1997 асосан дар дасти фармондеҳони барои давлат “худӣ”-и Фронти халқӣ мунсаҷим шуда буд, роҳ ёфтанд.
Хабарнигор ва муаррихи тоҷик Нуралии Давлат мегӯяд, дар он шароит мақомоти сиёсии Тоҷикистон илоҷи дигаре надоштанд, ба ҷуз аз хатми ҷанг бо ҳамон шеваи маъруфи “ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар”: касеро бо унвони генералӣ ором карданд, касеро бо додани ягон корхона ва онҳоеро, ки аз ин савдоҳо маҳрум монданд ё тан надоданд, аз байн бурданд.
Нуралии Давлат меафзояд: “Аксари фармондеҳон аз олами ҷиноӣ бархоста буданд. Онҳоро худи сиёсатмадорон вориди майдон карданд. Ҳам аз ин тараф ва ҳам аз он тараф. Инҳо ҷанг мекарданд ва якбора намешуд, ки аз саҳна канорашон бизананд. Маҷбур муросо мекарданд. Ва онҳо ки силоҳу қувва доштанд, ҷанг карда буданд, ба ҳамин сабаб як муддат ҳарфи аввалро мезаданд. Онҳо медонистанд, ки худи ҳукумат ҳам аз онҳо вобастааст.
асалан, ба онҳое ки таҳсилоти низомӣ надоштанд, тактикаву стратегияи ҷангро ҳеҷ намедонистанд, рутбаи генералу полковник доданд. Бақои ҳукумат ба онҳо вобаста буд ва аз ин рӯ, тамоми имтиёзро барояшон медоданд.”
Аммо Иброҳим Исмоилов, фармондеҳи Горди миллии Кӯлоб дар соли 1992, ки Фронти халқӣ ва баъдан артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи ҳамин гурӯҳ созмон ёфтанд, ба Озодӣ гуфт, худи ӯ аз “мева”-ҳои ҷанги шаҳрвандӣ чизе набурдааст: “Мо чизе нагирифтем. Ин гапҳо ҳама дурӯғ аст, ки соҳиби хонаву мошинҳои “дакаданг” шуда бошем, ё соҳиби ягон корхона, ё унвони генераливу ягон мансабу вазифа. Хонаи ман ҳамон хонаи давраи Шӯравист, зиндагиамро ҳам бо ҳамон зиндагии миёнаҳолонаи замони Шӯравӣ идома дода истодаам. Ягон чиз нагирифтаем ва даркорамон ҳам нест. Ман гӯё полковники ҳамон давраи Шӯравиам. Аз соли 1965 то 2004 дар милиса кор кардам. Албатта, ман рутбаи охиринамро баъдтар гирифтам, вале худро полковники давраи Шӯравӣ гуфта мегардам.”
“Генералборон”
Вале Иброҳим Исмоилов инро низ эътироф мекунад, ки бо “шарофат”-и ҷанги шаҳрвандӣ садҳо нафар ҳам унвони баланд гирифту ҳам мақоми баланд ва зиндагии худро ҳам хеле “равғанӣ” кард. Ба бовари бисёриҳо, дар байни ин тоифа “хонашерони майдонғариб”-е зиёданд, ки қаҳрамонии фавқулоддае дар майдони ҷанг нишон надодаанд, балки дар охири кор, яъне баъди ҷангҳо якбора дар сари деги пирӯзӣ пайдо шуданд.
Фармондеҳи собиқи Горди Кӯлоб мегӯяд: “Ҳоло ягон давлати дунё ин қадар генерал надорад. Ҳама генералу генерал-лейтенанту генерал-полковнику генерал-майор. Полковник дигар ҳисоб надорад ҳеҷ. Хайр, инки онҳо чӣ хидмат карданд ё накарданд, мо кор надорем. Худашон медонистагистанд, ки барои чӣ унвони генерал гирифтаанд. Аммо сулҳи Тоҷикистонро, ба назари ман, Эмомалӣ Раҳмон кард. Ташкил кард, одамонро овард, розӣ кард, дилашонро ёфт. Унвон дод, вазифа дод, лекин ҳар коре, ки карду накард, Тоҷикистонро тинҷ кард.”
