Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон. Нахустин корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ фаъол мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон аз фаъол шудани нахустин корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар ин кишвар дар ояндаи наздик хабар дод.

Рустам Дӯстов, масъули Раёсати литсензионӣ ё иҷозатномадиҳии вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки интизор меравад ин корхона дар айёми ҷашнҳои Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Ба таъкиди Дӯстов, «сохтмони нахустин корхонаи хусусии тавлиди маҳсулоти нафтии «Капитал» дар ноҳияи Шаҳринав ҷараён дорад ва соири таҷҳизоти он аз Русия ворид карда шудааст.

Ин масъули вазорати энергетика ҳарчанд дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани корхона ва мизони маблағгузории он изҳори назар накард, аммо гуфт, сармоягузорӣ ба ин тарҳ тавассути худи соҳибкор сурат гирифтааст.

Рустам Дӯстов мегӯяд, пас аз мавриди баҳрабардорӣ, корхона зарфияти коркарди беш аз 50 ҳазор тонна нафти хом дар солро хоҳад дошт, ки метавонад бензин, маводи сӯхти дизелӣ, мазут ва ғайраро тавлид кунад, ки ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ хоҳад буд.

Аммо ба гуфтаи Дӯстов, бо таваҷҷӯҳ ба кам будани ашёи хом дар худи Тоҷикистон, ашёи хом барои корхонаи «Капитал» аз хориҷ оварда мешавад.Ба ин тартиб бо фаъол шудани нахустин корхонаи тавлиди маҳсулоти нафтӣ, беш аз 120 нафар соҳиби ҷоий кор хоҳанд шуд.

Аммо масъулони вазорати энергетика ва саноат мегӯянд, ки дар оянда имкони афзун кардани иқтидори корхона ва ба ин васила ҷалби бештари коргарон ба ин корхона вуҷуд хоҳад дошт.

Хабарҳо аз мавриди баҳбабардории нахустин корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин кишвар бештари маҳсулоти нафтиашро аз хориҷ, ба хусус Русия ворид мекунад.

Бар асоси созишномаи дуҷонибаи миёни Русия ва Тоҷикистон, интизор меравад, аз моҳи марти соли ҷорӣ ин кишвар дар ҳаҷми 1 миллион тонн маводи нафтиро аз Русия ворид кунад.

Ин созишномаро вазирони энергетикаи Русия ва Тоҷикистон аввали моҳи ҷорӣ дар Маскав ба имзо расонад буданд. Аммо тавофуқ барои ворид кардани маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи гумрукӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта ба даст омада буд.
XS
SM
MD
LG