Дар чанд мулоқоти байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе масъалаи сармоягузорӣ ба тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, мавсум ба САSА-1000, баррасӣ шуд.
Сайёра Абдуалимова, масъули дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, 28-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, рӯзи чоршанбе мулоқоти Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, бо Ҳазрат Умар Заҳилвол, вазири молияи Афғонистон, сурат гирифт, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар татбиқи тарҳи САSА-1000 мавриди гуфтугӯ қарор дошт.
Ба гуфтаи хонум Абдуалимова, зимни мулоқот тарҳҳои дигари муҳими энергетикии минтақаӣ, ба мисли хатти интиқоли барқи 500кВ Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, тарҳи хатти интиқоли барқи 500кВ Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ва тарҳи лӯлаҳои гази миёни ин кишварҳо низ баррасӣ шуданд.
Хатти баландшиддати 1000-мегаватта, мавсум ба CASA-1000, аз Қирғизистону Тоҷикистон то ба Афғонистону Покистон кашида мешавад, ки 750 километр тӯл дорад. Тарҳи мазкур бояд аз тариқи қаламрави Афғонистон Тоҷикистонро бо Покистон васл кунад. Гуфта мешавад, барои иҷрои тарҳи CASA -1000 дар маҷмӯъ зиёда аз 900 миллион доллар зарур аст.
Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири энергетика ва саноат, дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» дар робита ба усули сармоягузории ин тарҳ гуфт: “Ҳоло маслиҳат шудааст, ки ҳамон қисматҳои ин хатти баландшидат аз қаламрави кадом кишваре гузарад, ҳамон давлат бояд ҳазинаи сохтмонро пардохт кунад. Яъне Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ҳар кадом қисматҳои худашонро маблағгузорӣ мекунанд ва ё сарчашмаи сармоягузориро пайдо месозанд.”
Сохтмони қитъаи хатти баландшиддати барқи CASA-1000, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, 270 миллион доллар арзиш дорад ва то ҳол давлати Тоҷикистон сармоягузори аниқи ин тарҳро пайдо накардааст. Танҳо Бонки Осиёи Рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва давлати Русия хоҳиши сармоягузорӣ кардани ин тарҳро изҳор доштаанду халос. Аммо бо ҳеҷ яке аз ин ҷонибҳо давлати Тоҷикистон шартномаи сармоягузорӣ имзо накардааст ва масъалаи маблағ то ҳол муаллақ боқӣ мондааст.
Дар ин росто, бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ аст, кӯшишҳояш барои эҳдоси ин хатти баландшиддати барқ нобаҳангом намудор мешавад.
Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиниси тоҷик дар бахши энергетика, мегӯяд: “Худи Тоҷикистон ҳоло ба камбуди шадиди нерӯи барқ рӯ ба рӯст. Дар ин вазъият сохтмони хатти интиқоли барқ чӣ маъно дорад? То нерӯгоҳи Роғун бунёд нашаваду нерӯи барқи зиёдатӣ истеҳсол нашавад, будани ин хатти интиқоли барқ маъно надорад.”
Аммо тарҳи CASA – 1000 ба ояндае нигаронида шудааст, ки дар он Тоҷикистон ба содиркунандаи асосии нерӯи барқи минтақа табдил меёбад.
Рӯзи панҷшанбеи 28-уми март ин тарҳ, ҳамчунин, дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони умури хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев ва Қазоқистон Ерлан Идрисов низ баррасӣ шуд, ки боз ҳам масъалаи асосӣ ёфтани сармоягузорон барои иҷрои ин тарҳи минтақаӣ буд.