Танҳо дар солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ба 13 афсар унвони генералӣ дода шуд. Моҳи сентябри соли 2012, дар солгарди 21-уми истиқлол, сафи генералҳои тоҷик боз ба 5 нафари дигар афзуд, ки якеаш Шоҳ Искандаров, фармондеҳи собиқи мухолифин буд, ки ба гуфтаи матбуот, ин унвонро зоҳиран барои саҳмаш дар амалиёти ду сол пеш алайҳи гурӯҳҳои Алии Бедакиву Мулло Абдуллоҳ дар водии Рашт ва амалиёти тобистони соли 2012 дар Хоруғ ба даст овардааст.
Бино ба як гузориши ҳафтаномаи “Миллат”, аз соли 1992 ба ин сӯ, дар Тоҷикистон дуруст ба 150 нафар рутбаи генералӣ додаанд. Аз ҷумла ба 2 нафар, бо шумули Эмомалӣ Раҳмон, рутбаи генерали артиш, ба 5 нафар унвони генерал-полковник, ба 22 нафар- унвони генерал-лейтенант ва ба 121 тани дигар погони генерал-майорӣ. Аз ин миён 7 нафарро баъдан аз ин унвон маҳрум кардаанд. Аз ҷумла вазири собиқи умури дохилӣ Гулдастшоҳ Имроншоев, муовини пешини вазири амният Оразшоҳ Пояндашоев ва Саидалӣ Саидасановро, ки ҳукумати муросои миллӣ дар соли 1992 генералашон карда буд, ва ҳам Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Абдувалӣ Бегматов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро, ки феълан дар зиндон нишастаанд. Ин “генералборон” дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар тамоми тӯли 70 соли ҳукумати Шӯравӣ танҳо 19 тоҷик сазовори унвони генерал шуда буд.
Тоҷикистон аст ин ҷо...
Аммо муомилаҳои пасипардагӣ ва эътои бенавбати унвонҳо фармондеҳонро як муддат чунон мағрур кард, ки онҳо дигар ба майдони сиёсат ҳам нуфуз меҷустанд. Парлумоне ки соли 1995 интихоб шуд, дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун “парлумони боевикҳо” низ ёд мешавад. Ғаффор Мирзоеву муовинонаш, Ёқуб Салимов, Хӯҷа Каримов, бародарон Чоловҳо ва дигар қумандонҳои собиқи Фронти халқӣ дар дохили ин парлумон “парлумон”-и кӯчаки худро дуруст карда буданд, ки бидуни эътино ба бақия дар гӯшае алоҳида маслиҳат карда, сипас ба вакилони дигар мерасонданд, ки қарори онҳо дар ин ё он масъала чист? Ҳамин тавр, дар интихоботи соли 2000 теъдоди қобили мулоҳизае аз ёрони генерал Сӯҳроб Қосимов худро номзад карданд ва эҳтимоли зери султаи “боевикҳо” мондани ин ҳайъати парлумон ҳам Душанберо маҷбур кард, ки дасти фармондеҳонашро дигар аз сиёсат кӯтоҳ кунад.
Нуралии Давлат мегӯяд: “Онҳо як муддати муайян истифода шуданд ва вақте миссияашон иҷро шуд, аз саҳна берун рафтанд. Маълум буд, ки баъди созишномаи сулҳ ҳукумат фармондеҳонро канор мезанад, чунки дигар ба онҳо чандон ниёз надошт. Ба бисёри номзадҳое, ки аз нафарони низомиҳо буданд, фишор оварданд, ки номзадиашро бигиранд, агар касе ҳам ки монд, дар интихобот шикаст хӯрд.”
Албатта, бархе доираҳо дар ин лобало талошҳое карданд, ки бо муомилаҳои алоҳида ва гоҳо пинҳонӣ ин ё он фармондеҳи ҷабҳаи дигарро ба тарафи худ гардонда, раҳбарони сиёсии мухолифинро дар ғафлат андозанд. Вале таҷрубаи ба кишвар баргардондани Ризвон Содиров бо нирӯҳояш, ки дарди сари зиёде барои худи ҳукумат овард, нишон дод, ки ин як бозии хеле хатарнок аст.
Рашиди Ғанӣ мегӯяд, батадриҷ канор задани ҷангсолорон дар ниҳоят азми муштараки ҳарду ҷониби сулҳ шуд: “Нурӣ ҳамеша мухолиф буд, ки қумандонҳо аз нирӯи зиёди сиёсӣ бархӯрдор шаванд. Мегуфт, дар мисоли Афғонистон маълум аст, ки ин қумандонҳо, ки аз сиёсат дуранд, боиси парокандагӣ мешаванд, на ваҳдат. Ҷониби дигар низ ба ҳамин назар буд ва агар бубинем, ҳамроҳ бо гуфтушунид ҳарду тараф истиқлоли қумандонҳои худро мунтазам коҳиш дода, намегузоштанд, ки нирӯву эътибори онҳо аз мақомоти сиёсӣ болотар шавад. Албатта, ин раванди душвор буд, вале ин раванд буд.”
Охирин талоши “қумандон”-ҳои саҳроӣ барои бозгашт ба саҳна ибтикори Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси вақти ҳизби демократ ва аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар соли 2003 барои ташкили эътилофи фармондеҳони ҳарду ҷабҳа буд. Ба ин манзур, як нишаст дар Ҷиргатол ҳам барпо шуд, вале ин талош дигар ба ҷое нарасид. Нуралии Давлат имкони зуҳури дубораи фармондеҳон дар саҳнаи Тоҷикистонро хеле ночиз медонад. Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон дар оғози солҳои 90 афсарони ҳирфаӣ хеле кам дошт, вале дар ин 21 сол ин камбуд рафъ шудааст ва гумон аст, ки давлат дубора рӯи ниёз ба он фармондеҳони таҳсилнокардаи ба истилоҳ “ҳаваскор” биорад.
“Агар як ҳавзи калонтар медоштем...”
Ҳаҷвнигори тоҷик Наҷмиддини Шоҳинбод мегӯяд, имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳисоби ду тоифа – мулло ва генерал – гум шудааст. Ҳаҷвнигори фақиди тоҷик Имомназари Холназар дар рӯзномае фармони президент дар бораи додани унвони генералӣ ба чанд нафарро хонда, мегӯяд: “Ин Тоҷикистон пури генерал шудааст!” Ҳамсари низ ширинзабони ӯ Зебуннисои Холназар бадеҳатан ҷавоб дод ки “Агар як ҳавзи калонтар ҳам медошт, пури адмирал мешуд.”
Ҷангҳои шаҳрвандӣ маъмулан бо пирӯзии комили як тараф поён меёбанд. Агар на, консепсияи “иҷбор ба сулҳ” ба кор медарояд, ки дахолат аз хориҷ, аз ҷумла ҷалби СММ ва дигар қудратҳоро дар бар мегирад ва, тавре дар намунаи ҷанги Югославияи собиқ ё ҷангҳои пайдарпайи шаҳрвандӣ дар ину он кишвари қораи Африқо мебинем, кори бисёре аз фармондеҳони муҷрим дар ҷиноёти ҷангро ҳатто ба додгоҳи Ҳейг мекашонад. Аммо ин муодилаи сиёсӣ дар Гурҷистону Тоҷикистон – ду кишвари ҷангзадаи пасошӯравӣ – кор надодааст.
Муҳаққиқи амрикоӣ Ҷесс Дрисколл дар китоби “Хуруҷ аз ҳарҷумарҷ”, ки рӯзи 21 март дар Вошингтон муаррифӣ шуд, мегӯяд, низоъҳо дар ин ду кишвар бо пирӯзии ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳои ҷанг анҷом наёфт ва такяи сарони ин ду ҷумҳурӣ Эдуард Шеварднадзе ва Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳ ҳам бештар ба муомилаҳо бо фармондеҳони алоҳида буд, то ба СММ ё ниҳодҳои дигари байналмилалӣ. Ба ақидаи Дрисколл, ҷомиаи байналмилалӣ дар ҳалли ин ду низоъ бештар нақши донорро дошт ва барои таъмини молии муомилоти ҳосилшуда бо фармондеҳон кӯмак мекард.
Дрисколл мегӯяд, ҳам дар Тифлис ва ҳам дар Душанбе барои он меҷангиданд, ки оё манзил дар маркази пойтахт ё дар ба дари мардум гаштану ҳаққи худро ситондан насиби кадом гурӯҳ мешавад? Дрисколл ин шеваро “микро-сиёсат” ном дода, мегӯяд, Раҳмон ва Шеварднадзе бо тақрибан шеваи ҳамсон, яъне ҷалби ҷангиёни собиқ ба ниҳодҳои интизомӣ, касби обрӯи марде, ки ба ҳарфи худ амал мекунад, муқобил гузоштани Маскав бо дигар аъзои ҷомиаи байналмилалӣ ва намоиши маҳорат дар “сиёсатҳои пушти парда” кишварҳои худро ба сулҳ расондаанд.
“Нақши СММ асосӣ набуд”
Аммо чунин бардошт дар мавриди Тоҷикистон то куҷо дурусту воқеист? Ва оё дар сулҳи мо нақши муомилаҳои пушти парда бо фармондеҳон асосӣ буд ё дахолати ҷомиаи байналмилалӣ? Таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ, ки дар солҳои 90 дар дафтари мусоидат ба сулҳи Тоҷикистони СММ кор мекард, чунин бардоштро “ҳам дуруст ва ҳам нодуруст” ба қалам медиҳад: “Дурусташ ин аст, ки нақши ҷомиаи байналмилалӣ асосӣ набуд. Нақши асосиро дар Тоҷикистон
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1992 то имзои созишномаи сулҳ дар 27 июни соли 1997 беш аз 5 сол давом кард. Бино ба ҳисобҳо, дар ин ҷанг то 100 000 нафар кушта, то 1 миллион тан беҷо шуданд, 35 723 манзил тахриб гардида, 25 000 зан – бева ва 53 000 кӯдак ятим монд. Ҷамъи хисороти ҷангро дар Душанбе то 10 миллиард доллар баровард мекунанд. Як омили дигаре, ки роҳи сулҳро ҳамвор кард, ба ақидаи Рашид Ғанӣ, ин буд, ки ҷониби мухолифин натиҷаҳои иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷандро, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, пазируфт ва танҳо чизе ки мехост, бозгашти “шарофатмандона”, ё ба таъбири дигар, “бо ҳифзи обрӯ” буд.
Ғаниматҳои ҷанг: Кӣ чӣ гирифт?
Раҳмон дар баҳои сулҳ ба мухолифин 30 дарсади курсиҳои ҳукумат, афви саросарӣ ва қабули ҷангиёнаш ба нирӯҳои давлатиро ваъда карда, ба хеле аз фармондеҳони мухолифин унвонҳои баланди ҳатто генералӣ дод. Раҳбарону фармондеҳони ҳадди ақал раддаи аввали мухолифон, ҳамин тавр, ба раванди хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, ки ба мисли тақсими рутбаҳои генераливу мақомҳои баланди давлатӣ ва имтиёзҳои дигар то соли 1997 асосан дар дасти фармондеҳони барои давлат “худӣ”-и Фронти халқӣ мунсаҷим шуда буд, роҳ ёфтанд.
Хабарнигор ва муаррихи тоҷик Нуралии Давлат мегӯяд, дар он шароит мақомоти сиёсии Тоҷикистон илоҷи дигаре надоштанд, ба ҷуз аз хатми ҷанг бо ҳамон шеваи маъруфи “ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар”: касеро бо унвони генералӣ ором карданд, касеро бо додани ягон корхона ва онҳоеро, ки аз ин савдоҳо маҳрум монданд ё тан надоданд, аз байн бурданд.
Нуралии Давлат меафзояд: “Аксари фармондеҳон аз олами ҷиноӣ бархоста буданд. Онҳоро худи сиёсатмадорон вориди майдон карданд. Ҳам аз ин тараф ва ҳам аз он тараф. Инҳо ҷанг мекарданд ва якбора намешуд, ки аз саҳна канорашон бизананд. Маҷбур муросо мекарданд. Ва онҳо ки силоҳу қувва доштанд, ҷанг карда буданд, ба ҳамин сабаб як муддат ҳарфи аввалро мезаданд. Онҳо медонистанд, ки худи ҳукумат ҳам аз онҳо вобастааст.
Аммо Иброҳим Исмоилов, фармондеҳи Горди миллии Кӯлоб дар соли 1992, ки Фронти халқӣ ва баъдан артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи ҳамин гурӯҳ созмон ёфтанд, ба Озодӣ гуфт, худи ӯ аз “мева”-ҳои ҷанги шаҳрвандӣ чизе набурдааст: “Мо чизе нагирифтем. Ин гапҳо ҳама дурӯғ аст, ки соҳиби хонаву мошинҳои “дакаданг” шуда бошем, ё соҳиби ягон корхона, ё унвони генераливу ягон мансабу вазифа. Хонаи ман ҳамон хонаи давраи Шӯравист, зиндагиамро ҳам бо ҳамон зиндагии миёнаҳолонаи замони Шӯравӣ идома дода истодаам. Ягон чиз нагирифтаем ва даркорамон ҳам нест. Ман гӯё полковники ҳамон давраи Шӯравиам. Аз соли 1965 то 2004 дар милиса кор кардам. Албатта, ман рутбаи охиринамро баъдтар гирифтам, вале худро полковники давраи Шӯравӣ гуфта мегардам.”
“Генералборон”
Вале Иброҳим Исмоилов инро низ эътироф мекунад, ки бо “шарофат”-и ҷанги шаҳрвандӣ садҳо нафар ҳам унвони баланд гирифту ҳам мақоми баланд ва зиндагии худро ҳам хеле “равғанӣ” кард. Ба бовари бисёриҳо, дар байни ин тоифа “хонашерони майдонғариб”-е зиёданд, ки қаҳрамонии фавқулоддае дар майдони ҷанг нишон надодаанд, балки дар охири кор, яъне баъди ҷангҳо якбора дар сари деги пирӯзӣ пайдо шуданд.
Фармондеҳи собиқи Горди Кӯлоб мегӯяд: “Ҳоло ягон давлати дунё ин қадар генерал надорад. Ҳама генералу генерал-лейтенанту генерал-полковнику генерал-майор. Полковник дигар ҳисоб надорад ҳеҷ. Хайр, инки онҳо чӣ хидмат карданд ё накарданд, мо кор надорем. Худашон медонистагистанд, ки барои чӣ унвони генерал гирифтаанд. Аммо сулҳи Тоҷикистонро, ба назари ман, Эмомалӣ Раҳмон кард. Ташкил кард, одамонро овард, розӣ кард, дилашонро ёфт. Унвон дод, вазифа дод, лекин ҳар коре, ки карду накард, Тоҷикистонро тинҷ кард.”
Бино ба як гузориши ҳафтаномаи “Миллат”, аз соли 1992 ба ин сӯ, дар Тоҷикистон дуруст ба 150 нафар рутбаи генералӣ додаанд. Аз ҷумла ба 2 нафар, бо шумули Эмомалӣ Раҳмон, рутбаи генерали артиш, ба 5 нафар унвони генерал-полковник, ба 22 нафар- унвони генерал-лейтенант ва ба 121 тани дигар погони генерал-майорӣ. Аз ин миён 7 нафарро баъдан аз ин унвон маҳрум кардаанд. Аз ҷумла вазири собиқи умури дохилӣ Гулдастшоҳ Имроншоев, муовини пешини вазири амният Оразшоҳ Пояндашоев ва Саидалӣ Саидасановро, ки ҳукумати муросои миллӣ дар соли 1992 генералашон карда буд, ва ҳам Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Абдувалӣ Бегматов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро, ки феълан дар зиндон нишастаанд. Ин “генералборон” дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар тамоми тӯли 70 соли ҳукумати Шӯравӣ танҳо 19 тоҷик сазовори унвони генерал шуда буд.
Тоҷикистон аст ин ҷо...
Аммо муомилаҳои пасипардагӣ ва эътои бенавбати унвонҳо фармондеҳонро як муддат чунон мағрур кард, ки онҳо дигар ба майдони сиёсат ҳам нуфуз меҷустанд. Парлумоне ки соли 1995 интихоб шуд, дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун “парлумони боевикҳо” низ ёд мешавад. Ғаффор Мирзоеву муовинонаш, Ёқуб Салимов, Хӯҷа Каримов, бародарон Чоловҳо ва дигар қумандонҳои собиқи Фронти халқӣ дар дохили ин парлумон “парлумон”-и кӯчаки худро дуруст карда буданд, ки бидуни эътино ба бақия дар гӯшае алоҳида маслиҳат карда, сипас ба вакилони дигар мерасонданд, ки қарори онҳо дар ин ё он масъала чист? Ҳамин тавр, дар интихоботи соли 2000 теъдоди қобили мулоҳизае аз ёрони генерал Сӯҳроб Қосимов худро номзад карданд ва эҳтимоли зери султаи “боевикҳо” мондани ин ҳайъати парлумон ҳам Душанберо маҷбур кард, ки дасти фармондеҳонашро дигар аз сиёсат кӯтоҳ кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад